logo

иқтисод

ХУҶАНД. ОЯНДАРО АЗ ИМРӮЗ БОЯД СОХТ!

Вобаста ба раванди сиёсати молиявӣ дар нимсолаи аввали соли равон иҷрои нақшаи буҷети давлатии шаҳри Хуҷанд 160,7 миллион сомонӣ ва буҷети маҳаллӣ 64,9 миллион сомониро ташкил намуда, мутаносибан 104 ва 105 дарсад таъмин гардиданд. Дар натиҷа аз нақшаҳои пешбинишуда ба буҷети умумӣ 6,2 миллион сомонӣ ва ба буҷети маҳаллӣ 3,1 миллион сомонӣ зиёд маблағ ворид шуд, - иброз дошт Маъруф Муҳаммадзода, раиси шаҳри Хуҷанд.
Раиси шаҳр тазаккур дод, ки сармоягузории хориҷӣ асосан дар соҳаи саноат ва сармояи дохилӣ бошад, бештар дар соҳаи сохтмони манзилию иҷтимоӣ зиёд гардидааст. Айни ҳол, баҳри баланд бардоштани сатҳи хизматрасонии коммуналӣ ва ҳифзи муҳити зист ва некуаҳволии сокинони шаҳр Лоиҳаи инвеститсионӣ оид ба “Идоракунии партовҳои сахти маишии шаҳри Хуҷанд” (марҳалаи дуюм) идома дорад. Маблағи умумии лоиҳа 5910 ҳазор долларро ташкил дода, 3410 ҳазори он грантӣ ва 2500 ҳазор қарзи дарозмуддат мебошад.
Дар самти татбиқи лоиҳаи инвеститсионӣ “Оид ба беҳтар кардани вазъи оби нӯшокии шаҳри Хуҷанд” дар марҳалаи сеюм як қатор корҳо ба сомон расонда шуданд. Ҳаҷми умумии маблағгузории ин лоиҳа 10 030 ҳазор долларро ташкил дода, аз он 3500 ҳазор аз ҳисоби қарзи Бонки аврупоии таҷдид ва рушд, 6530 ҳазор доллар маблағҳои грантӣ мебошанд. То имрӯз марҳалаи як ва ду ба охир расида, марҳалаи сеюм ба наздикӣ оғоз гардид. Давоми нимсолаи аввали соли равон ба маблағи 239,24 ҳазор доллар корҳо ба иҷро расонда шудаанд.
Дар натиҷаи гузарондани корҳои назорати давлатии  истифода ва ҳифзи замин 149  ҳолати қонун-шикании замин дар майдони 11539,4 метри мураббаъ ошкор гардид. Нисбат ба  қонунвайронкунандагон дар асоси моддаи 55-и Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маблағи 71,4 ҳазор сомонӣ ҷаримабандӣ карда шуд.
Назар ба гуфтаи раиси шаҳр, дар натиҷаи фаъолияти мунтазами корхонаҳои саноатӣ дар давоми нимсола ба маблағи 449,6 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 22,1 дарсад зиёд аст. Имрӯз шумораи корхонаҳои саноатии калону миёна ба 154 адад расидааст. Аз ҷониби 5 корхона 2511,2 тонна нахи пахта коркард шуд, ки ин нишондиҳанда дар муқоиса ба ҳамин давраи соли сипаригашта 1334,8 тонна, ё 2,1 маротиба зиёд аст.
Бо мақсади эҳёи ҳунарҳои миллии ниёгон, бо ҷойи кор таъмин намудани занону духтарон, дастгирии рушди ҳунарҳои дастӣ ва кори хонагӣ, қарори раиси шаҳр, аз 21 феврали соли 2017 “Дар бораи таъсис ва ҷудо намудани грантҳои раиси шаҳр оид ба дастгирӣ ва рушди фаъолияти соҳибкории занони ҳунарманд ва эҷодкор барои соли 2017” ба тавсиб расида, соли ҷорӣ 15 гранти мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд барои рушди фаъолияти соҳибкории занони ҳунарманд ва эҷодкор муайян карда шудааст.
Бахшида ба Соли ҷавонон эълон гардидани соли 2017 дар варзишгоҳи “Спартак” ва Муассисаи давлатии “Маҷмааи фарҳангӣ-таърихии “Истиқлол” чорабиниҳои фарҳангӣ таҳти унвони “Ҷавонон-пайрави Пешвои миллат” ташкил ва гузаронда шуд. Ҳамзамон, тибқи қарори раиси шаҳр аз 23 феврали соли 2017, № 91 дар ҳамаи кумитаи маҳаллаҳои шаҳр 22 воҳиди нави корӣ – раиси Шӯрои ҷавонони маҳаллаҳо таъсис ёфта, ҷавонони лаёқатманд ба кор қабул карда шуданд. Мувофиқи нақша-чорабиниҳо ҷиҳати пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои экстремистию террористӣ, роҳ надодан ба никоҳи хешутаборӣ, зӯроварӣ дар оила, тарғиби фарҳангу арзишҳои миллӣ, иҷрои қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” ва “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” бо сокинони маҳаллаҳои шаҳр вохӯрию мулоқотҳои судманд доир гардиданд. Маъруф Муҳаммадзода таъкид бар он дошт, ки мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд дар оянда низ тамоми имкониятҳоро баҳри татбиқи сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  муҳтарам  Эмомалӣ  Раҳмон, таҷлили  пуршукӯҳи 25 - солагии Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон равона хоҳад кард.
Мунаввари САФАР, “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 22.08.2017    №: 177    Мутолиа карданд: 459

21.01.2019


Фестивали байналмилалии «Наврӯз – мероси фарҳангии сайёҳӣ» баргузор хоҳад шуд

"Парасту - 2019" – ҷашнвораи ҷумҳуриявии театрҳои касбӣ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Баргузории ҷашнвораи байналмилалии «Рӯзи барф» дар Калуга

Дар Арабистони Саудӣ ҷалби бонувон ба корҳои ҷамъиятӣ меафзояд

Соли 2018 прокуратураи Қазоқистон ба буҷети кишвар $90 миллион талофӣ кард

Дар Тошканд хазинаи қадима ёфт шуд

Дороии 26 шахси сарватмандтарини дунё ба даромади 3,8 миллиард ниёзманд баробар аст

18.01.2019


Таҳдидҳои асосӣ ба иқтисоди ҷаҳонӣ номбар шуданд

Гумонбари омодасозии ҳамла ба Қасри сафед ба даст афтод

Дар Чин қаллобонро барои фиреб ҳабси абад карданд

29 миллион сом зарари собиқадорони сохта

Ҷаҳон дар як сатр

17.01.2019


Тамдиди шартномаи ФФТ бо "Сомон Эйр"

60 ДАРАҶА ХУНУКӢ ВА ДАВИ 50 - КИЛОМЕТРАИ ЭКСТРЕМАЛИ МОЛДАВӢ

16.01.2019


Пирӯзии мунтахаби Тоҷикистон бар Эрон

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Роҳандозии моратории дусола дар Тоҷикистон

Нақшаи Brexit дар парламенти Британия рад карда шуд

Кремл роҳи ҳалли буҳрони Украинаро пешниҳод намуд

Ифтитоҳи онлайн-донишгоҳ барои гурезаҳо дар Италия

15.01.2019


Ҷаласаи ҷамъбастӣ таҳти раёсати муовини Сарвазири мамлакат

Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Абдулазиз Комилов

Ёдгор Файзов: «Соли 2018 соли таҳкими волоияти қонун дар Бадахшон буд»

ХУҶАНД. 1548 медали варзишгарон дар як сол

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Созишномаи сулҳ – мавзӯи асосии мулоқоти Путин ва Абэ хоҳад шуд

Савдои хориҷии Чин соли 2018 натиҷаи рекордӣ нишон дод

Дар Алмаато гурӯҳи хориҷиёни террорист боздошт шуд

То соли 2024 аҳолии Қирғизистон бо оби ошомиданӣ пурра таъмин мешавад

10.01.2019


Дар Саразм осорхона ва меҳмонхонаи замонавӣ бунёд мешаванд

Вохӯрии Парвиз Давлатзода бо Владимир Норов

Ҷаласаи Шӯрои кор бо ҷавонон

“ГАНҶИ СУХАН” – маҳфили адибпарвар


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед