logo

сиёсат

МАФКУРАИ ЗИДДИТЕРРОРИСТӢ ВА НАҚШИ ОН ДАР МУБОРИЗА БО ИФРОТГАРОӢ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо роҳбарону фаъолон ва сокинони ноҳияи Бохтари вилояти Хатлон, 16 августи соли равон, таваҷҷуҳи иштирокдоронро дар баробари дигар масъалаҳои ҳаётан муҳими ҷомеа, ба фаъолшавии унсурҳои тундраву ифротгаро бо истифода аз шабакаҳои иҷтимоӣ, хатари ҷалби ҷавонон ба сафи созмонҳои экстремистию террористӣ ва иштироки онҳо дар низоъҳои мусаллаҳонаи давлатҳои хориҷӣ ҷалб сохтанд.

Пешвои муаззами миллат таъкид карданд, ки солҳои охир доираҳои муайяни манфиатҷӯй ҳаракату гурӯҳҳои экстремистиву террористиро маблағгузорӣ ва ба иҷрои нақшаҳои хатарноки худ сафарбар карда истодаанд. Дар натиҷа вазъи як қатор кишварҳои минтақа ва ҷаҳон ноорому буҳронӣ гардида, ҳатто истиқлолият, тамомияти арзӣ ва сохтори давлатдории онҳо зери хатари ҷиддӣ қарор гирифтааст.
Дар Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо мубориза бар зидди ҷиноятҳои марбут ба терроризму экстремизм таҳти назорати ҳамарӯзаи мақомоти дахлдор қарор дошта, бо мақсади ошкор ва пешгирӣ кардани ҳолатҳои шомилшавии шаҳрвандони кишвар, бахусус, ҷавонон ба гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ ва иштироки онҳо дар муқовиматҳои мусаллаҳонаи кишварҳои хориҷӣ ҳамаи чораҳои зарурӣ амалӣ гардида истодаанд. Масалан, дар панҷ соли гузашта аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар ноҳияи Бохтар 48 ҷинояти хусусияти террористӣ ва экстремистидошта ошкор ва нисбат ба шахсони гунаҳгор парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз карда шудаанд. Тибқи маълумоти расмӣ дар ин давра 95 сокини ноҳия, ки аз ин 35 нафараш ҷавонон мебошанд, бо мақсади иштирок дар амалиётҳои ҷангӣ ба кишварҳои хориҷӣ рафта, ба гурӯҳҳои террористӣ шомил гардидаанд.
Коршиносон бар ин назаранд, ки барои пешгирии таҳдиду хатарҳои ҷаҳони муосир навиштани матлабҳои таҳлилӣ ва омодасозии барномаҳои радиоию телевизионӣ дар бораи зарари баъзе шабакаҳои иҷтимоӣ ва ба намоиш гузоштани чеҳраи аслии террористон, ки бо шиорҳои дурӯғин ва фиребанда по ба майдон гузоштаанд, инчунин, нишон додани оқибати касоне, ки фиреби онҳоро хӯрдаанд, манфиатбахш аст. Ҳамзамон, ҷомеаи шаҳрвандӣ бояд фаъол шавад, ҳузури ҷавонони огоҳу ватандӯст дар шабакаҳои иҷтимоӣ пуррангтар гардад, то онҳо бо ҳамсолони худ бо забони ҳам суҳбат кунанд, оқибатҳои фалокатбори нақшаву ниятҳои гурӯҳҳои даҳшатафкану ифротгароро бо мисолҳои мушаххас фаҳмонанд. Дар ин росто, таҳкими пояҳои ахлоқии ҷомеа, рушди тафаккури миллӣ, баланд бардоштани сатҳи маърифати динию ҳуқуқии шаҳрвандон, арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ, ҳифзи дастовардҳои Истиқлолияти давлатӣ бояд ба ҳеҷ ваҷҳ аз мадди назар дур наравад ва дар меҳвари фаъолияти ниҳодҳои дахлдор, дар маҷмӯъ аҳли ҷомеа қарор гирад.
Пешвои муаззами миллат дар мулоқот бо роҳбарону фаъолон ва сокинони ноҳияи Бохтар Вазорати корҳои дохилӣ, Прокуратураи генералӣ, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, кумитаҳои ҷавонон ва варзиш, оид ба корҳои занон ва оила, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия, роҳбарони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, падару модарон, аҳли маориф ва зиёиёну фаъолонро муваззаф сохтанд, ки барои пешгирӣ ва рафъи чунин ҳодисаҳои номатлуб ва доғдоркунандаи номи неки миллат ва давлати тоҷикон корҳои фаҳмондадиҳиро дар байни мардум, махсусан наврасону ҷавонон, тақвият бахшанд.
Воқеан, дар ҳоле ки вазъи ҷаҳони муосир бо авҷи амалҳои террористиву тавсеаи фаъолияти гурӯҳҳои ифротгаро торафт печидатар мегардад, ин амр дар роҳи ҷилавгирӣ аз шомилшавии шаҳрвандони Тоҷикистон ба созмону гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ ва ҳифзи амну осоиштагии кишвар муассиру корсоз хоҳад буд.
Додоҷон РӮЗИЕВ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 23.08.2017    №: 178-179    Мутолиа карданд: 484

03.05.2019


 ТАВСЕАИ ҲАМКОРИҲОИ СОХТОРҲОИ ГЕОЛОГИИ ТОҶИКИСТОНУ ӮЗБЕ-КИСТОН

 МУЛОҚОТИ ИСМАТУЛЛО НАСРЕДИН БО МЕҲР ХОЛИД

 ФИЛМИ «ТАНГНО» АЗ ҚАЗОН БО ҶОИЗА БАРГАШТ

 ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ФАЪОЛИЯТИ ОПЕРАТОРИ НИЗОМИ ПАРДОХТӢ

 ЁВОН. БУНЁДИ 341 ИНШООТ ТО ҶАШНИ ФАРХУНДА

 ВАРЗОБ. ФАРДО АЗ ИМРӮЗ ЗЕБОТАР ХОҲАД ШУД

 ОЛМОН ЗИДДИ ВУРУДИ НИЗОМИЁН БА ВЕНЕСУЭЛА

 ДАР ҲИНДУСТОН АЗ ХАТАРИ ТУНДБОДИ «ФАНИ» БЕШ АЗ 800 ҲАЗОР НАФАР КӮЧОНДА ШУД

 ПАРЛАМЕНТИ ҚИРҒИЗИСТОН КОРКАРДИ КОНҲОИ УРАНРО БОЗДОШТ

 ДАР ТУРКМАНИСТОН НАРХИ ЧИПТАИ ҲАВОПАЙМОҲО ДУ БАРОБАР БОЛО РАФТ

ТУРКИЯ СЕЮМ КИШВАРИ САБЗТАРИНИ ДУНЁ ЭЪТИРОФ ШУД

02.05.2019


 Ҳадияи раиси шаҳр ба ифтихори 74 – умин солгарди Рӯзи Ғалаба

 Мулоқоти Хусрав Нозирӣ бо Муҳаммад ибни Абдураҳмон

 Баррасии фаъолияти ҳуқуқэҷодкунӣ дар кишвар

 ҶОМИ КФО. Пирӯзии «Истиқлол» бар «Дордой»

 Баргузории мизи гирд доир ба дипломатияи мардумӣ дар Тошканд

 Ҷонибҳои тақобули Сурия қисме аз масоили баҳсиро ҳал намуданд

 ЮНИСЕФ: "Беш аз 2 миллион нафар мардуми Ангола аз хушксолӣ дар азоб аст"

Дар Ҷопон давраи нави Рэйва оғоз ёфт

 Ҷаҳон дар як сатр

01.05.2019


Ноболиғони тоҷик ба Ватан баргардонда шуданд

Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Ҳамад Солим

Рушди иҷтимоиву иқтисодии минтақаҳои кишвар матраҳ гардид

Се собиқадори тоҷик дар паради Ғалаба дар Москва ва Санкт - Петербург ширкат мекунанд

Дар Венесуэла исён зидди ҳукумат бебарор анҷом ёфт

Дар Либия 345 нафар қурбони бархӯрди мусаллаҳона гашт

Истеҳсоли рекордии чой дар Кения

Дар Париж ба барҷастатарин занҳои олим арҷгузорӣ намуданд

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

23.04.2019


ДЗЮ – ДО. Медали нуқраи Темур Раҳимов аз Чемпионати Осиё

Тиб. Муваффақияти камназири ҷарроҳони рус

Пирӯзии Зеленский дар интихоботи Украина

Фоҷиа дар Шри-Ланка Теъдоди қурбониён ба 300 нафар расид

Лукашенко Россияро ҳомии истиқлолияти Беларус номид


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед