logo

иҷтимоиёт

СИНО. МАҲАЛЛА ВА КӮЧАИ БЕҲТАРИН МУАЙЯН ШУДАНД

Маҳаллаи Борбад ва кӯчаи Исмоили Сомонӣ ғолибони озмунҳои «Маҳаллаи беҳтарин» ва «Кӯчаи беҳтарин» дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе гардиданд.

Тавре қаблан «Ҷумҳурият» хабар дода буд, бахшида ба Ҷашни 26 – солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон  дар шаҳри Душанбе тибқи қарори Рустами Эмомалӣ, раиси шаҳр,  барои муайян намудани кӯчаю маҳаллаҳои беҳтарин озмунҳои шаҳрии «Маҳаллаи беҳтарин» ва «Кӯчаи беҳтарин» эълон гардиданд. Даври пешакии озмунҳо дар ноҳияҳои шаҳр ҷамъбаст шуданд. Ҳайати комиссияи озмунии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии  ноҳияи Сино  дар  озмуни ноҳиявии «Кӯчаи беҳтарин» аз ободӣ, зебоӣ ва ороиши идонаи  кӯчаҳои Сино,  Ҷаббор Расулов, Карамов ва Исмоили Сомонӣ истиқбол кард. Аз байни онҳо кӯчаи Исмоили Сомонӣ ғолиби озмуни «Кӯчаи беҳтарин» дониста шуд. 
Кӯчаҳои Пайрав Сулаймонӣ, Юсуф Вафо, Чаманзор,  Балъамӣ, Гулханӣ, Қаҳҳорӣ, Лолазор,   Нахимов, Тургенев, Олег Кошевой  дар маҳаллаи  Борбад  ҷойгиранд.  Дар ин маҳалла вазъи таъсиси ҷойҳои кор, беҳбудии  санитарию эпидемиологӣ,  риояи тартиботи ҷамъиятӣ аз ҷониби сокинон, дастрасии онҳо ба оби тозаи ошомиданӣ, саҳми соҳибкорон дар ободонии маҳалла   ва  рушди маориф, ки аз ҷумлаи талаботи озмун мебошанд,  хушҳолкунанда мебошад.  Соҳибкор Тоҳир   Ҳукуматов  барои  кори хайр - таъмири асосии   роҳҳои кӯчаҳои маҳаллаи Борбад  азм намуда, ба мақсад расид. Айни ҳол бо  маблағгузории  соҳибкори ватандӯст Т. Ҳукуматов  аз 11 кӯчаи ҳудуди  маҳалла    роҳҳои  8  кӯча обод гаштаанд. Ӯ  барои   то моҳи октябри соли равон  ободсозии  роҳҳои  се кӯчаи дигари маҳалла   иқдом намудааст. Аксари наврасону ҷавонони ин маҳалла ба варзиш машғуланд, аз ин рӯ, аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва тартиботи ҷамъиятӣ  барои кӯчагардию оворагардӣ  ва вайрон кардани тартиботи ҷамъиятӣ огоҳӣ  нагирифтаанд.
Барои  зебоӣ, тозагӣ, иҷрои корҳои назаррас дар ободонию кабудизоркунӣ ва  беҳбудии ҳолати санитарию  эпидемиологӣ  маҳаллаи Борбад ғолиби озмуни ноҳиявии «Маҳаллаи беҳтарин» дониста шуд. Ғолибон ба озмунҳои умумишаҳрӣ роҳхат гирифтанд.   
Тавре Эраҷ Рамазонов, мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва  робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси ноҳияи Сино,  ба хабарнигори «Ҷумҳурият» гуфт, баргузории чунин чорабиниҳо ба истиқболи ҷашнҳои миллӣ имкон медиҳад, ки корҳои ободонию созандагӣ вусъат ёфта,   наврасону ҷавонон  ба  тарзи ҳаёти солим  фаро гирифта шаванд ва сокинон дарк намоянд, ки  барои    ҳифзи тандурустӣ  тозаву озода нигоҳ доштани хона, кӯча, майдонча, роҳраву ҷӯйборҳо ва иншооти дигар хеле муҳим аст.
Иронбӣ МӮСОЗОДА, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 24.08.2017    №: 180    Мутолиа карданд: 330

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед