logo

иҷтимоиёт

ТАНДУРУСТӢ. ФАЪОЛИЯТИ КУМИТАҲОИ МАҲАЛЛӢ БАРРАСӢ ГАРДИД

Масъалаи мубориза алайҳи бемории сил таҳти таваҷҷуҳи ҳамешагии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дошта, ҷиҳати вусъат бахшидан ба мубориза алайҳи ин намуди беморӣ ва решакан намудани он миёни аҳолӣ бо шарикони рушд ҳамкории судманд ба роҳ монда шудааст.
Вобаста ба ин, бо ташаббуси Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон чанде пеш дар толори маҷлисгоҳи меҳмонхонаи “Серена”- и пойтахт дар мавзӯи  “Фаъолияти кумитаҳои маҳаллии тандурустӣ доир ба бемории сил барои солҳои 2016 - 2017” мизи мудаввар баргузор гардид.
Дар он намояндагони роҳбарият ва намояндагони Маркази ҷумҳуриявии ташаккули тарзи ҳаёти солим, лоиҳаи HOPE ва дигар идораҳои тобеи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ  иштирок намуданд. Дар чорабинӣ масъалаҳои ҳамкорӣ бо барномаи USAID оид ба мубориза алайҳи бемории сил дар Тоҷикистон дар робита бо ҷомеа, фаъолияти кумитаҳои маҳаллии тандурустӣ оид ба бемории сил ва дигар масъалаҳои вобаста ба ин беморӣ мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифтанд.
Ҳадаф аз барномаи мазкур дар самти мубориза алайҳи бемории сил паст намудани сатҳи паҳншавии беморӣ ва пешгирии инкишофи шакли васеи мутобиқат ба доруҳои зиддисилӣ тавассути таъмини бештари ташхиси самарабахш ва дастрасӣ ба табобати беморӣ барои ҳамаи табақаҳои аҳолӣ, аз ҷумла шахсони осебпазир, маҳсуб меёбад.
Соҳаи тандурустӣ дар доираи ин ва дигар барномаҳои давлатӣ ва иқдомоти пешгирифтаи Ҳукумати кишвар дар самти мубориза алайҳи бемории сил  ба дастовардҳои назаррас ноил гардида истодааст, - иброз дошт Мирҳамуддин Камолзода,  муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ.
Қурбон АҲМАДЗОД, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 24.08.2017    №: 180    Мутолиа карданд: 409

24.06.2019


Президенти Филиппин моҳи октябр ба Россия меояд

Трамп бо Эрон омодаи гуфтушунид буданашро тасдиқ намуд

Дар Ҳиндустон афтидани хайма боиси марги 14 нафар шуд

СУҒД. Оғози мусобиқаи байналмилалӣ

"ФИЛОСОФИЯ ОТДЫХА" имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистонро таҳлил намуд

Ҷаҳон дар як сатр

21.06.2019


Мулоқоти Хайринисо Юсуфӣ бо Валериу Кивер

Ҳамоиш бахшида ба таъмини устувории макроиқтисодӣ

Муаррифии натиҷаҳои фаъолият дар самти безараргардонии башардӯстонаи минаҳо

20.06.2019


Гумерова: «Омӯзгорони рус дар Тоҷикистон мондан мехоҳанд»

СММ: «Ҳиндустон дар нуфуси аҳолӣ баъди 8 сол аз Чин мегузарад»

Пекин тавсеаи ёрии иқтисодӣ ва башарӣ ба Сурияро зарур мешуморад

Дар Ҷопон ҷазои ҷисмонии кӯдаконро манъ карданд

Ҷаҳон дар як сатр

19.06.2019


Дар Кӯлоб Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон баргузор шуд

Баррасии вазъ ва дурнамои ҳамкориҳо

Боздид аз Муассисаи давлатии «Боғи миллии Ваҳдат”

ПАНҶАКЕНТ. Омодагиҳо ба ҷашни фархунда

Писарбачаи тоҷик дар Хабаровск дӯсташро аз чоҳи оби ҷӯш наҷот дод

Тоҷикистону Беларус: «Муҳокимаи тақвияти ҳамкориҳои низомӣ»

Си Ҷинпин азми сафари Ҷумҳурии Халқии Демократии Корея дорад

Ҷаҳон дар як сатр

12.06.2019


ХУҶАНД. "Зирвеко" ба фаъолият мепардозад

Муаррифии асари Си Ҷинпин «Дар бораи идоракунии давлатӣ»

Баргузории конфронси сайёҳӣ дар Рашт

Масоили низоми бонкӣ матраҳ гардид

Дар Чин аз обхезии тобистона 6,75 миллион нафар зарар дид

Дар Ӯзбекистон рӯйхати идҳои касбиро Рӯзи китобдор афзуд

Дар Ҷопон ба солхӯрдаҳо шаҳодатномаи вижаи ронандагӣ медиҳанд

Сокини Британия дар лотерея Ј123 миллион бурд намуд

Ҷаҳон дар як сатр

11.06.2019


Песков: «Путин ба Тоҷикистон ва Қирғизистон сафар мекунад»

Иштироки роҳбарони 11 кишвар дар ҳамоиши Бишкек

Президенти Қазоқистон аз хусуси роҳҳои ҳалли мушкилоти иҷтимоӣ ҳарф зад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед