logo

иҷтимоиёт

ТАЪМИРИ ТЕЛЕФОН. ПЕШИ РОҲИ МАРДУМФИРЕБИРО КӢ МЕГИРАД?

Дар  шаҳру навоҳии мамлакат, хусусан дар пойтахт, таъмири телефони мобилӣ як ҷузъи муҳими муносибатҳои савдо ва хизматрасонӣ гардидааст.  Аз рӯйи  таҷрибаи аксари одамон бештари телефонҳои мобилӣ  тақрибан баъди  ду соли истифода нуқс пайдо намуда, таъмирталаб мегарданд. Дар кишвари мо  зиёда аз 5 миллион истифодабарандаи телефони мобилӣ ба қайд гирифта шудааст. Агар соле аз чор як ҳиссаи онҳо  барои таъмири телефон ба устоҳо муроҷиат намоянд, ин тахминан рӯзе беш аз 3 ҳазор нафарро ташкил медиҳад.  Аммо аз  фиребгарию кори бенизоми таъмиргарони телефонҳои мобилӣ  маблағи зиёд аз дасти шаҳрвандон барабас  мераваду бо вуҷуди ин сарсонии онҳо хотима намеёбад. Ин ҳолати ногувор зарбаи сахтест ба иқтисоди ҳар оила.
«Усто, телефони ман кай соз мешавад? Як ҳафта  аст,  ки пеши дукони шумо омада меравам. Ман барои таъмири телефонам пули зиёд додам,  аммо ҳафтае нагузашта,   боз аз кор монд…» ҳарфҳоеанд, ки  дар ҳар як нуқтаи  таъмири телефони мобилӣ, аз ҷумла дар маркази савдои «Садбарг», аз забони  корафтодагон зиёд шунида мешаванд. Аммо то ҳанӯз аз ҷониби ташкилоту идораҳо доир ба ҳалли ин  масъалаи муҳим, ки боиси саргардонию харҷи зиёди шаҳрвандон аст,  низоме роҳандозӣ нагардидааст. Рӯз ба рӯз  арзу доди мардум аз фиребгарию кори бенизоми устоҳои телефон меафзояд.
Мансури Абдуғаффор,  сокини пойтахт,  барои таъмири телефонаш ба устоҳои телефони мобилии  ошёнаи якуми маркази савдои «Садбарг» муроҷиат намуда, се маротиба аз дасти онҳо фиреб хӯрдааст.  Ҳарчанд  ӯ телефонашро ҳамагӣ 4 моҳ пеш  бо маблағи 2, 5 ҳазор сомонӣ харида буд, пас аз «таъмир» - и чандкаратаи  устоҳои ин марказ онро дигар истифода карда натавонист. 
- Вақте бори аввал  телефонамро дар ин марказ таъмир намудам, усто аз ман 150 сомонӣ ҳаққи хизмат гирифт. Аммо ҳафтае нагузашта телефонам боз аз кор монд. Маротибаи дуюм ба ин ҷо рафтам,  усто набуд. Дар қатори дукони ӯ  каси дигар бо маблағи 100 сомонӣ телефонамро бори дуюм таъмир намуд, ки  бо гузашти се рӯз он дигарбора  вайрон гардид. Дафъаи сеюм низ ба ин ҷо рафта, телефонамро  бо арзиши 50 сомонӣ таъмир намудам. Ин маротиба низ телефонам дер напоид ва корношоям шуд. Онро ба партовгоҳ партофтам. Аз чанд бор ба ин маркази савдо рафтанам маълум гашт, ки сатҳу сифати хизматрасонии  таъмиргарони телефони мобилӣ дар ин ҷо аз ҷониби касе  назорат намешавад. Ҳамчунин, маълум нест, ки онҳо ихтисоси устои телефони мобилиро дар кадом донишкада ё омӯзишгоҳ омӯхтаанд.  Аз ин рӯ, онҳо  барои   босифат анҷом додани  хизматгузории хеш  масъулияте эҳсос намекунанд, - гуфт ӯ.
Илҳомҷон Атоев, муовини аввали раиси Хадамоти алоқаи  назди Ҳукумати ҷумҳурӣ, зимни нишасти матбуотӣ,  моҳи июли соли равон  изҳор дошт,  ки  давоми нимсолаи гузашта  доир ба танзиму назорати таъмири телефон дар мамлакат аз ҷониби кормандони хадамот гурӯҳҳои корӣ ташкил ёфта, дар нуқтаҳои таъмири телефонҳои мобилӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ бурда мешаванд. Аз мушоҳидаҳо бармеояд, ки дар ҳақиқат,  танзими таъмири телефонҳои мобилӣ масъалаи ҳалталаб мебошад. Мувофиқи тағйиру иловаҳои навбатӣ ба қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар соҳаи алоқа ҳалли масъалаи номбурда дар назар аст. Айни замон тибқи  моддаи 17 – и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи алоқаи барқӣ» воситаҳои радиотехникӣ ва алоқа дар асоси иҷозатномаи хадамот бояд ба фурӯш гузошта шаванд. Дар ҳолати ба талаботи техникӣ ҷавобгӯ  набудани телефони мобилӣ ё таҷҳизоти он сертификати нуқтаи фурӯши чунин воситаҳо аз эътибор соқит карда мешавад.
Ҳарчанд масъулони Хадамоти алоқа дар нуқтаҳои таъмири телефонҳои мобилӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ роҳандозӣ намоянд, кори бенизому хизматрасонии пастсифати чунин марказҳо зиёд мушоҳида мегардад ва мисли пештара  идома дорад. Дар  бисёри маврид таъмиргарони телефонҳои мобилӣ ба корафтодагон хизмати хирсона мерасонанд.  Аз сабаби малакаи пасти тахассусӣ онҳо ба ҷойи бартараф сохтани нуқси техникии воситаҳои алоқа  мушкилоти онро дучанд менамоянд. Арзиши баланде, ки онҳо барои ҳаққи хизматгузорӣ ва насби таҷҳизот  мегузоранд, маълум нест, ки бар чӣ асос ёфтааст? Он чӣ гуна  муайян гардидааст? Оё дар дохили ҳаққи хизматрасонии таъмири телефон пардохти андози давлат ба инобат гирифта шудааст? Таҷҳизоте,  ки ба телефони мобилӣ ҳангоми таъмир насб мегардад, сертификати мутобиқат дорад?  Суолҳоеанд, ки аз масъулон посух мехоҳанд!
Ташрифулло САЪДУЛЛОЕВ,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 23.08.2017    №: 178-179    Мутолиа карданд: 378

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд

Мулоқоти Зубайдулло Зубайдзода бо Амал Муҷрин ал - Ҳамад

Конференсияи гиромидошти Бобоҷон Ғафуров

Путин ва Абэ дар асоси қатъномаи соли 1956 гуфтушунид хоҳанд кард

Таҳлилгарони Nomura сустшавии суръати рушди иқтисоди ҷаҳониро пешгӯӣ намуданд

Frontex: ба Аврупо омадани гурезаҳо 31 дарсад коҳиш ёфт

Назарбоев соли 2019-ро Соли ҷавонон эълом дошт

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ

Ҷамъоварии $482 миллион ба ёрии мардуми Ироқ

Назарбоев ташкили Созмони амнияти дастаҷамъии Осиёро пешниҳод дорад

Ҷонибдории Ангела Меркел аз ташкили артиши ягонаи аврупоӣ

Дар Тошканд Ҳафтаи соҳибкории глобалӣ шурӯъ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН – 2018. Иштироки се бонуи муштзани тоҷик

БОНКИ МИЛЛӢ. Иқдоми наҷиб

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд

Аврупо дар бозёбии партовҳои уран дар Тоҷикистон саҳм мегирад

Москва аз ҷумлаи даҳ шаҳри беҳтарини дунёст

Гунаҳгорони ҳалокати 52 ӯзбекистонӣ зиндонӣ шуданд

Чин дар ҷаҳон калонтарин воридкунандаи газ

Ҷаҳон дар як сатр

ҚУБОДИЁН. 48 медали варзишгарон дар нуҳ моҳ

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед