logo

сиёсат

ОБ ВА ПЕШСАФИИ ТОҶИКИСТОН ДАР МАСОИЛИ ВОБАСТА БА ОН

Аз ҷониби Ассамблеяи генералии Созмони Милали Муттаҳид бо ҷонибдории аксари кулли давлатҳои аъзо пазируфта шудани пешниҳоди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи эълом доштани Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018 - 2028, боиси ифтихори тамоми тоҷикони ҷаҳон аст.
Пешвои миллат дар Ҳамоиши ҳафтуми умумиҷаҳонӣ оид ба масъалаи об 12 апрели соли 2015 дар Ҷумҳурии Корея ва Симпозиуми байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳадафи шашуми рушди устувор таҳти унвони «Таъмини дастрасии умум ба об ва беҳдошт» 9 - 11 августи соли 2016 дар шаҳри Душанбе пешниҳод намуданд, ки Даҳсолаи дуюми байналмилалӣ таҳти шиори «Об барои рушди устувор» эълон карда шавад. Эълони даҳсолаи нав даҳҳо ҳадафро фаро мегирад ва ҷомеаи инсонӣ ба он ниёзманд аст. «Яке аз ҳадафҳои меҳварӣ он аст, ки Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018 - 2028, барои таъмини амнияти экологии сайёра мусоидат менамояд», - таъкид намуданд Сарвари давлат дар ин хусус.
Ин ташаббус баробари ҳалли масъалаҳои глобалии ҷомеаи башарӣ, ҳамчунин, боиси баланд гардидани мақому мартабаи кишвар дар арсаи байналмилалӣ гардид.
Нонро бо анвои дигар хӯрданӣ иваз кардан имкон дорад. Аммо обу ҳаво неъматҳое мебошанд, ки дар заминаи ҳама гуна таҳаввулот низ иваз намудани онҳо ғайриимкон аст. Пас, бо об бояд муносибати оқилона намоем, то ҳаёт сарсабзу зебо ва поянда бошад.
Яке аз қисматҳои асосии Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» истифодаи оқилонаи обҳои минтақа аст. Ин масъала чанд сол боз дар Осиёи Марказӣ хеле печида боқӣ мондааст. Айни замон он яке аз масъалаҳои баҳсбарангези дастрасӣ ба об аст. Давоми 50 соли охир дар маҷмӯъ 507 моҷарои марбут ба об сар задааст, ки 21 - тои он ба амалиёти ҷангӣ оварда расондааст. Маҳз нарасидани об ва тақсимоти нодурусти он дар кишварҳои алоҳидаи Африқову Амрикои Ҷанубӣ боиси бемориҳои марговар мешаванд. Кишварҳои Шарқи Наздик барои тақсими дарёҳо дар ҳоли бархӯрди низомӣ қарор доранд. Дар маҷмӯъ зиёда аз як миллиард сокини сайёра аз оби ошомиданӣ танқисӣ дорад. Аз ин лиҳоз, оби ошомиданӣ чун манбаи ҳаёт арзиши баланд дорад. Аз рӯи маълумоти ЮНЕСКО, Тоҷикистон дар байни 122 давлати дорои захираҳои обӣ дар даҳгонаи аввал ҷой гирифтааст. Бинобар ин, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон истифодаи оқилонаи манбаъҳои обиро дар доираи даҳсолаи нав ба манфиати кишвар ва минтақа зарур медонад. Аз ин нуқтаи назар, ташаббуси Тоҷикистон доир ба эълони Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» моҷароҳои байналмилалиро метавонад барҳам занад.
Исмоил РАҲИМЗОДА,
муовини якуми раиси шаҳри Роғун


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 23.08.2017    №: 178-179    Мутолиа карданд: 354

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед