logo

фарҳанг

ШОМИ ШАНБЕ

Ҳодисаҳои асроромез, сарбаста, пурмуаммо ҳамеша шавқи инсонҳоро бармеангезанд
МАХЛУҚОНИ БАҲРИИ АЪҶУБА
Баъди нисфирӯзии 31 октябри соли 1983 бригадаи таъмиргарони рақами 1 дар минтақаи Марини Калифорния, дар он ҷое, ки ба соҳили баҳр наздик буд, кор мекард. Дар рӯ ба рӯи онҳо пляжи баҳрии регзори Стинсон – Бич ба чашм мерасид, баъди он уқёнуси Ором фориғбол мавҷ мезад. Сардори бригада сигор даргиронду ба уқёнуси беканор назар афканд ва чашмаш ба махлуқи ношиноси бузургҷуссае бархӯрд. Вай зуд ҳамкораш Мэтта Ратторо ҷеғ зад. Ӯ бо дурбин хеле махлуқро тамошо кард. Аъҷуба аз сӣ метр дарозтар буд, танаш шаффоф, сиёҳранг, бо се кӯҳони амудӣ. Чунин махлуқро дар умраш бори нахуст медид.
Ҳамон рӯз Роланд Каррии 19 - сола низ онро дид. Баъди се рӯз махлуқ дар резишгоҳи дарёи Санта – Ана сар аз об бароварда Янг Хатчинсонро тарсонд. Дар тӯли сад сол чунин махлуқҳо дар лаби соҳилҳои уқёнус пайдо гашта, мардумро ба ҳайрату даҳшат меоварданд, аммо касе муайян карда натавонист, ки он кит бошад ва ё делфин. Вале бинандагон мегуфтанд, ки он аз оилаи китҳову китмонандҳо нест, балки албастиест ё аждаҳо.
Албастии баҳрӣ ин махлуқест, ки ба чорчӯбаи ягон мавҷудоти обии ба илм маълум намеғунҷад: беҳад аҷиб, аз ҳад калон, бесулуқай, даҳшатнок, бадҷаҳл, хатарнок тасвир меёбад, аз ин рӯ, дар ҳаёт буданаш гумон аст. Ҳанӯз дар ибтидои таърихи инсоният одамон дар бораи албастиҳо афсонаҳо мебофтанд. Ривоятҳо шоиру нависандагонро ба илҳом меоварданд ва онҳо шеъру достонҳо, фасонаҳо мебофтанд. Дӯстдорони аҷоибот, шикорчиён ба ҷангалу кӯҳҳо, дарёю баҳру уқёнусҳо ба шикори аъҷуба мебаромаданд, аммо ҳамеша бо дасти холӣ бармегаштанд. Рассомон суратҳои махлуқони болдори минқоркалон, аждаҳоҳои баҳрии бузургҷуссаро тасвир менамуданд. Лекин бояд гуфт, ки қаъри баҳру уқёнусҳо маъвои махлуқони аҷоибулғароиби маълуму номаълуми зиёданд. Баҳру уқёнусҳо минтақаҳои ҳанӯз пурра тадқиқнашудаанд. Дар қаъри онҳо шояд махлуқоне бошанд, ки ба рӯи об кам мебароянд ё умуман рӯзи равшанро чашми дидан надоранд. Эҳтимол он ҷондорҳои обии ба мо маълум аз миллион чанде бошанд, зеро қаъри баҳру уқёнусҳо барои мо пурмуаммосту муаммо мондааст. Олимон танҳо 7 дарсади майдони обиро омӯхтаанд, боқӣ дар интизори омӯзиш аст. Дар зери об суфакӯҳҳо, кӯҳҳо, қуллаҳои зиёде ҳастанд. Яке аз минтақаҳои обӣ Минданао мебошад, ки дар чуқурии 9 километр доман густурдааст. Қаторкӯҳи обии баландиаш 3,5 километр ба дарозии 50 километр тӯл кашида, аз қаъри 3 уқёнуси асосӣ мегузарад.  Дар даҳ соли охир махлуқони зиёди обӣ кашф шуданд, ки ҳазорҳо сол боз барои илм ва одамон номаълум буданд.  
Якумин шахсе, ки шикампойҳои азимҷуссаро тасвир намудааст, Ҳомер мебошад. Вай дар асри VIII то эраи мо зистааст ва дар «Одиссея» - и худ шакли махлуқи аҷуба - Стсилларо чунин ба қалам додааст: «Дар шаш гардан шаш сари сагмонанд ҷой гирифтааст, дандонҳояш се қатору дувоздаҳ пой дорад». Шояд вай ҳаштпоро дар назар дошта бошад ё як намуди дигари онро, ки калмар мегӯянд ва он се қатор даҳони фурӯбаранда дорад.
Медуза, боз як махлуқе аз мифологияи Юнони Қадим, ҳамчун шикампойи бадвоҳима буда метавонад. Уқёнусҳо дар байни садсолаҳо ё ҳазорсолаҳо боре бо махлуқҳои аҷубаи худ одамизодро дар ҳайрат мегузоранд. Вале дар бораи мор ё аждаҳои баҳрӣ баҳсу мунозираҳо дар байни олимон хеле зиёданд. Ҳар олим ақидаи худро дорад, аммо барои исботи андешаҳои ҳамаи онҳо танҳо як чиз намерасад: ҷисми аждаҳо. Алҳол ба касе доштани он муяссар нагаштааст.
Қурбон МАДАЛИЕВ,
тарҷума аз русӣ


ТЕЛЕПАТИЯ ИМКОНОТИ РАВОНИИ ИНСОН БЕИНТИҲОСТ
Олимон зимни як тадқиқот  собит намуданд, ки  ду нафар  тариқи тафаккур метавонанд  аз масофаи хеле дур бо ҳам табодули афкор намоянд. То ин дам ин гуна амал танҳо дар филмҳои фантастикӣ имконпазир буд.
Ин таҷриба, ки донишмандон  телепатия ном мебаранд, бо иштироки муҳаққиқ  Михел Берг аз Донишгоҳи  Страсбург ва ҳамкасби ӯ Алехандро Риера махфӣ  гузаронда шуд. То нашри натиҷаҳои он дар маҷаллаи «PLOS ONE»  дар ин бора танҳо гурӯҳи маҳдуди олимон иттилоъ доштанду халос.  Рӯзномаи бритониёии «Daily Mail», ки мухтасари маводро чоп кардааст, ин таҷрибаи илмиро аввалин ҳодисаи сабтшудаи муносибати телепатии одамон номидааст. Ихтиёриён ҳамагӣ ду калима «Hola» («Салом» бо забон испанӣ) ва «Ciao» («Хайр» бо забони  итолиёвӣ) - ро истифода бурданд. Ин ду нафар яке дар Ҳиндустон дигаре дар Фаронса қарор доштанд.
- Мо исбот кардем, ки табодули афкор байни ду нафар бе ёрии қувваи босира, фаҳмиш, гӯш кардан ва тамъу бӯй мумкин аст.
Ин ҳанӯз оғози кор аст, - мегӯяд доктор Берг, - дар интиҳо кашфиёти мо метавонад тафаккури мардумро тағйир диҳад.
Таҳияи Фарзона ФАЙЗАЛӢ


КАҲКАШОН МАВҶУДИЯТИ ТАМАДДУНИ ҒАЙР ИСБОТ ШУД!
Олимони амрикоӣ исбот карданд, ки дар Роҳи Каҳкашон тамаддуни ғайре мавҷуд аст, ки қобилияти тамос бо заминиҳоро дорад
Гурӯҳи таҳқиқгарон – Луис Анкордок, Сусанна Вебер ва Хорхе Сориано муайян карданд, ки дар ҳудуди даҳ килопарсек аз Офтоб, ки бо радиуси қурси Роҳи Каҳкашон муқоисашаванда аст, камаш як тамаддуни ғайр мавҷуд аст. Дар ихтиёри он воситаҳои дастрас барои иртибот бо Замин қарор доранд.
Ихтироот аз ҳисоби модификатсияи муодилаи Дрейк, ки барои муайянсозии миқдори тамаддунҳои ғайризаминӣ дар Галактика бо ёрии ҳафт суръати тағйирёбандаи пайдоиши ҷирмҳои осмонии дар минтақаҳои ҳаёти гирди ситораҳои модарӣ пешбинишуда сурат гирифт. 
Олимон пажӯҳиши худро идома доданианд. Тавре гуфта мешавад, хулосаҳо имкон медиҳанд,  расадхонаҳои TESS (Transiting Exoplanet Survey Satellite)  ва JWST (James Webbb Space Telescope), ки вақтҳои наздик ба осмон бароварда мешаванд, мавҷудияти тамаддуни  ғайризаминии дорои воситаҳо барои табодули маълумот бо инсониятро исбот созанд.
Таҳияи Ш. ҚУРБОН


АЗ ТАЪРИХИ ТӮБ
Технологияи истеҳсоли тӯбро Чарлз Гидер кашф кард. Он соли 1838 аз вулканизатсияи каучук ба амал омад. Соли 1855 бошад, Гидер нахустин тӯби аз резин истеҳсолкардаашро ба мизоҷон пешниҳод намуд.
Баъд аз 7 сол, яъне соли 1862, ихтироъкори дигар - Ричард Линдон нахустин камераи резинии дамкардашудаи тӯбро пешниҳод намуд.
Таҳияи Лашкар ШАРИФ


Занҳои фарбеҳ нисбат ба мардҳояшон умри дароз мебинанд, зеро мардҳо дар ин бора бештар ғам мехӯранд.
 

 

ДОВТАЛАБ ДАР ФАКУЛТАИ ФИЛОЛОГИЯИ РУС
- Пушкинро мешиносед?
-Не.
-Некрасов, Гогол, Чехов ё Толстойро чӣ?
- Не намешиносам.
- Ин тавр бошад, ба шумо ҷавоб.
Пушти дар рафиқони дигар аз довталаб мепурсанд:
- Хайр, чӣ хел, қабул карданд?
- Не, ин ҷо ҳама тағобозӣ. Чанд одами калонро пурсиданд, нашинохтам, ҷавоб доданд.
Таҳияи М. ЗУВАЙДОВА


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ ДАР ЮНОНИ ҚАДИМ
(Идома аз «Шоми шанбе» - и
16. 06. 2017, № 128
Оғози бозиҳои олимпӣ
Зӯрозмоиҳои панэллинӣ
Бозиҳои дар Олимп баргузоргардида ба пайдоиши бозиҳои панэллинӣ, ки иборатанд аз бозиҳои Делф (бозиҳои пифий), Коринф (ҷашнгириҳои халқии Юнони бостон) ва Немей (бозиҳои немейӣ) оварда расонданд.
Ин бозиҳо моҳияти махсус доштанд, зеро олами юнониро, ки дар он замонҳо Юнон як давлати ягона набуд ва аз чанд то шаҳрҳо – давлатҳо (обшинаҳои аз лиҳози сиёсӣ, иқтисодӣ мустақил) иборат буд,  муттаҳид намуданд.

Оштии муқаддас
Ба муносибати баргузории Бозиҳои панэллинӣ оштии муқаддас эълон мегардид. Ҷорчиён аз шаҳр ба шаҳр гашта рӯзи баргузории бозиҳоро эълон менамуданд. Онҳо даъват ба амал меоварданд, ки дар давраи бозиҳо ва баъд аз он ба хотири амнияти одамону варзишгарони ба мусобиқаҳо меомада ҷангҳо мутаваққиф гарданд. Таъмини фазои сулҳомез яке аз шартҳои муҳими баргузории зӯрозмоиҳо ба ҳисоб мерафт.

Бозиҳо барои худоён
Бозиҳои панэллинӣ мафҳуми бузурги диниро доро буданд. Ҳар бозӣ ба хотири мадҳу санои яке аз худоён бахшида мешуд:
- Зевс, шоҳи худоён, - дар Олимп ва Немей,
- Аполлон, Худои нур ва ақл, - дар Делфа,
- Посейдон, Худои баҳрҳо ва ҳомию пуштибони аспҳо, - дар Коринф.

Шарҳи макони баргузории бозиҳо дар Олимп
Аз чор бозиҳои панэллинӣ бозиҳои дар Олимп доир мегардида бисёр муҳим ва рӯйдоди махсус дар олами юнонӣ ба ҳисоб мерафтанд. Макони доиргардии зӯрозмоиҳо аз минтақаи муқаддаси Алтис ва девору минтақаи ашрофону ғайримазҳабиён иборат буд. Дар минтақаи муқаддас маъбадҳо ба шумули маъбади Зевс, қурбонгоҳҳо ва ганҷинаҳо қарор доштанд.
Ғайр аз варзишгарон ва мухлисон ба маҳали мусобиқа тоҷирону савдогарони зиёд меомаданд: теъдоди одамони дар Бозиҳои олимпӣ ҳузурдошта ба бештар аз 40 ҳазор мерасид.
(Идома дорад)
Таҳияи Раҷабалӣ ИСМАТУЛЛОЕВ


ТӮБИ БАСКЕТБОЛ БА ҶОИ ПРОТЕЗ
Соли 2000 - ум дар натиҷаи садамаи автомобилӣ духтарчаи чорсолаи чинӣ аз ду по маҳрум гашт. Хонаводаи вай дар яке аз ноҳияҳои дурдасти Чин зиндагӣ мекард ва дар он ҷо имкони гузоштани протези кӯдакона набуд. Инчунин, барои харидани протез хонаводааш шароити молӣ  надошт.
Дар синни даҳсолагӣ барои бароҳат ҳаракат кардани духтарак  ба бадани ӯ тӯби куҳнаи баскетболро бурида гузоштанд.
Ҳамдиёрон ҳангоми дидор ӯро «баскетболбоздухтар» гӯён ном мебурданд.  Духтарак аз чунин муносибат  намеранҷид, баръакс табассум мекарду ҳаракаташро идома медод.
Соли 2007 бахти духтарак хандид. Ба бемористон  протезҳои  аввалинро оварданд ва духтарак соҳиби пойи маснуӣ гашта, дубора  ҳаракат карданро  омӯхт.
Таҳияи Барноз  РАҲМОНШОЕВА


АНДАРЗҲОИ МОДАР ТЕРЕЗА
Ба мо камону туфанг даркор нест. Барои пирӯзӣ бар бадӣ меҳру ҳамдардӣ кофист.
***
Муҳаббати пок ва ғамхорӣ дармони беҳтаринанд.
***
Гуноҳи бузургтарини инсон на нафрат, балки бепарвоӣ дар ҳаққи одамон аст.
***
Нодории бузургтарин қалби аз муҳаббат тиҳист.
***
Сухани нек метавонад кӯтоҳ бошад, аммо он дар дилҳо беохир акси садо медиҳад.
***
Одамият оилаи мост. Ҳама барои дӯст доштан ва дӯстдошта будан офарида шудаанд. Меҳрубонӣ неруи бузургест, ки одамонро ба ҳам мепайвандад.
Таҳияи С. АЗИЗӢ


ВАЛЕРИ ЯК ҚИССАИ АҶИБ ДАР БОРАИ ПИРАЗАНИ 83-СОЛА
Пиразани 83 - сола Валери Ҷонсон, сокини шаҳри Вустершири Британия Кабир, хост ба беморхона равад. Ӯ бо мошини худ ба роҳ баромада, раҳгум мезанад. 8 соат мошин ронда, ҳеҷ не ки ба беморхона расад. Ниҳоят баъди тамом шудани сӯзишворӣ мошин қарор мекунад. Валери аз роҳгузарон мефаҳмад, ки ба ҷойи 10 км ӯ 480 км роҳ тай намуда, ба дигар шаҳр омадааст. Баъди аз мардуми маҳаллӣ ёрӣ талабидан, онҳо ба полис ва ёрии таъҷилӣ занг мезананд. Рӯзи дигар наздикони пиразан омада, ӯро ба хона мебаранд.
Таҳияи Ф. АЛИШЕР


35 МИЛЛИАРД БИЛЛ ГЕЙТС ОНРО БА КӢ ХАЙР КАРД?
Асосгузори корпоратсияи Microsoft ба маблағи 64 миллион доллар саҳмияи ширкаташро барои корҳои хайрия эҳдо намуд, ки 5 дарсади дороияшро ташкил медиҳад. Аммо гирандаи ин маблағи азим кист, маълум нест.
Пештар соҳиби ширкат пулҳои хайриявиашро ба унвони Бунёди Билл ва Мелинда (ҳамсари ӯ) интиқол медод, ки он бо такмили сохтори соҳаи маорифи ИМА, дастгирӣ ва нигаҳдории соҳаи тандурустӣ дар кишварҳои қашшоқ ва мубориза бо гуруснагӣ машғул мебошад.
Бузургтарин эҳдоро Билл Гейтс соли 1999 кардааст. Он вақт ӯ барои корҳои хайр аз саҳмияҳои  Microsoft ба маблағи 16 миллиард доллар ҷудо намуд. Соле пас боз 5,1 миллиард доллар. Дар маҷмӯъ ин марди саховатманд қариб 35 миллиард доллар хайр кардааст.
Зимнан, ёдовар мешавем, ки Пентагон то соли 2021 қариб 35 миллиард долларро барои рушди имкониятҳои ҳамлаи низомӣ сарф намудан мехоҳад.
Таҳияи Хуршеди ҶОВИД


ВИКТОРИЯ - КАЛОНТАРИН КӮЛИ АФРИҚО
Дар системаи қаторкӯҳҳои шарқии Африқо яке аз зебоиҳои табиати олам - кӯли Виктория ҷойгир шудааст.
Виктория калонтарин кӯли тропикии ҷаҳон ва қитъаи Африқо ба шумор меравад. Он дар масоҳати 68 ҳазор километри мураббаъ доман густурдааст. Дарозиаш 320 ва паҳноияш 274 километр буда, ҷойи жарфтарини он  80 метрро ташкил медиҳад. Қобили тазаккур аст, ки оби кӯли Виктория ба дарёи дарозтарини олам - Нил ҷорӣ мешавад. Дар он моҳидорӣ рушд карда, зиёда аз 100 намуд шикор карда мешавад.
Мардуми таҳҷоӣ кӯлро «Нянза» ном мебаранд, ки маънояш «кӯли худӣ» мебошад. Онро соли 1858 сайёҳи англис Ҷон Спик кашф намуда, ба шарафи маликаи Британияи Кабир «Виктория» ном гузоштааст. Бино ба гуфтаи муаррихон кӯл таърихи 400 ҳазорсола дошта, дар ин муддат як маротиба хушк шудааст.
Таҳияи Комрон САФАР


ОЗМОИШ
Ҳайати профессор -  инженерҳоро барои озмоиши тайёраи нав даъват карданд. Пеш аз парвоз,  капитан олимонро хушомадед гуфта, эълон кард, ки тайёраро маҳз шогирдони онҳо сохтаанд.
Баробари шунидани ин сухан, профессорон аз болои ҳам парида, сӯи баромадгоҳ шитофтанд.  Ба истиснои як нафаре, ки наҷунбида менишаст. Капитани аз ин амали ғайриинтизор ҳайратзада аз ӯ мепурсад:
- Шумо чӣ нишастаед?
- Ин мардум фикр карданд, ки тайёра парвоз мекунаду мо чаппа мешавем, барои ҳамин девонавор мағал бардоштаанд. Ман шогирдони худро хуб мешиносам. Агар дар ҳақиқат  ҳам тайёраи моро онҳо сохта бошанд,  паридан он тараф истад, ин ҷонвар ҳатто аз ҷояш намеҷунбад, - оромона мегӯяд профессор.
Таҳияи Л. РИЗОӢ


Хислатҳои наҷиби шахсиятҳои бонуфузи ҷаҳон
НАПОЛЕОН БОНАПАРТ
Дар дунё нафароне ҳастанд, ки бо корнамоии худ дар таърих ном бароварда, чун намуна ба дигарон ёд мешаванд. Наполеон Бонапарт аз шумори онҳост. Наполеон хеле ҷавон ба сари кор омад. Дар синни 16 - солагӣ афсар шуда, дар 24  - солагӣ унвони генералиро ба даст овард. Сипас, дар синни 34 император мешавад. Қадаш 169 см ва аз рӯи баъзе манбаъҳо 159 см  буд, ки Наполеонро хеле нороҳат мекард. Ҳамеша аз пастии қади худ шарм медошт, аз ин хотир, дар қароргоҳаш ҳамаи афсарҳои қадпастро ҷамъ меовард. Ӯ академики Академияи илмҳои Фаронса буда, математикаро хуб медонист. Гарчанде Наполеон  император, академик ва шахси ҷасуру бераҳм буд, аммо аз гурба метарсид. Вақте Наполеон дар пост афсари хобидаро медид, ба ҷойи танбеҳ худаш аслиҳаро гирифта, то саҳар посбонӣ мекард. Вай, инчунин, кулоҳҳои гуногунро дӯст медошт ва зиёда аз 200 намуди онро дошт.
Гарчанде таваҷҷуҳи Наполеон ба ҷинси латиф зиёд буд, танҳо як ҳамсар дошт: Ҷозефин Богарне. Ҷозефин аз ӯ 6 сол калон буд.
Наполеон дар як шабонарӯз ҳамагӣ 3 соат мехобид. Дар тамоми умраш қариб, ки ягон маротиба бемор нашудааст. Хотираи хуб дошта, 1000 афсарашро ном ба ном медонист ва дар 1 дақиқа зиёда аз 2000 калима мехонд.
Таҳияи Нигина РАҲМОН


14 МАВЗЕЕ, КИ БА НОМИ ҶАҲОНГАРДОНИ БУЗУРГ ГУЗОШТА ШУДААСТ
5. Кӯҳи Кук
Қуллаи баландтарини Зеландияи Нав 3754 метр  буда, дар ҷазираи Ҷанубӣ – Боғи миллии Аораки Маунт Кук воқеъ аст. Ҳавояш софу беғубор, вале зудтағйирёбанда мебошад: гоҳе офтобиву гоҳе боронӣ.
Аҷибаш он ки баландии кӯҳ то охирҳои асри ХХ 3764 метрро ташкил медод, аммо 14 декабри соли 1991, бар асари аз қулла ҷудо шудани беш аз 10 миллион тонна ҷинсҳои кӯҳӣ, барф ва яхпораҳо  кӯҳи Кук 10 метр пасттар шуд.
Кӯҳ ба хотири машҳуртарин муҳаққиқ, кашшоф, харитасози англис, узви Ҷамъияти шоҳии Лондон оид ба  такмили донишҳои табиатшиносии Британияи Кабир Ҷеймс Кук, ки дар пешрафти илми география саҳми назаррас дорад, гузошта шудааст.
Пажӯҳишгари англис ба Зеландияи Нав ҳанӯз дар давраи аввали саёҳати ҷаҳонии худ (солҳои 1768 – 1771) омада буд. Ӯ гулӯгоҳеро, ки дар миёни ҷазираҳои Шимолӣ ва Ҷанубӣ ҷойгир аст, кашф намуда, исбот кард, ки  Зеландияи Нав на як қисми қитъаи номаълум, балки ду пораи алоҳидаи хушкӣ мебошад.
Тарҷумаи Ш. ШОКИР


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 25.08.2017    №: 181    Мутолиа карданд: 665

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ

Ҷамъоварии $482 миллион ба ёрии мардуми Ироқ

Назарбоев ташкили Созмони амнияти дастаҷамъии Осиёро пешниҳод дорад

Ҷонибдории Ангела Меркел аз ташкили артиши ягонаи аврупоӣ

Дар Тошканд Ҳафтаи соҳибкории глобалӣ шурӯъ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН – 2018. Иштироки се бонуи муштзани тоҷик

БОНКИ МИЛЛӢ. Иқдоми наҷиб

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд

Аврупо дар бозёбии партовҳои уран дар Тоҷикистон саҳм мегирад

Москва аз ҷумлаи даҳ шаҳри беҳтарини дунёст

Гунаҳгорони ҳалокати 52 ӯзбекистонӣ зиндонӣ шуданд

Чин дар ҷаҳон калонтарин воридкунандаи газ

Ҷаҳон дар як сатр

ҚУБОДИЁН. 48 медали варзишгарон дар нуҳ моҳ

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад

ЭКСПО дар Шанхай: шартномаҳо ба маблағи қариб $60 миллиард ба тасвиб расиданд

Сӯхтори ҷангал дар Калифорния боиси ҳалокати 25 нафар гашт

Ҷаҳон дар як сатр

ВАХШ. Суратҳисоби бонкӣ барои ятимон

ОЛИМПИАДАИ “GENIUSKIDS – 2018” 35 медали хонандагони тоҷик

САМБО. Хушқадам Хусравов – қаҳрамони ҷаҳон

09.11.2018


Ҳамоишҳои ҷавонон бахшида ба Рӯзи Президент

Баррасии масоили рушди ҳамкориҳо

Мулоқоти Юсуф Раҳмон бо Кристофер Рэй


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед