logo

фарҳанг

НОБИҒАГОНИ МИЛЛАТСОЗ

Агар  савол чунин гузошта шавад, ки миллатро чӣ зинда медорад, аввалин ҷавоби бебаҳс, бидуни шубҳа ин аст: Забони модарӣ! Ва баъдан  фарҳангу суннатҳову маънавиёти баланд. Ва агар савол чунин гузошта шавад, ки миллатро кӣ зинда медорад, ҷавоби ягона ва мусаллам ин аст, ки халқ ва фарзандони фарзонаву нобиғаи он. Пешвои муаззами миллати хуҷастаи мо Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо фаъолон ва аҳли ҷамоатчигии кишвар  бахшида ба 10 - солагии қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”  аз ҷумла иброз доштанд: “Якчанд маротиба такрор ба такрор  иброз доштам ва бори дигар таъкид менамоям, ки дар шароити ҷаҳонишавӣ, агар хоҳанд давлатеро аз байн бубаранд, аввал забон ва баъдан фарҳангашро нест мекунанд.”
Дар тӯли таърихи гарону пурмоҷаро забони тоҷикӣ барои миллати тоҷик чун ҷавшани ҷисму ҷони ӯ хизмат кардааст. Гаронтарину шигифтангезтарин сангборону  тирборони таърихро миллати мо ба шарофати ҳамин ҷавшани бегазанд, ҳамин сипари пойдор: забони модарӣ бардоштаасту эмин мондааст. Сипаре, ки аз қавитарин нахҳои филизиву фӯлодии илму донишу адабу суннатҳои миллӣ гудохта шудааст. Забоне, ки Одамушшуаро устод Рӯдакӣ ба он бунёди  қавии бадеият ва безаволӣ дод ва сарахбори шеъри форсӣ сохт; Ҳаким Фирдавсӣ онро забони ҷасорату шуҷоату ватандорӣ намуд; Носири Хусрав  чун дурри гаронбаҳош шинохту бар пойи  “хукон” нарехт: Мавлавӣ нардбони меъроҷи  маънавиёти баланд кард; Синову Форобиву Берунӣ забони илму дониши бегазандаш намуданд; Умари Хайём ба он ҷилои қудсӣ дод; Саъдиву Ҳофизу Бедил ва дигар абармардони суханвар онро ба ҳадди нубувват расонданд.
Ин аст, ки дар  марҳилаҳои пурхатар ва тақдирсози ҳар миллат фарзандони хирадманд, нобиғагони он аввалин коре, ки мекунанд, дар пуштибонӣ ва  эҳёи забону фарҳанги миллӣ мекунанд. Дар остонаи эҳёи дубораи миллати тоҷик аз аввалин корҳое, ки карда шуд, қабули Қонуни забони тоҷикӣ ва  аз аввалин иқдомҳои  Ҳукумати Тоҷикистон забони давлатӣ эълон кардани забони тоҷикӣ ва таҷлили бошукӯҳи ҷашни Бузургдошти забони тоҷикӣ буд. Сипас, баъд аз ноил шудан ба истиқлолият, бо кӯшиши Пешвои миллат - эҳёи Ваҳдати миллӣ ва таҳкими он. Имрӯз мо боз ҳам таъзим ба пешгоҳи ақлу заковат ва хиради Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон мекунем, ки аз оғоз асосҳо ва таҳкурсии истиқлолиятро дурусту дурбинона тарҳрезӣ карданд. Агар имрӯз мо баъд аз 26 соли соҳиби  истиқлолият шуданамон соҳиби обу замини худ, соҳиби  муқаддасоти миллиамон ҳастем, ба шарофати ҳамин зербуни мустаҳкаму пойдор аст. Забони давлатӣ, муқаддасоти давлатӣ, Ваҳдати миллӣ, худшиносии миллӣ, шинохти ҳувияти миллӣ, арҷгузорӣ ба таърих ва бузургони миллат шаҳсутунҳои Тоҷикистони навин гардиданд. 
Симои устод Айнӣ симои дурахшони фазилату хирад, адабу шуҷоат, илму дониш, фарҳангу маърифат аст. Мисли ин ки дар ин симо чеҳраи воқеии тоҷик бо ҳама фарзонагӣ падидор омада, ӯ дар худ ҳама хуҷастагиҳои ин халқи хирадпеша, миллати некманиш, мардуми хайрхоҳу адабпарварро таҷассум намудааст. Шахсияти устод Айнӣ яке аз он шаҳсутунҳоест, ки бинои маънавиёт, бинои ҳастии фарҳангии Тоҷикистони навинро нигаҳ дошт, то тавонад алайҳи боду бӯронҳои  тунди замон пойдор бимонад. Устод Айнӣ шаъну шараф, нангу номуси тоҷикон аст. Ӯ худаш шиносномаи таърихи миллати мост, шиносномае, ки дар он бо ҳарфҳои хонову зебо навишта шудааст: ТОҶИК. Ӯ на фақат бо эҷодиёт, балки бо амалиёт: бо рафтору гуфтору навиштор, бо ҳузури  мубораки худ  кӣ будани тоҷиконро дар саҳнаҳои ҷаҳону замон нишон додааст. Устод  Айниро таърихи миллат барои миллат офаридааст. Ӯ маҳсули хиради ҳазоронсолаи мост. Агар шахсияти фавқулода, нубӯғи ӯ  ва фидокории ҳамсафонаш намебуд, гумон аст, ки дар он солҳои буҳрону тӯфонҳои шадиду хонумонсӯзи таърихӣ ва замони тақдирсоз мо ҳувияту асолати миллиамонро ҳимоя ва нигаҳдорӣ карда метавонистем. Оре, пайкари миллати мо аз рехтаҳои таърих дар пайкари устод Айнӣ ба по хест, қомати худ, чеҳраи худро намудор сохт. Албатта, фарзандҳои наҷибу ҷоннисоре аз гӯшаҳои мухталифи ин сарзамини куҳанбум бархостанд, ки бе ҷоннисориҳо, бе фазилату шуҷоати онҳо имкон надошт ҳувияти тоҷикон пойдор бимонад. Аммо пайкараи маънавӣ, сутуни бинои ин ҳувият устод Айнӣ буд. Воқеан,  навиштаҳои устод Айнӣ шаҳодатномаи миллати мо гардид. Ӯ тоҷиконро ”чун донаҳо аз замин” ёфтаву ҷамъ кард, “чун китоби куҳна аз вайронаҳо” (Бозор Собир) пайдо намуд.
Агар нек бингарем, устод Айнӣ ва ҳамсафонаш заминаҳои худшиносии миллиро ҳанӯз дар ҳамон замон гузошта буданд, ки мо дар зербуни онҳо худшиносии миллиамонро бо ташаббусу сарварии Пешвои муаззами миллатамон нумӯву дурахши наву тоза дода, омили эҳёи тозаи Тоҷикистони соҳибистиқлол гардонидаем. Зиндагӣ ва корномаҳои устод Айнӣ гувоҳи он аст, ки ҳастии як миллатро на фақат силоҳу зӯри бозу ва марзҳои мустаҳкаму сарбозонаш   нигаҳ медоранд, балки хирад, фарҳанг, илму дониш ва  маърифати баланд низ метавонанд дар баробари силоҳ  нигаҳдор ва пуштибони  ҳувияти як халқ бошанд.
Имрӯз ба гузашта, ба он замони тақдирсоз нигариста, мо сари таъзим ба пешгоҳи муқаддаси устод Айнӣ фуруд меорем. Воқеан, оё чӣ  гуна ӯ тавонистааст саҳми боризи худро қариб дар тамоми соҳаҳои маънавиёти мо, ки он замон воқеан тақдирсоз буданд, гузорад? Чӣ сон ӯ тавонистааст худро пора-пора ба бунёду эҳёи ҳама соҳаҳои илму фарҳангу адаби мо бисупорад, чунон ки баъдан дар таҳкурсиҳои гузоштаи ӯ илму маърифату фарҳанги навини мо нумуъ кунад? Устод Айнӣ, воқеан, қаҳрамон аст.  Қаҳрамон метавонад қаҳрамони майдони ҷанг бошад, қаҳрамони саҳроҳои кишту кор бошад, аммо қаҳрамонии устод Айнӣ хеле баландтар аст. Ӯ  қаҳрамони ҷабҳаи бузурги эҳёи миллат, қаҳрамони ҷабҳаҳои худшиносии миллӣ, давлатдории навини тоҷикон, қаҳрамони корзори фазлу идрок, илму адаб  аст.
 Забони навини тоҷикӣ яке аз рукнҳои давлатдории навини тоҷикон гардид. Устод Айнӣ чун яке аз зимомдорони рушди навини он бо навиштаву нигоштаҳояш ҳам аз ҷиҳати илмиву назариявӣ ва ҳам амалан ин забонро зинда дошт, ба меъёрҳову талаботи таърихиву ҷаҳонӣ мувофиқ сохт. Силсилаи мақолаҳои илмиву публитсистии ӯ дар бораи забони адабӣ, лаҳҷа ва шеваҳои забони тоҷикӣ, сабку услуби забони адибон, фарҳангнигорӣ ва истилоҳшиносӣ дар ин ҷода нақши бузурге бозидаанд. Мулоҳизаҳои устод доир ба забон дар рисолаҳову мақолаҳояш: “Дар атрофи забони форсӣ - тоҷикӣ”, “Забони тоҷикӣ”, “Ҷавоби ман” (дар бораи забони адабии тоҷик), “Мактуби кушод ба Пӯлод Толис”, андешаҳои ҷолиби ӯ оид ба забони матбуот ва нақши он дар таҳкиму пешрафти забон, забони шеваҳо, матн ва луғатшиносӣ, таҳқиқи адабиёт- ин ҳама далели шуҷоатҳои илмиву адабии устод Айнӣ мебошанд, ки душвор аст бе онҳо дастовардҳои имрӯзаамонро дар соҳаи забони адабӣ тасаввур кунем.
Устод Айнӣ муҷассамаи ҷасорату ҷоннисорӣ дар он рӯзгори пурхатар алайҳи душманоне гардид, ки мавҷудияти миллати моро инкор карданӣ мешуданд, бо далелҳои қавиву баҳснопазир чун бораи нангу номус ва шаъну эътибори миллат қомат афрохт, бо далелҳои   асосноку илмӣ  ва баҳснопазир ҳувияти тоҷикон, ҳастии қадимӣ ва фарҳангсолории онҳоро собит кард. “Намунаи адабиёти тоҷик” - и устод ҳамон шиносномаи гаронмояи миллати мо гардид, ки барои гузаштан аз сарҳадҳои сарбаста ва симхоргирифтаи таърих ба мо иҷозати убур дод.
 Устод бунёдгузори адабиёти навини тоҷикон гардид, ки решаҳои ҳазоронсола дорад. Бунёдгузори  насри навин, очерку публитсистика, матншиносӣ, таърихнигорӣ, адабиётшиносӣ, нақди адабӣ, луғатшиносӣ, тарҷума.
Боиси ифтихору сарфарозии мост, ки устод Айнӣ бунёдгузори шеъри ба истилоҳ навини на фақат тоҷикӣ, балки форсист, ки бо номи “Марши ҳуррият” ҳанӯз соли 1918 навишта ва соли 1919 интишор дод, ки панҷ сол пеш аз зуҳури шеъри “Афсона” - и Нимо Юшиҷ аст, ки бунёдгузори шеъри навини форсӣ меҳисобандаш.
Устодро метавон аз бунёдгузорони мактабу маорифи нав низ шинохт. Ӯ дар асари бадеии худ “Мактаби куҳна” тарзи қафомондаву хурофотии мактабдориву таълиму тарбияро мазаммат намуд, бо мақолаву рисолаҳои илмиаш: “Дар бораи китобҳои дарсии тоҷикон”, “Дар бораи адабиёт ва китобҳои мактабии тоҷикон”, иштироки бевосита дар таълифи китобҳои дарсӣ ва дахолати фаъолона ба раванди таълиму тарбия саҳми намоёни худро дар эҳёи ин соҳа низ гузошт. Метавон ин номгӯро идома дод. Мавриде нест, соҳае нест, ки устод Айнӣ  дар таҳкурсии бунёдии ҳастии маънавии тоҷикон - давлатдории навини онҳо саҳми боризи худро нагузошта бошад. Он чизе, ки як халқро халқ мекунад, пеш аз ҳама, рӯҳияи миллӣ, маънавиёти миллист, ки яке аз бунёдгузорони воқеии ин маънавиёт дар замони эҳёи дубораи миллати тоҷик устод Садриддин Айнӣ будааст.
Воқеан, бузургонро бузургон зинда медоранд ва қаҳрамононро қаҳрамонон мешиносанд. Фарзандони фарзонаву шоистаи Ватан муттакои ҳамдигаранд. Хирад ва фазилати Пешвои миллат, Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хирад ва фазилати устод Айниро шинохт ва қадрдонӣ кард. Маҳз бо ташаббусу иқдоми Эмомалӣ Раҳмон устод Айнӣ аввалин Қаҳрамони Тоҷикистони соҳибистиқлол эълон гардид. Тамоми рукнҳои асосии бунёд ва худшиносии мо, ки аз ҷониби Пешвои миллат тарҳрезӣ шудаанд, гувоҳанд, ки  Сарвари хирадпешаи кишвари мо, Ҳукумати Тоҷикистон  маҳз  ба илму адаб, фазлу дониш, суннатҳои баланди миллӣ, абармардони соҳибмаърифати миллат такя мекунанд. Ва имрӯз соҳиби нуфузи байналмилалӣ, эътибору обрӯи ҷаҳонӣ гардидани Тоҷикистони азизу ба ҷон баробарамон, ба гумони банда, пеш аз ҳама, дар он аст, ки Пешвои некниҳоди миллатамон, халқи тамаддунофар ва тамаддунпарвари мо аз домани  некиву адолат доштаву қомат афрохтаву аз гиребони хираду фазилат сар баровардаанд. Хидматҳои Пешвои миллатамон дар эҳёи дубораи забони тоҷикӣ, воқеан,  бесобиқа аст.  Ӯст, ки худ  аз аввалинҳо шуда дар луғатомӯзӣ, гуфтору навиштор намунаи ибрат гардид ва забони модарии моро ба арсаҳои ҷоҳонӣ баровард, то аз баландтарин минбарҳои олам ин забони ширину шево садо дод. Ӯст, ки бо дастгириву раҳнамоии хирадмандонааш Қуръони шариф, тафсирҳои он ба забони ноби тоҷикӣ гардонда шуд ва дастраси оммаи  тоҷикон гардид, то ҳар чи бештар иттилоот аз каломи Худо дошта бошад, худ ва Худоро на аз роҳи дурӯғин, ки мутаассибон ба мардуми мо таҳмил медиҳанд, балки аз роҳи ростин шиносанд.
Фурсат даст намедиҳад, ки дар бораи нақши шахсиятҳои барҷаста дар таърих ҳадс занем. Аммо агар устод Айнӣ аз шахсиятҳое миллатсоз буд, пас Пешвои миллати мо Эмомалӣ Раҳмон  бо нақши бузурге, ки дар раҳоии миллат аз вартаҳои нестӣ гузоштааст, бо бунёду эҳёи решаҳои Истиқлолияти давлатӣ ва ваҳдати миллӣ дар кишвар, бо эҳёву таҳкими забони модарӣ ва  суннатҳои миллии тоҷикӣ, воқеан, бидуни баҳс нобиғаест миллатсоз.
Камол  НАСРУЛЛО,
Шоири халқии Тоҷикистон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 23.08.2017    №: 178-179    Мутолиа карданд: 518

15.01.2019


Ҷаласаи ҷамъбастӣ таҳти раёсати муовини Сарвазири мамлакат

Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Абдулазиз Комилов

Ёдгор Файзов: «Соли 2018 соли таҳкими волоияти қонун дар Бадахшон буд»

ХУҶАНД. 1548 медали варзишгарон дар як сол

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Созишномаи сулҳ – мавзӯи асосии мулоқоти Путин ва Абэ хоҳад шуд

Савдои хориҷии Чин соли 2018 натиҷаи рекордӣ нишон дод

Дар Алмаато гурӯҳи хориҷиёни террорист боздошт шуд

То соли 2024 аҳолии Қирғизистон бо оби ошомиданӣ пурра таъмин мешавад

10.01.2019


Дар Саразм осорхона ва меҳмонхонаи замонавӣ бунёд мешаванд

Вохӯрии Парвиз Давлатзода бо Владимир Норов

Ҷаласаи Шӯрои кор бо ҷавонон

“ГАНҶИ СУХАН” – маҳфили адибпарвар

РӮШОН. Ифтитоҳи маркази дуошёнаи савдо

Муҳаммад Салоҳ – беҳтарин футболбози Африқо

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Самарқанд мизбони нахустмулоқоти «Ҳиндустон – Осиёи Марказӣ»

Баргардондани 47 шаҳрванди Қазоқистон аз Сурия

Остона ба гузарондани Ҳамоиши ҷаҳонии туризми шаҳрӣ омодагӣ мегирад

Дар Беларус бори нахуст ҳукми қатл содир шуд

09.01.2019


Таҷлили 110 - солагии аллома Бобоҷон Ғафуров

GLOBE SOCCER AWARDS. Беҳтаринҳоро муайян кард

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Дар Пекин музокироти тиҷоратии ИМА ва Чин мегузарад

Эрдуғон пирӯзӣ бар террористони «Давлати исломӣ» - ро эълом дошт

Разведкаи Сурия дар ҳафт сол 80 саркардаи исломиро нест кард

Сарвари ҶХД Корея ба Чин бо ташрифи серӯза омад

Танзими нархи дорудар Қазоқистон

04.01.2019


Парвози чартерӣ дар масири Душанбе - Шарм-уш-шайх

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Ҳалокати зани тоҷик ва се фарзандаш дар Магнитогорск

Ваколати нави намояндаи Тоҷикистон дар СҲШ

Аз Сурия баромадани артиши амрикоӣ оғоз ёфт

Зонди чинии "Чанъэ-4" дар Моҳ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед