logo

фарҳанг

ЗАБОНИ ТОҶИКӢ – УНСУРИ ҲУВИЯТСОЗ

Устод Садриддин Айнӣ, ки ба ҳақ тарроҳ ва меъмори фарҳанги навини тоҷик дар садаи инқилобҳои азими сиёсӣ ва фарҳангӣ буд, бахши муҳиме аз фаъолиятҳои созанда ва ҳидоятгаронаи худро ба таъйини равиши саҳеҳу дуруст дар кори истифода аз забони тоҷикӣ ихтисос дод.

Бешубҳа, яке аз мавридҳои аслӣ ва муҳим дар ин фаъолияти густурдаи устод Айнӣ собит ва устувор сохтани истилоҳи “тоҷик” аз нигоҳи маънавӣ, таърихӣ, ҷуғрофиёӣ, сиёсӣ ва луғавӣ мебошад. Ба тавре ки, агарчи дар ҳудудҳои дигари ҷуғрофиёи сиёсии ҷаҳон ин истилоҳ роиҷ аст, дар ҳеҷ ҷойи дигар ба ин зарфияти комили амалӣ, ки дар Тоҷикистон, балки Мовароуннаҳр, ҳаст рӯйи кор наомада ва амалӣ нашудааст. Ба таври хулоса, дар ҳеҷ ҷойи дигаре, сарфи назар аз асолати комили он ва вуҷуди нуфуси пуршумор дар сатҳи як кишвари мустақил унсури ҳувиятсоз нагардидааст. Албатта, ин ҳукм на ба он маъност, ки устод Айнӣ шахсан бо ибтикори худ чунин зарфиятҳои маънавиеро барои мафҳум ё истилоҳи тоҷик ба вуҷуд овардааст, балки бино бар зарурати таърихӣ тавонистааст ин зарфиятҳои маънавии мафҳуми мазкурро, ки дар асл ва сиришти он аз ибтидо мавҷуд будаанд, дубора ошкор ва собит намояд.
Даврони таърихие, ки миллати тоҷик бояд аз ҳувияти худ дифоъ менамуд ва ҷумҳурии мустақили худро дар ҳайати Иттиҳоди Шӯравӣ соҳиб мегардид, бо чунон шароите вобаста гардида буд, ки барои ташхиси ин ҳувият лозим буд аз дақиқтарин, мушаххастарин ва бебаҳстарин мафҳумҳо кор гирифта шавад, то баҳонае барои мункирони асолати таърихӣ ва бумии ин миллат дар сарзамини Мовароуннаҳр боқӣ намонад. Аз ҷумлаи баҳонаҳои машҳури пантуркистон ва дигар мухолифон ин буд, ки кӯшиш мекарданд тоҷикҳоро муҳоҷирони эронӣ муаррифӣ кунанд ва ё турктабороне бишуморанд, ки зери таъсири адабиёти форсӣ забонашон форсӣ шудааст. Бинобар ин, дар ин марҳалаи таърихӣ таъкиди зиёд рӯйи нажоди ориёӣ ва забони форсӣ, ки айни ҳамин забони модарии тоҷикон буд ва ҳаст, хатари муҳлики сиёсиро ба ҳамроҳ дошт, зеро барои баҳонаҷӯии мухолифон, ки камтар маҷолеро барои андешаи мантиқӣ ва таҳлилӣ боқӣ мегузошт, заминаи бештареро фароҳам меовард. Дар айни ҳол мафҳум ё истилоҳи “тоҷик” ҳамзамон бо фаро гирифтани маъноҳои манзуршуда, номи ба таъбири устод Айнӣ як “қавми муаззаме буд, ки аз замоне, ки вақоеъро таърих сабт мекунад”, дар ин сарзамин ба сар бурдаанд.
Баъдҳо низ муддати мадиде устод Айнӣ барои шарҳу тавзеҳ ва тасбити мафҳуми тоҷик талошҳои пурсамар ва бомуваффақияте ба харҷ додааст, ки нишонгари аҳамияти рӯзафзуни ин интихоби дақиқу муассир мебошад. Аз ҷумла, мақолаи муҳаққиқона ва дорои аҳамияти таърихии устод “Маънои калимаи “тоҷик” навишта шудааст.
Устод Айнӣ талош мекунад, ки калимаи тоҷик ба ҳар мафҳуми дигаре, ки ба ин миллат тааллуқ дорад, дар пайванд бошад. Аз ҷумла, ба адабиёт. Дар ин хусус номае дорад ба фарзандаш Камол, ки тавзеҳи равшане аз зарурати мавзӯъ дар он ҷой дорад ва ба ин хотир муфассалтар иқтибос мешавад:
“Эҳтимол, ту таърихи термини “форс-тоҷик» ва “тоҷик-форс”- ро надонӣ. Вақте ки ман “Намунаи адабиёт”- ро навишта баровардам, ҳама шарқшиносҳо ба ман муқобил баромаданд ва онҳо забони адабӣ доштани халқи тоҷикро инкор карданд ва ҳама гузаштагони моро, ҳарчанд дар Мовароуннаҳр расида бошанд, ба манупулиёи Эрон додан хостанд. Ин, аз як тараф, ба ҳақиқати таърих мухолиф бошад, аз тарафи дигар, ба сиёсат мухолиф буд, чунки дар ҳамон вақтҳо тақсими ҳудуди миллатҳои Осиёи Миёна шуда, тоҷикон ҳам ба сифати як миллати мустақил шинохта шуда буданд. Аз ин хатои шарқшиносон понтуркистҳо истифода бурда, будани тоҷикҳоро дар Осиёи Миёна инкор карданд ва “Тоҷикон ӯзбаконеанд, ки бо таъсири эрониён забони худро гум карданд” гуфтанд.
Ин ҷанҷол то солҳои 1928-1930 рӯз то рӯз шиддат карда, давом намуд. Дар соли 1929 дар Тошканд канфуронси ба алифбои лотинӣ гузаштани тоҷикон барпо шуд. Як қисмати шарқшиносон гуфтанд, ки: “Тоҷикон ҳастанд, аммо забони адабӣ надоранд. Бояд дар асоси забони кӯчагӣ барои тоҷикон забони адабӣ аз нав сохта шавад”. Дар он вақт бисёр шӯрида мунозира кардем, аммо онҳо аз қавли худ нагаштанд. Баъд аз он дар соли 1930 дар Самарқанд канфуронс шуд, аммо дар пешгоҳи золи маҷлис бо хати ҷалии (равшани) настаълиқ “Тоҷикон забони адабии ҳазорсола доранд ва то имрӯз давом намуда омада, баъд аз ин ҳам ба сифати забони адабии саветии тоҷик давом хоҳад кард” навишта мондем. Ин масъала дар ин маҷлис ҳам ҳал нашуд, яъне мухолифон даъвои маро қабул накарданд. Баъд аз он, дар ҳамон сол дар Истолинобод канфуронсе барпо шуд. Дар он ҷо ман бо пруфисур Андриюф даст ба гиребон шуда ҷанг кардам (дар ин ҷанҷолҳо лидир танҳо ман будам ва баъзе касон фақат ба хотирхоҳии ман ба ман ёрӣ медоданд). Баъд аз ин мунозираҳо шарқшиносон, аз ҷумла Бертелс ва Булдируф, розӣ шуданд, ки адабиёти тоҷикро аз асри 15 - 16-уми мелодӣ инҷониб дар ҳудуди Мовароуннаҳр қабул намоянд. Аммо шоирони гузаштаро тамоман ба дигарон додан хостанд. Мо ба ин суханҳои бемантиқ гӯш накарда, кори худро давом додем: Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Буалӣ Сино, Ҳофиз ва дигаронро азони худ гуфта навишта баромадан гирифтем. Ман дар охири муқаддимаи Саъдӣ (Китоби “Шайх Муслиҳиддин Саъдии Шерозӣ”) исбот кардам, ки Саъдӣ худашро тоҷик гуфтааст. Аммо маҳз ба хотири оммаи шарқшиносон ман шоиронеро, ки дар Эрон ва Хуросон рӯйидаанд, “шоири форс-тоҷик” гуфта унвон додам... Бо саломи падарона Айнӣ. 13. 3. 1949”.
Иқдоми дигари на камтар аз ин муҳими устод Айнӣ таъйини усул ва равиши саҳеҳ дар истифода ва такмили забони тоҷикӣ буд. Ӯ бар хилофи ду гурӯҳи ифрот ва тафрит роҳи саҳеҳи миёна ва муътадилро интихоб намуд. Яъне на ифротро пазируфт, ки забонро мехостанд комилан дар қолаби забони адабиёти классикӣ ё матбуоти ҳамзабонон нигоҳ доранд ва на тафритро, ки он гурӯҳ мехостанд бидуни ҳеҷ таҳриру тасҳеҳ забони кӯчаву бозорро аслу асос қарор диҳанд. Шеваи баргузидае, ки устод Айнӣ дар истифода ва такмили забони тоҷикӣ пешниҳод намуд, ин буд, ки забони тоҷикии (форсии) покиза ва меъёр аз матни адабиёти классикӣ (то асри 20) аслу асос қарор дода шавад ва ин забон аз ҳисоби калимаҳо ва таркибҳое, ки асолати тоҷикӣ (форсӣ) доранд, вале аз матни забони навишторӣ то кунун берун мондаанд, такмил гардад ва ҳамчунин, бар тибқи қоидаи наҳвии забони меъёри тоҷикӣ дар ҳоли зарурат калимасозӣ ва таркибсозӣ шавад. Ин равиши муътадил ва ояндадоре буд, ки баъдан тавсияи онро дар навиштаҳои бузургтарин адибони ҳамзабони эрониву афғонистонӣ мушоҳида мекунем.
Беш аз ин устод Садриддин Айнӣ муътақид буд, ки забони мардуми Бухорои Шарқӣ (Тоҷикистони кунунӣ) нобтарин, ғанитарин ва бақоидатарин гунаи забони тоҷикӣ мебошад ва дар сурати такмил метавонад барои тамоми форсигӯён забони “намуна” шавад. Ин назар низ дар баёноти бисёре аз донишмандони ҳамзабони мо тасдиқ гардидааст.
Равиши интихобкардаи устод Айнӣ дар корбурду такмили забони модарӣ имрӯз ва дар оянда низ муносибтарин равиши усулӣ (принсипӣ) мебошад.
Рустам ВАҲҲОБЗОДА


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 24.08.2017    №: 180    Мутолиа карданд: 365

20.11.2018


СУҒД. Оғози сохтмони раёсати маориф

ЛЕВАКАНТ. Конфронси илмӣ - назариявӣ ба ифтихори Иҷлосияи XVI

"Парасту" дар Тоҷикобод

Сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ барои машварат дар Тошканд ҷамъ меоянд

Финляндия ҷонибдори ҳузури Россия дар Шӯрои Аврупо

Вазорати маорифи Афғонистон 30 ҳазор занро ба кор мегирад

Баррасии рушди инклюзивии иқтисоди қитъа дар Гвинея Папуаи Нав

Ҷаҳон дар як сатр

АНВАР ЮНУСОВ СОҲИБИ КАМАРБАНДИ WBF

"СОРО КОМПАНИЯ" ҒОЛИБИ ЛИГАИ КАСБИИ ФУТЗАЛИ ТОҶИКИСТОН

19.11.2018


ДЕВАШТИЧ. Авҷи созандагиҳо дар Ҷамоати деҳоти Яхтан

Артиши Сурия охирин истеҳкоми «ДИ» дар ҷануби кишварро зери назорат гирифт

Дар ҳама минтақаҳои Ӯзбекистон «мактаби президентӣ» месозанд

Роҳандозии барномаи махсуси давлатии ипотекӣ барои дӯзандагони Қирғизистон

Киштии зериобии «Сан Хуан» - ро дар уқёнуси Атлантика ёфтанд

Ҷаҳон дар як сатр

Кулишов: «Марзҳои ИДМ бо таҷҳизоти муосир таъмин карда мешаванд»

Дар Тоҷикистон омӯзгори забони англисӣ барои таблиғи «ДИ» 19 сол гирифт

Қазоқистон мубориза бо машруботро сахттар мекунад

Фоидаи туризм ба кадом шаҳри дунё бештар аст?

Ҷаҳон дар як сатр

"ИСТИҚЛОЛ" бори аввал барои Ҷоми чемпионҳои КФО мубориза хоҳад бурд

Омодагии тими миллӣ ба марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳон – 2022

УСМОН ТОШЕВ САРМУРАББИИ НАВИ ДАСТАИ МУНТАХАБ

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд

Мулоқоти Зубайдулло Зубайдзода бо Амал Муҷрин ал - Ҳамад

Конференсияи гиромидошти Бобоҷон Ғафуров

Путин ва Абэ дар асоси қатъномаи соли 1956 гуфтушунид хоҳанд кард

Таҳлилгарони Nomura сустшавии суръати рушди иқтисоди ҷаҳониро пешгӯӣ намуданд

Frontex: ба Аврупо омадани гурезаҳо 31 дарсад коҳиш ёфт

Назарбоев соли 2019-ро Соли ҷавонон эълом дошт

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед