logo

сиёсат

РАШТ. ҶОНИБДОРӢ АЗ ҲИДОЯТҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БАРАКАТ МЕОРАД

Мардуми меҳнатдӯсти ноҳияи Рашт бо шукргузорӣ аз фазои орому осудаи Ватани азизамон ва сиёсати хирадмандонаю башардӯстонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати ба натиҷаҳои баланди иҷтимоию иқтисодӣ ноил гардидан ҷаҳду талош намуда истодаанд.

Тавассути дастгирии бевоситаи Сарвари муаззами давлат ва тадбирҳои андешидашуда симои ноҳия рӯз ба рӯз дигар мегардад. Соҳаҳои иқтисодию иҷтимоӣ ба тадриҷ рушд ёфта, барои таъмини зиндагии шоистаи сокинони маҳал шароити мусоид фароҳам меояд.  Истеҳсоли маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ сол то сол меафзояд.  Ҳоло ҳаҷми  умумии он ба 142 миллиону 676 сомонӣ баробар шудааст.
Шуғли асосии қисми зиёди аҳолии ноҳия кишоварзист. Дар мавсими кишту кори баҳорӣ дар 2826 гектар ғалладона, 1802 гектар картошка, 430 гектар сабзавот  ва 248 гектар  зироатҳои техникӣ кишт гардида, 73 гектар боғи нав бунёд шуд.  Мавсими ҳосилғундорӣ наздик аст. Аз рӯи таҳлилу ҳисобҳои пешакӣ, имсол ҳосили зироатҳо ва боғот хуб аст ва бо боварӣ гуфта метавонем, ки кишоварзони ноҳия натиҷаи дилхоҳ ба даст меоранд. Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ то имрӯз ба 60 миллиону 792 ҳазор сомонӣ расид, ки дар қиёс ба ҳамин давраи соли сипаришуда 1 миллиону 181 ҳазор сомонӣ зиёд аст.
Фаъолияти корхонаҳои саноатӣ рӯ ба беҳбудӣ ниҳодааст, ки ин барои бо ҷойи кори доимӣ таъмин намудани шаҳрвандон ва нигоҳдории нархи дастраси маҳсулот дар бозорҳо мусоидат менамояд. Корхонаи ордбарории ноҳия, ки бо дастгириҳои бевоситаи Сарвари давлат аз ҳисоби Агентии захираҳои моддии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият дорад, ба масъалаи дастрасии нархи арзони маҳсулоти озуқаворӣ на танҳо барои аҳолии ноҳия, балки барои мардуми ноҳияҳои минтақа хизмат менамояд. 
Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба андозаи 14 миллиону 310 ҳазор сомонӣ расонда шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли сипаришуда 1 миллиону 790 ҳазор сомонӣ ё 14,3 фоиз зиёд мебошад. Корҳои таъмирию сохтмонӣ  имсол дар 28 иншоот ба маблағи 12,9 миллион сомонӣ ба нақша гирифта шуда, то 1 августи соли ҷорӣ  дар ҳаҷми 5 миллиону 300 ҳазор сомонӣ корҳо ба анҷом расидаанд. Аз ҳисоби даромадҳои худӣ нақшаи воридоти андозҳо 100 фоиз иҷро шуда, ба буҷет 7 миллиону 874 ҳазору 176 сомонӣ ворид гардид.
Нақши ҷавонон дар рушди соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи ноҳия назаррас аст. Соли ҷавонон эълон гардидани соли 2017 ҷавонони ноҳияи моро низ рӯҳбаланду болидахотир гардонда, онҳоро муваззаф намуд, ки баҳри рушду шукуфоии кишвар масъулияташонро дучанд намоянд. Вобаста ба нақшаи тадбирҳои таҳияшуда ҳоло дар байни ҷавонон тадбирҳои гуногуни оммавии ободонӣ, ташкилию фарҳангӣ ва варзишӣ  роҳандозӣ гардида истодаанд. Саҳмгирии ҷавонон дар рушди иқтисодию иҷтимоии ноҳия бори дигар собит сохт, ки ҷавонони мо ҳамчун пайравони Пешвои миллат дар корҳои ободонию созандагӣ ва таъмини амнияти кишвар фаъолона талош меварзанд.
Соҳибкасб намудани занону духтарон ва ба корҳои давлатию ҷамъиятӣ ҷалб намудани онҳо дар меҳвари таваҷҷуҳи Президент, Ҳукумати мамлакат ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия қарор дорад. Дар ноҳия шумораи занону духтарон 59343 нафарро ташкил медиҳад. Аз ин шумора дар соҳаи маориф 314, фарҳанг 56, тандурустӣ 387 ва корҳои мавсимӣ, аз ҷумла кишоварзӣ, беш аз 5000 нафар фаъолият менамоянд. Бо мақсади ҷалби бонувон ба ҳунарҳои мардумӣ беш аз 30 нафар занону духтарон дар корхонаҳои дӯзандагии «Чевар», «Бону»  ва «Зуҳал» бо кори доимӣ таъмин шуданд. Ҳамчунин, дар ҷамоатҳои шаҳраки Ғарм ва деҳоти Қалъанак  ду гурӯҳи омӯзишӣ ташкил шудааст ва дар онҳо 32 нафар бонувон ба омӯзиши адрасбофӣ  ва дигар ҳунарҳои дастӣ  фаро гирифта шудаанд. Дар назди литсейи касбӣ - техникии ноҳия маркази омӯзиши қолинбофӣ таъсис ёфта, 15 бонуи дигарро ба омӯзиш фаро гирифт.
Дар ҳудуди ноҳия 111 муассисаи таълимӣ, 83 муассисаи тандурустӣ ва 64 муассисаи фарҳангӣ фаъолият намуда, дар онҳо беш аз 3000 шаҳрвандон бо ҷойи кор таъминанд. Фаъолияти муассисаҳои мазкур дар меҳвари таваҷҷуҳи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия қарор дошта, зиёда аз 78,5 фоизи маблағҳои буҷети маҳаллӣ барои кори пурсамари онҳо равона гардидааст.
Таҷлили 10 - солагии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»  ва лоиҳаи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба ин қонуни миллӣ аз ҷониби сокинони ноҳия хуб пазироӣ гардид. Ҳамчун узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  аз ҳавзаи ноҳияҳои водии Рашт бо фаъолони ин ноҳияҳо вобаста ба ин масъала вохӯриҳо гузаронда, бо итминони комил гуфта метавонам, ки  мардум ҳаётан муҳим будани қонуни мазкур ва  дастуру раҳнамоиҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро  вобаста ба танзими ҷашну маросимҳо пурра дарк ва ҷонибдорӣ менамоянд.
Бо талошҳои Ҳукумати кишвар ва дастгириҳои бевоситаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон офатҳои табиӣ, аз қабили фаромадани сел дар 6 деҳа ва хатари зериобмонии заминҳои соҳили дарёи Сурхоб дар Ҷамоати деҳоти Ҷафр сари вақт бартараф карда шуданд.
Дар нимсолаи аввали соли равон қариб ҳамаи нақшаҳо ва ҳадафҳо бо нишондодҳои хуб ҷамъбаст гардиданд. Бо боварии комил гуфта метавонам, ки сокинони меҳнатқарини ноҳияи Рашт бо ҳисси баланди ватандӯстӣ  ва масъулиятшиносӣ заҳмату ҷонбозиҳо ва дастгирию ғамхориҳои бемисли фарзанди барӯманди миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро қадр карда, баҳри таҳкими ваҳдати миллӣ ва ободию шукуфоии кишвар талош меварзанд.
Лоиқзода Қаноатшо ХОЛИҚ,
раиси ноҳияи Рашт


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 22.08.2017    №: 177    Мутолиа карданд: 303

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед