logo

ҳуқуқ

ПУРСИШ ва ПОСУХ

Ба саволҳо Ғуфрон БОЙМАТОВ - узви Иттифоқи адвокатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Фарҳод ТОИРОВ, менеҷери департаменти муносибат ва ҳимояи Ташкилоти ҷамъиятии Ассотсиатсияи миллии занони соҳибкори Тоҷикистон, ҷавоб доданд. Зимнан, агар хонандагони гиромӣ пурсише доранд, метавонанд бо телефони 238-54-16 ба мо муроҷиат намоянд.


- Панҷ сол пеш манзили истиқоматиеро, ки айни замон бо аҳли оилаам дар он зиндагӣ дорам, харида будам. Соҳибмулки  манзили истиқоматӣ, вақте  маблағи хонаро ба ӯ пурра пардохт  намудам, ҳуҷҷатҳоро  дода, дар хусуси хонаро  ба  ман фурӯхтанаш забонхат навишт. Ваъда дод, ки пас аз  барқарор намудани шиносномаи  гумшудааш, шартномаи харидуфурӯшро  дар  идораи  нотариалӣ  ба расмият медарорад. Аз байн қариб ду сол мегузарад, вале аз ӯ дарак нест. Ба гуфтаи баъзе шиносҳояш, як сол пеш бо аҳли оилааш ба Федератсияи Русия кӯчида рафтааст. Бигӯед, ки оё ман метавонам бе иштироки соҳиби хона ҳуҷҷатҳоро ба номи худам ба расмият дарорам?
Ш. Азизов, сокини шаҳри Хуҷанд

- Не, бе ҳузури соҳибмулки манзили истиқоматӣ дар идораи нотариалии давлатӣ шартномаи харидуфурӯши манзили истиқоматӣ ба расмият дароварда намешавад. Дар чунин ҳолат шумо метавонед бо пешниҳод намудани ҳуҷҷатҳои зарурӣ ба суд бо ариза “Оид ба муқаррар намудани воқеияти ҳолати баста шудани шартномаи харидуфурӯши манзили истиқоматӣ” муроҷиат намуда,  танҳо пас аз эътибори қонунӣ пайдо кардани ҳалномаи судӣ соҳибмулки манзили истиқоматии харидаатон гардед.

- Соли 2016 писареро ба фарзандхондӣ қабул карда будам, вале аз уҳдаи тарбияи ӯ баромада  натавонистам. Барои бемасъулиятӣ дар тарбияи фарзанд борҳо нисбат ба ман ҷазои маъмурӣ татбиқ шуд. Оё метавонам, ки фарзандхондиро дар асоси қонун бекор кунам?
Н. Ситора, ноҳияи Бохтар

- Мақсади асосии фарзандхондӣ барои кӯдак муҳайё сохтани шароити мусоиди таълиму тарбия дар оила мебошад. Аммо, тавре ба мушоҳида мерасад, на ҳама вақт шахсони кӯдакро ба фарзандхондӣ қабулкарда аз уҳдаи ин вазифаи басо масъулиятнок мебароянд. Барои ҳамин ҳам, қонунгузорӣ бекор кардани фарзандхондиро пешбинӣ кардааст ва он танҳо бо роҳи судӣ анҷом дода мешавад. Яъне, шумо метавонед ба тариқи дахлдор ариза тартиб дода, ба суди маҳали зистатон пешниҳод намоед. Саркашӣ кардан аз иҷрои вазифаҳои падару модарӣ яке аз асосҳои бекор кардани фарзандхондии кӯдак мебошад.
Шуъбаи ҳуқуқи рӯзномаи “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 25.08.2017    №: 181    Мутолиа карданд: 686
03.07.2020


ХУҶАНД. ИФТИТОҲИ ГУЗАРГОҲИ ЗЕРИЗАМИНӢ

ЗАРУРАТИ ТАВСЕАИ ҲАМКОРИҲО ТАЪКИД ГАРДИД

ДАР ТОҶИКИСТОН АЗ КОРОНАВИРУС 4690 БЕМОР ШИФО ЁФТ

ДЗЮДО. КУРСИ ТЕХНИКӢ БАРОИ МУРАББИЁН

АЛЕКСАНДР ЛУКАШЕНКО: «БЕЛАРУС БАР КОРОНАВИРУС ҒОЛИБ ОМАД»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

02.07.2020


77 ДАРСАДИ БЕМОРОН ДАР ТОҶИКИСТОН СИҲАТ ШУДАНД

КУМАКИ ШИРКАТИ “ПОМИР ЭНЕРҶИ” БА НИЁЗМАНДОН

ҚАРИБ 650 ШАҲРВАНДИ ТОҶИКИСТОН АЗ РОССИЯ БАРГАШТ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

01.07.2020


ҚАРОР ДАР БОРАИ ТАЪЙИН ВА ПАРДОХТИ КУМАКПУЛИИ ИҶТИМОӢ

4568 МУБТАЛОИ COVID – 19 ДАР ТОҶИКИСТОН ШИФО ЁФТ

ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ИҚТИСОДИИ ИДМ

НИШАСТИ САТҲИ БАЛАНД ДАР ҚОЛАБИ С5+1

ЛИГАИ ОЛӢ. ЭҲСОН ВА ВИТАЛИЙ БЕҲТАРИНҲОИ МОҲИ ИЮН

НАҚШАИ РУШДИ ИДМ БО НАЗАРДОШТИ COVID-19 ТАТБИҚ МЕШАВАД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

30.06.2020


МУРАШКО: «РОССИЯ ОМОДА АСТ, ВАКСИНАҲОИ КОРОНАВИРУСРО БА БОЗОРИ ҶАҲОНӢ ВОРИД СОЗАД»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

26.06.2020


75 ДАРСАДИ СИРОЯТЁФТАГОНИ COVID – 19 ДАР ТОҶИКИСТОН ШИФО ЁФТАНД

БОХТАР. ХИЗМАТЧИЁНИ ДАВЛАТӢ САВГАНД ЁД КАРДАНД

ФУТБОЛ. БОЗИИ РАФИҚОНАИ ДУ КИШВАРИ ДӮСТ

СУТ ХУРУҶИ НАВИ КОРОНАВИРУСРО ДАР АВРУПО ТАСДИҚ НАМУД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

25.06.2020


COVID – 19. ДАР ТОҶИКИСТОН 4194 СИРОЯТЁФТА СИҲАТ ШУД

24.06.2020


ХУШХАБАР. ДАР ТОҶИКИСТОН 73,8 ДАРСАДИ МУБТАЛОЁНИ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТАНД

АРАБИСТОНИ САУДӢ ҲАҶРО БАРОИ ЗОИРИНИ ХОРИҶӢ МАНЪ КАРД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

23.06.2020


ТОҶИКИСТОН. БОЗ 44 СИРОЯТШУДА СИҲАТ ШУД

АШТ. ОҒОЗИ МУМФАРШКУНИИ РОҲИ ШАЙДОН - ПОНҒОЗ

БОЗГАШТИ ШАҲРВАНДОНИ ТОҶИКИСТОН АЗ ҚАЗОҚИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН

ТАБИБОН НИШОНАҲОИ АСОСИИ КОРОНАВИРУСРО ДАР КӮДАКОН МУАЙЯН НАМУДАНД

ЛИГАИ НАВРАСОН ФАРДО БО ИШТИРОКИ 9 ТИМ ОҒОЗ МЕШАВАД

ИҚТИСОДИ ҶАҲОНӢ АЗ ПАНДЕМИЯ КАМАШ $126 МИЛЛИАРДРО ТАЛАФ ДОД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед