logo

иқтисод

ШАЙДОН. ЗИНДАГӢ РАНГИ ТОЗА МЕГИРАД!

Дар маркази маъмурии ноҳияи Ашт-шаҳраки Шайдон мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани  як қатор иншооти нав, назири корхонаҳои коркарди санги хорою меваи хушк, маркази хизматрасониву фарҳангӣ, ҳамзамон, таъмири  асосии  роҳҳои автомобилии дохилишаҳрӣ  симои ин гӯшаи диёрро ба куллӣ дигаргун сохтанд.

Сокинони шаҳраки Шайдон  аз он хушҳолу сарфарозанд, ки  дар рӯзҳои баргузории чорабиниҳои наврӯзии  соли 2016  бо иштироки бевоситаи Асосгузори сулҳу  ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам  Эмомалӣ  Раҳмон  дар  маркази  ноҳия Театри мусиқӣ - драмавии ба номи Маҳмудҷон Воҳидов барои 800 ҷой ба маблағи 22 миллион сомонӣ ва чойхонаи бо нақшу нигори миллӣ ороёфта ба маблағи 2 миллион сомонӣ ба истифода дода шуданд. Дар ин иншоот имрӯзҳо чорабиниҳои гуногуни фарҳангию фароғатӣ гузаронда мешаванд.   
Ба гуфтаи Наврӯз Рустамзода, раиси шаҳраки Шайдон, «ҳоло аҳолии маркази ноҳия аз 23 ҳазор нафар гузаштааст. Ин моро водор месозад, ки ба масоили пешрафту шукуфоии шаҳрак, ҳаллу фасли масъалаҳои зиёди хоҷагиву манзилӣ, рушди иқтисодию иҷтимоии он тадбирҳои муассир биандешем. Ҳамзамон, якҷо бо аҳли ҷомеаи шаҳрак, ки аксариятро ҷавонони созандаву соҳибкор ташкил медиҳанд, мақоми Шайдонро аз шаҳрак ба шаҳр табдил диҳем. Ҳар рӯз ду - се соҳибкор барои бунёди ин ё он иншоот пешниҳод манзур медорад. Бо назардошти он ки дар шаҳрак теъдоди марказҳои хизматрасонӣ, фарҳангӣ, нуқтаҳои савдо ба маротиб афзудаанд, акнун таваҷҷуҳи соҳибкоронро ба бунёди ишооти азимтар- биноҳои баландошёна, корхонаҳои саноатии истеҳсолӣ ҷалб карда истодаем».
Мушоҳидаҳои мо нишон доданд, ки дар маркази ноҳия  корҳои сохтмонӣ босуръат идома доранд. Сохтмони бинои нави дуошёнаи маркази хизматрасонӣ ба охир расида, корҳои охири ороишӣ ва насби таҷҳизот идома доранд ва дар назар аст, то Рӯзи Истиқлолияти давлатӣ мавриди истифода қарор гирад. Дар ҷои дигар сохтмони иншооти нисбатан бузургтар давом дорад.
 - Ин ҷо Хонаи пешоҳангон бунёд мешавад. Таҳияи лоиҳаро меъмори маҳаллӣ Дилбархон Раҳмонова анҷом додааст, ки хеле ҷолиб аст, -  мегӯяд раиси шаҳрак. Хонаи пешоҳангон то охири сол бунёд ёфта,  хонандагон бо тамоми шароити замони муосир таъмин хоҳанд шуд. Дар назар аст, ки ҷиҳати омода кардани мутахассисон аз рӯйи тахассусҳои гуногун  ин ҷо наздик ба 20 маҳфил фаъолият намояд.
Солҳои охир теъдоди муҳоҷирони корӣ аз маркази ноҳия дар қиёс ба соли 2010 то 2 маротиба коҳиш ёфтааст. Ин бесабаб нест, зеро дар маркази ноҳия иншооти зиёди хурду миёнаи хизматрасонӣ ва истеҳсолӣ ба истифода дода шуда, ҷойҳои  нави корӣ таъсис меёбанд.       
Ҷовиди АШТӢ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 25.08.2017    №: 181    Мутолиа карданд: 490

22.02.2019


Ҷаласаи Комиссияи сетарафаи танзими муносибатҳои иҷтимоию меҳнатӣ

Забони тоҷикӣ таърихи зиёда аз чорҳазорсолаи хату алифбо дорад

ББТ барои фаъолияти оператори низоми пардохтии “Осон” иҷозатнома гирифт

МАВСИМИ НАВИ ЛИГАИ ОЛӢ МОҲИ АПРЕЛ ОҒОЗ МЕГАРДАД

Путин самтҳои асосии сиёсати хориҷии Россияро тавзеҳ дод

Хадамоти вижаи 7 кишвари ИДМ машқи "Арарат-Антитеррор" мегузаронанд

Чин дар кайҳон неругоҳи барқи офтобӣ месозад

21.02.2019


ХУҶАНД. Оғози сохтмони бинои нави «Тоҷикстандарт»

ФУТБОЛ. Тақвими бозиҳои тими мунтахаби олимпии кишвар муайян гардид

Табибон аз Тотористон бо ҳампешаҳои тоҷики худ мубодилаи таҷриба мекунанд

Роҳандозии лоиҳаҳои инноватсионӣ дар Қазоқистон

Дар Ҳиндустон 13 иштирокдори тӯй зери чархи мошини боркаш монд

Сӯхтор сабабгори марги ҳафт кӯдак дар Канада

Ҷаҳон дар як сатр

19.02.2019


МАКТАБИ ДАВЛАТДОРИИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН. ЯК ҲАМОИШИ МУҲИМ

Баррасии масъалаҳои рушди сайёҳӣ

Вохӯрии Низомиддин Зоҳидӣ бо Мазен Шамия

Дурнамои рушди муносибатҳо матраҳ гардид

ҶОМИ КУШОДАИ АВРУПО. Муҳаммадризо Қувватов медали биринҷӣ ба даст овард

Авҷи ниҳолшинонӣ

Саҳми соҳибкорон дар ободии деҳот

Ҳамкории тиҷоратию иқтисодии Чин ва Россия густурдатар мегардад

Сарвар Дониш: «Музокироти сулҳ бидуни ҳукумат қурбе надорад»

«Туҳфаи шоҳона» - и Арабистони Саудӣ ба шаҳрвандони Покистон

Дар Қазоқистон маркази амнияти иттилоотӣ ифтитоҳ меёбад

Сокини навраси Шимкент ду нафарро аз сӯхтор наҷот дод

Ҷаҳон дар як сатр

18.02.2019


Боздиди Азим Иброҳим аз ҷараёни корҳои сохтмонӣ

ВКД Ҷиноятҳо 83,6 дарсад ошкор шуданд

Вазорати молия. Барои дастгирии буҷет маблағи бештар ҷалб хоҳад гашт

«BISHKEK OPEN – 2019». Дурахши каратэ-дочиёни навраси тоҷик

«МОҲИЯТ ВА ТАЪЙИНОТИ МАТБУОТИ МАҲАЛЛӢ»

РОҒУН. Ободонӣ вусъат меёбад

АНДОЗ. Нақша 100, 6 дарсад иҷро гардид


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед