logo

иқтисод

НОҲИЯИ ТЕМУРМАЛИК. СОКИНОН БА РАИСИ ВИЛОЯТ ЧӢ ГУФТАНД?

- Солҳост, ки дар назди дарёи Сурхоб ба сар мебарем. Оби пуртуғёни ин дарё ба хонаҳои мо таҳдид мекунад. То имрӯз дар натиҷаи баландшавии сатҳи оби дарё 2,5 километр роҳ хароб гардида, даҳҳо гектар зироати мардум нобуд шудааст.

Раҳматулло Саъдуллоев, сокини Ҷамоати деҳоти Бобоюнуси ноҳияи Темурмалик, бо арзи ин матлаб дар ҳузури Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода, раиси вилояти Хатлон, хоҳиш кард, ки сохторҳои дахлдори давлатӣ дар бартараф намудани ин мушкил ва аз байн бурдани таҳдиду зиёни обхезӣ ба сокинони наздисоҳилӣ ёрӣ расонанд. Дидор ва суҳбати ошкорои сокинони ноҳияи Темурмалик бо раиси вилоят дар ҳоле иттифоқ афтод, ки рӯзи 19 август Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода ба манзури қабули шаҳрвандон ба ин ноҳия омад.
Раиси вилоят дар иртибот ба муроҷиати ин шаҳрванд вуҷуди чунин мушкилро эътироф кард. Роҳбарони мақомоти марбутаи давлатӣ муваззаф шуданд, ки дар ҳалли ин мушкилот чораҷӯӣ намуда, харҷи умумии соҳилбандии дарёро муайян ва ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон пешниҳод намоянд.
Дар идомаи гуфтугӯ пешниҳодҳои сокинон, аз ҷумла Гулсунбӣ Турдиева ҷиҳати дастрасии мардуми ноҳияи Темурмалик ба мавҷи телевизиони вилоятии «Хатлон», Нурулло Ҳамидов оид ба бунёди мактаб дар деҳаи Даҳаи Намаки ноҳия мавриди баррасӣ қарор гирифт. Зикр гардид, ки то кунун хонандагони деҳаҳои Фалҳобод ва Даҳаи Намаки ноҳия дар як мактаб таҳсил мекунанд, ки соли 1970 бунёд шудааст. Ҷои нишаст дар ин мактаб барои хонандагони ду деҳа намерасад. Зимнан, хонандагони деҳаи Даҳаи Намак, ки 370 нафаранд, 2,5 километр роҳро тариқи шоҳроҳи мошингард тай карда, ба мактаби № 15 – и деҳаи Фалҳобод мерасанд. Аз ин рӯ, дастур дода шуд, ки барои бунёди мактаби нав дар ин деҳа чораҷӯӣ шавад.
Зимнан, раиси вилоят аз намоиши либосҳои мактабӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, аз ҷумла атласу адрасбофӣ ва чакандӯзии занону духтарони маҳаллӣ дидан карда, ба масъулон дастур дод, ки барои таъмини пурраи хонандагони мактабҳои миёна бо либоси ягонаи мактабӣ ва риояи фарҳанги либоспӯшии миллӣ таваҷҷуҳи бештар зоҳир намоянд. Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода дар мулоқот бо сокинон, ҳамчунин, ба татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» мароқ зоҳир намуда, назорати иҷро ва риояи муқаррароти онро аз ҳамагон тақозо намуд.
Лашкар ШАРИФ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 23.08.2017    №: 178-179    Мутолиа карданд: 400

21.02.2019


ХУҶАНД. Оғози сохтмони бинои нави «Тоҷикстандарт»

ФУТБОЛ. Тақвими бозиҳои тими мунтахаби олимпии кишвар муайян гардид

Табибон аз Тотористон бо ҳампешаҳои тоҷики худ мубодилаи таҷриба мекунанд

Роҳандозии лоиҳаҳои инноватсионӣ дар Қазоқистон

Дар Ҳиндустон 13 иштирокдори тӯй зери чархи мошини боркаш монд

Сӯхтор сабабгори марги ҳафт кӯдак дар Канада

Ҷаҳон дар як сатр

19.02.2019


МАКТАБИ ДАВЛАТДОРИИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН. ЯК ҲАМОИШИ МУҲИМ

Баррасии масъалаҳои рушди сайёҳӣ

Вохӯрии Низомиддин Зоҳидӣ бо Мазен Шамия

Дурнамои рушди муносибатҳо матраҳ гардид

ҶОМИ КУШОДАИ АВРУПО. Муҳаммадризо Қувватов медали биринҷӣ ба даст овард

Авҷи ниҳолшинонӣ

Саҳми соҳибкорон дар ободии деҳот

Ҳамкории тиҷоратию иқтисодии Чин ва Россия густурдатар мегардад

Сарвар Дониш: «Музокироти сулҳ бидуни ҳукумат қурбе надорад»

«Туҳфаи шоҳона» - и Арабистони Саудӣ ба шаҳрвандони Покистон

Дар Қазоқистон маркази амнияти иттилоотӣ ифтитоҳ меёбад

Сокини навраси Шимкент ду нафарро аз сӯхтор наҷот дод

Ҷаҳон дар як сатр

18.02.2019


Боздиди Азим Иброҳим аз ҷараёни корҳои сохтмонӣ

ВКД Ҷиноятҳо 83,6 дарсад ошкор шуданд

Вазорати молия. Барои дастгирии буҷет маблағи бештар ҷалб хоҳад гашт

«BISHKEK OPEN – 2019». Дурахши каратэ-дочиёни навраси тоҷик

«МОҲИЯТ ВА ТАЪЙИНОТИ МАТБУОТИ МАҲАЛЛӢ»

РОҒУН. Ободонӣ вусъат меёбад

АНДОЗ. Нақша 100, 6 дарсад иҷро гардид

ТОҶИКИСТОНУ ӮЗБЕКИСТОН. Гардиши савдо ду баробар афзуд

Тоҷикистон миёни кишварҳои ИДМ ба афзоиши баландтарини ММД муваффақ гашт

Дар Тошканд конфронси байналмилалӣ оид ба Осиёи Марказӣ баргузор мегардад

Қасри сафед: "Музокироти тиҷоратӣ дар Пекин ба пешравӣ мусоидат кард"

Трамп мехоҳад ҷангиёни «Давлати исломӣ» - ро ба Аврупо барои суд кардан баргардонад

Кумитаи амнияти иттилоотии Қазоқистон беш аз 90 сомонаи хавфнокро ошкор сохт

Ҷаҳон дар як сатр


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед