logo

иқтисод

"БЕШАИ ПАЛАНГОН": ИМКОНИЯТҲО ЗИЁДАНД, ФОИДА ЧӢ?

Мамнӯъгоҳи давлатии «Бешаи палангон» имконияти ба буҷети давлат ворид кардани миллионҳо сомониро дорад. Чӣ гуна?
Дар кишварҳои пешрафтаи Олмон ва Фаронса механизме мавҷуд аст, ки тавассути он бахши экология аз ҷиҳати иқтисодӣ идора ва танзим карда мешавад. Ин механизми идоракунии иқтисодии экологӣ мебошад. Дар сурати дуруст иҷро кардани талаботи он сатҳи зиндагии аҳолии деҳот беҳтар гардида, ҷойҳои нави корӣ пайдо мешаванд.
«Бешаи палангон» дорои захираи бузурги набототу ҳайвонот мебошад. Дар мамнуъгоҳ дар як сол тақрибан 300 шохи ҳайвон бароварда мешавад, ҳамчунин, пӯст ва дигар пасмондаҳо. Ба кор андохтани механизми зикршуда талафёбии шох ва пӯстро ба танзим дароварда, даромади хуб меорад. Масалан, барои рушди саноати доруворӣ шохи гавазн коркард гардида, хокаи махсуси табобатӣ истеҳсол карда мешавад. Чиниҳо аввалин шуда аз хокаи шохи гавазн ва оҳу дору ва дигар иловагиҳо барои хӯрок истеҳсол кардаанд. Айни замон онро ҳамчун беҳтарин воситаи дарозумрӣ, мустаҳкамсозии ирода ва устуворӣ ба ҳама намуди беморӣ, ғайр аз ин, табобати касалиҳои узвҳои ҳозима, ҷигар, гурда ва тоза кардани хун самаранок истифода мебаранд. Дар кишварҳои Осиёи Марказӣ шохи хушккардашудаи гавазн ва оҳу нархи гарон дорад. Шох, махсусан шохи ҳайвоноти нодир, ҳамчун маводи ороишӣ низ истифода бурда мешавад ва таваҷҷуҳи сайёҳони дохилию хориҷӣ ба он зиёд аст. Коркарди рустаниҳо ва гиёҳҳои шифобахш - шираи камол ва ширинбия низ баманфиат хоҳад буд.
- Аз мамнуъгоҳи давлатии «Бешаи палангон» гирифтан ва истифода кардани хошок манъ аст, - гуфт Убайдулло Акрамов, муовини директори муассисаи давлатии ҳудудҳои махсус муҳофизатшавандаи Агентии ҷангали назди Ҳукумати ҷумҳурӣ. – Шикор ва истифодаи шох, пӯст ва ҳатто дандони ҳайвон дар истеҳсолот танҳо дар сурати пир ва ё маъюб гаштани ҳайвон ва баръакс, зиёд шудани саршумори он имконпазир аст, он ҳам бояд оқилона сурат бигирад. Масалан, шикори гавазн, ки шуморааш дар мамнуъгоҳ ба 386 сар расидааст, қатъиян манъ мебошад. Вале, дар сурати аз меъёр зиёд шудани гавазн (яъне 400 сар) забҳи он барои коркарди маҳсулот иҷозат дода мешавад. Коркард ва истеҳсоли маҳсулоти ниҳоӣ аз ҷорӣ шудани механизми идоракунии иқтисодии экологӣ сахт вобастагӣ дорад. Амалисозии механизм мутахассисони соҳаро, ки бештар аҳолии деҳотанд, ба кор ҳавасманд месозад, махсусан аҳолии деҳоти ноҳияҳои пахтакори Дӯстӣ, Ҷайҳун, Қубодиён ва Шаҳритузро. Айни замон «Бешаи палангон»  рисолати бузурги ҳифз ва барқарорсозии олами набототу ҳайвонот ва муътадил нигоҳ доштани вазъи экологии чор ноҳияро бар дӯш дорад ва онро ба пуррагӣ иҷро менамояд, барои мутобиқат ба тағйирёбии иқлим имконият фароҳам меорад, зарари иқтисодиро коҳиш медиҳад. Лекин, барои рушди соҳа ва ғанӣ гардондани Буҷети давлатӣ имконияти аз ин ҳам бештар мавҷуд аст. Барои бакорандозии механизм дар минтақаҳои буферии мамнуъгоҳ ташкил намудани парваришгоҳ барои афзоиши саршумори ҳайвонот ва дар баробари ин, бунёди коргоҳҳои коркарди маҳсулот зарур мебошад. Иҷрои ин нақша маблағи зиёдро тақозо дорад. Маблағҳои барои соҳа ҷудогардида алҳол танҳо барои таъмини маоши кормандон ва бурдани корҳои биотехникӣ басандаанд. Масалан, барои нигоҳубини паранда маблағи ҳамагӣ 18 дирам ва ҳайвони нодир 78 дирам рост меояд, ки кофӣ нест. 
О. ВАФОБЕК, "Ҷумҳурият"


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 23.08.2017    №: 178-179    Мутолиа карданд: 351

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед