logo

иқтисод

КӮЛОБ. КОРХОНАҲОИ ДӮЗАНДАГӢ БА ДАСТГИРӢ НИЁЗ ДОРАНД

Сабаби аз фаъолият бозмондани  корхонаҳои саноатии шаҳри Кӯлоб дар чист? Чунин буд мағзи асосии мақолаи таҳлилии «Кӯлоб. Аксар корхонаҳои саноатӣ фаъолият надоранд, чаро?» («Ҷумҳурият», 3 июни  соли 2017, № 114 - 117). Ва дар хулоса таъкид шуда буд, ки  рӯзнома ин масъаларо пайгирӣ хоҳад кард.

Дар намоишгоҳи ҶДММ «Кооператор» - и шаҳри Кӯлоб  либосҳои мактабӣ,  бахусус шиму костюмҳои овезони гуногунҳаҷмро дида, бо сарвари корхона Гулсунбӣ Иброҳимова оид ба  фаъолияти истеҳсолӣ ва дастоварду мушкилоташон суҳбат оростем.
- Ду сол пеш  аз ҷониби шуъбаи маориф дар бораи дӯхтани либосҳои мактабӣ фармоиш гирифтем, аммо мисли имрӯз дӯзандаҳои ҳунарманди бахши шиму костюм надоштем. Ин ҳолат водор намуд, ки дӯзандаҳоро аз хориҷи кишвар даъват намоем. Туфайли дастгирии онҳо барои бачаҳо шиму костюми зиёде дӯхтем, вале фармоишгарон ба қавлашон истодагарӣ накарданд. Бо ҳамин сабаб қисмати зиёди маҳсулоти тайёр, ба амсоли ҳамин шиму костюмҳо,  ҳоло ҳам дар анборанд. Ҳамин ҳолат корхонаи навтаъсиси моро ба вартаи муфлисӣ овард. Боиси таассуф аст, ки бо иллати ба шакли мавсимӣ фаъ-олият кардан ҳоло ҳам дӯзандагони шиму костюм надорем. Алҳол шароити молиявии корхона тақозо  мекунад, ки дар баробари фармоишҳои барвақтӣ, инчунин, маблағҳои он низ пешпардохт гарданд. Ба ин васила мо метавонем аз фаъолияти мавсимӣ ба  доимӣ гузашта, вазъи молиявиамонро беҳ намоем. Гуфтаниам, ки имрӯз мо, соҳибкорони маҳаллӣ,  барои фаъол намудани корхонаҳои хеш дар арсаи  рақобатҳои шадиди иқтисоди бозоргонӣ ба дастгирию ҳамкориҳои ҳамдиёрон бештар ниёз дорем, - гуфт ӯ.
Роҳбари ҶДММ «Мунаввар-М» - и шаҳр  Нигина Бобоева дар шарҳи фаъолияти  корхона чунин гуфт:
- Корхона 5 сол қабл дар вазъи тантанавӣ мавриди истифода қарор гирифт. Фармоишгаронамон  муассисаҳои таълимианд ва ҷойи таассуф аст, ки онҳо фармоишҳои худро хеле дер манзур менамоянд. Ба ин сабаб имкон пайдо карда наметавонем, ки дар давоми як ё якуним моҳ аз уҳдаи иҷрои фармоишҳо ба пуррагӣ  бароем. Ҳоло 13 нафар бону машғули дӯхтани либосҳои духтаронаанд, аммо барои дӯхтани либосҳои бачагона мутахассис надорем. Агар  маъракаи додани  фармоишҳо дар давоми сол ба таври мунтазам роҳандозӣ гардад, боварӣ дорам, ки сатҳи касбии дӯзандаҳо даҳчанд боло мераваду маҳсулотамон рақобатпазир мегардад.
«Алишер АСК»-и ноҳияи Восеъ низ ба айни ҳамин ҳол рӯбарӯст. Ба гуфтаи сарвари муассиса Қурбонбӣ Ниёзова, корхона аз моҳи октябр то июл фаъолият надошт. Дар ин ҷо имкони пурраи дӯхтани либосҳои мактабӣ, бахусус шиму костюм, мавҷуд аст. Аз бино то дастгоҳҳои истеҳсолии корхона ҳама замонавӣ ва технологияи муосиранд. 20 нафар занону духтарон ройгон дар корхонаи дӯзандагии «Ёқут-2000» - и шаҳри Душанбе тайи 3  моҳ  таҷриба андӯхтанд ва усули кор бо дастгоҳу технологияҳои навро омӯхтанд. Алҳол корхона 130 дастгоҳи замонавии дӯзандагӣ дорад ва дар сурати аз ҷониби масъулон дастгирӣ ёфтан метавонад аз уҳдаи дӯхтани либос барои хонандагони ноҳия, ки беш аз 44 ҳазор нафарро ташкил мекунанд, пурра барояд.
- Фармоишҳо дар моҳи июл оғоз ёфтанд. Оё дар як муддати кӯтоҳ аз рухсатии бемузду бемуҳлат даъват намудану  ба кор сафарбар кардани коргарон ва бидуни омодагӣ ба иҷрои фармоишҳо оғоз намудан осон аст? Бо ҳамин иллат рафти иҷрои фармоишҳо имрӯз ҳамагӣ 3,6 фоизро ташкил мекунад. Ба андешаи ман, маҳсулоти корхонае, ки фаъолияти мавсимӣ дорад, ҳеҷ гоҳ рақобатпазиру самаровар намегардад, - изҳор намуд Қурбонбӣ Ниёзова.
Корхонаҳои дӯзандагии «Гулдастон» ва «Меҳри модар» -и ноҳияи Темурмалик то 3 август фармоиши  муассисаҳои таълимии ноҳияро ягон дарсад иҷро накардаанд. Дар ин самт нисбатан корхонаҳои дӯзандагии «Само», «Машҳура» ва «Сабр-2016» - и ноҳияи Фархор фаъолтаранд. Онҳо якҷо нақшаи фармоиши муассисаҳои таълимии ноҳияро 38 дарсад иҷро кардаанд.
Ҳоло шумораи корхонаҳои дӯзандагии минтақа ба 14 расидааст, фармоишгаронашон бе шумули 247897 хонанда муассисаҳои таълимианд. Дар сурати дар давоми сол ба ҳар нафар хонанда дар ҳаҷми миёнаи 200 сомонӣ либос омода кардан корхонаҳо қариб 50 миллион сомонӣ даромади умумӣ ба даст меоранд. Ин хулосаи дар назар ниҳоят одӣ маънои фаъол гардидани корхонаҳои дӯзандагӣ, таъсис ёфтани садҳо ҷойи  нави корӣ ва инчунин, афзудани буҷаи маҳалро дорад. Пас, месазад, ки моли ватаниро аз воридотӣ авлотар донем ва соҳибкорони маҳаллиро дастгирӣ намоем, сари вақт фармоиш диҳем. Ин аст ватандӯстӣ ба хотири шукуфоии диёр! То кай ғояи «Моли бегонаи воридотӣ беҳтар аст»- ро, ки ҳам майнаҳоро гиҷ ва ҳам иқтисоди кишварро заиф месозад, парастем? 
Темуршоҳи ФАЙЗАЛӢ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 23.08.2017    №: 178-179    Мутолиа карданд: 344

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед