logo

иқтисод

ПАРДОХТИ ҒАЙРИНАҚДӢ ВА НАҚШИ ОН ДАР РУШДИ МОЛИЯВӢ

Таҳлилу тадқиқоти пажӯҳишгоҳҳои бонуфузи байналмилалӣ ва бонкҳои марказӣ нишон дод, ки истифодаи оммавии кортҳои пардохт ҳангоми харидуфурӯш ба шаффоф гаштани амалиёти молиявӣ, зиёдшавии ҳаҷми амонатҳо ва коҳишёбии иқтисодиёти пинҳонӣ мусоидат менамояд. Рушди бозори кортҳои пардохтӣ, ҳамчунин, яке аз омилҳои муҳими коҳиш додани ҳаҷми пули нақд дар муомилот мебошад.
Ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ дар марказҳои савдову хизматрасонии ҷумҳурӣ на танҳо барои давлат, балки барои муштарӣ ва савдогар низ муфиданд. Зеро ҳангоми истифодаи кортҳои пластикӣ ҳар амалиёти байни савдогару харидор дар хотираи электронӣ сабт мегардад ва дар ҳолати зарурӣ дорандаи корт метавонад ба бонки худ муроҷиат карда, тафсилоти амалиёти анҷомдодаашро дар рӯзи муайян дархост намояд. Ғайр аз ин, дар сурати бо истифодаи корт ба роҳ мондани фурӯши маҳсулот маблағ ба таври автоматӣ ба суратҳисоби соҳибкор ворид гашта, хароҷот ва вақт сарфа мешавад.
Солҳои 60 - 70 - уми садаи гузашта бонкҳои кишварҳои гуногун тадриҷан низоми ҳисоббаробаркуниҳоро тавассути кортҳои пардохтӣ ҷорӣ карданд ва он зуд хусусияти байналмилалӣ касб намуд. Дар замони муосир воситаҳои ҳисоббаробаркуниҳои ғайринакдӣ ба зинаи сифатан нави таҳаввулот мегузаранд. Масалан, аз рӯи маълумоти Бонки ҳисоббаробаркуниҳои байналмилалӣ, дар Шведсия, пули нақд танҳо 3 ва дар ИМА 7 дарсади ҳаҷми умумии муомилоти пулиро ташкил медиҳад. Дар Тоҷикистон ин низом дар ҳоли оғозёбӣ қарор дошта, алҳол 18,5 дарсади аҳолӣ соҳиби кортҳои пардохтии бонкӣ мебошад.
Мувофиқи иттилои шуъбаи матбуоти Бонки миллӣ, то охири моҳи июни соли равон аз ҷониби 16 ташкилоти қарзии ватанӣ 1 686 419 корти пардохтии бонкӣ ба муомилот бароварда шудааст, ки нисбат ба соли гузашта 8,1 дарсад зиёд аст. Шумораи умумии дорандагони кортҳои пардохтии бонкӣ 1 663 935 нафарро ташкил медиҳад. Кортҳои пардохтии бонкии аз ҷониби ташкилотҳои қарзии ватанӣ ба муомилот баровардашуда, низомҳои пардохти миллии “Корти миллӣ” (аз ҷумла, кортҳои пардохтии муштараки НПМ “Корти миллӣ”- Union Pay), байналмилалии “Visa”, “Mastercard” ва “UnionPay”, инчунин, кортҳои пардохтии низомҳои дохилии ташкилотҳои қарзӣ мебошанд.
Бонки миллӣ ҳанӯз соли 2012 бо мақсади такмили низоми пардохт, таъмини соҳибихтиёрӣ ва коҳишдиҳии хавфи таъсири омилҳои беруна ба инфрасохтори пардохтии мамлакат маркази протсессингии Низоми пардохти миллии (НПМ) “Корти миллӣ”- ро созмон дод. Тибқи санадҳои меъ-ёрии Бонки миллӣ ташкилотҳои қарзие, ки ба барориш ва хизматрасонии кортҳои пардохтии бонкӣ машғуланд, ба таври ҳатмӣ бояд хизматрасонии кортҳои миллиро амалӣ намоянд. Аз ин лиҳоз, дорандагони кортҳои пардохти миллӣ имкон доранд, ки аз шабакаи васеи терминалии ташкилотҳои қарзии ватанӣ истифода баранд.
Тибқи маълумоти Бонки миллӣ, маблағи ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ 3 миллиарду 879,8 миллион сомониро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 17,5 дарсад зиёд мебошад. Аз ҳаҷми умумии амалиёти бо истифодаи кортҳои пардохтӣ иҷрогардида танҳо 4,5 дарсади он ё 175,1 миллион сомонӣ ба пардохти ҳаққи молу хизматрасонӣ рост меояд. 
Таҳлили мутахассисони Бонки миллӣ нишон медиҳад, ки солҳои охир дар ҷумҳурӣ шабакаи терминалии ташкилотҳои қарзӣ мунтазам афзоиш ёфта, шумораи истифодабарандагони кортҳои пардохт бештар мешавад. Дар баробари ин, бештари кортҳои пардохт ба кортҳои нафақавӣ ва музди меҳнати корхонаҳои буҷетӣ мансуб буда, шаҳрвандон онҳоро ҳамчун воситаи гирифтани пули нақд истифода мебаранд. Ин дар ҳолест, ки кортҳои пардохтро дар муассисаҳои савдою хизматрасонӣ ҳамчун воситаи ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ истифода бурдан мумкин аст.
Дар натиҷаи андешидани тадбирҳо бо мақсади иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (№815) “Оид ба тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ тавассути кортҳои пардохтии бонкӣ”, аз ҷумла таъсис додани ҳайати муштараки корӣ аз ҳисоби намояндагони Кумитаи андоз ва Бонки миллӣ, дар се моҳи охир шумораи терминалҳои электронӣ дар муассисаҳои савдою хизматрасонӣ босуръат афзуда, ташкилотҳои қарзӣ 574 терминали нави электронӣ насб намуданд. Ҳоло 523 дархости соҳибкорон оид ба насби терминалҳои электронӣ мавриди баррасии ташкилотҳои қарзӣ қарор дорад. Дар маҷмӯъ то 1 июли соли равон дар муассисаҳои савдо ва хизматрасонии кишвар 1399 терминали электронӣ насб гардидааст, ки нисбат ба соли гузашта  зиёд мебошад.
Шаҳноз ҚУРБОН, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 25.08.2017    №: 181    Мутолиа карданд: 768

03.05.2019


 ТАВСЕАИ ҲАМКОРИҲОИ СОХТОРҲОИ ГЕОЛОГИИ ТОҶИКИСТОНУ ӮЗБЕ-КИСТОН

 МУЛОҚОТИ ИСМАТУЛЛО НАСРЕДИН БО МЕҲР ХОЛИД

 ФИЛМИ «ТАНГНО» АЗ ҚАЗОН БО ҶОИЗА БАРГАШТ

 ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ФАЪОЛИЯТИ ОПЕРАТОРИ НИЗОМИ ПАРДОХТӢ

 ЁВОН. БУНЁДИ 341 ИНШООТ ТО ҶАШНИ ФАРХУНДА

 ВАРЗОБ. ФАРДО АЗ ИМРӮЗ ЗЕБОТАР ХОҲАД ШУД

 ОЛМОН ЗИДДИ ВУРУДИ НИЗОМИЁН БА ВЕНЕСУЭЛА

 ДАР ҲИНДУСТОН АЗ ХАТАРИ ТУНДБОДИ «ФАНИ» БЕШ АЗ 800 ҲАЗОР НАФАР КӮЧОНДА ШУД

 ПАРЛАМЕНТИ ҚИРҒИЗИСТОН КОРКАРДИ КОНҲОИ УРАНРО БОЗДОШТ

 ДАР ТУРКМАНИСТОН НАРХИ ЧИПТАИ ҲАВОПАЙМОҲО ДУ БАРОБАР БОЛО РАФТ

ТУРКИЯ СЕЮМ КИШВАРИ САБЗТАРИНИ ДУНЁ ЭЪТИРОФ ШУД

02.05.2019


 Ҳадияи раиси шаҳр ба ифтихори 74 – умин солгарди Рӯзи Ғалаба

 Мулоқоти Хусрав Нозирӣ бо Муҳаммад ибни Абдураҳмон

 Баррасии фаъолияти ҳуқуқэҷодкунӣ дар кишвар

 ҶОМИ КФО. Пирӯзии «Истиқлол» бар «Дордой»

 Баргузории мизи гирд доир ба дипломатияи мардумӣ дар Тошканд

 Ҷонибҳои тақобули Сурия қисме аз масоили баҳсиро ҳал намуданд

 ЮНИСЕФ: "Беш аз 2 миллион нафар мардуми Ангола аз хушксолӣ дар азоб аст"

Дар Ҷопон давраи нави Рэйва оғоз ёфт

 Ҷаҳон дар як сатр

01.05.2019


Ноболиғони тоҷик ба Ватан баргардонда шуданд

Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Ҳамад Солим

Рушди иҷтимоиву иқтисодии минтақаҳои кишвар матраҳ гардид

Се собиқадори тоҷик дар паради Ғалаба дар Москва ва Санкт - Петербург ширкат мекунанд

Дар Венесуэла исён зидди ҳукумат бебарор анҷом ёфт

Дар Либия 345 нафар қурбони бархӯрди мусаллаҳона гашт

Истеҳсоли рекордии чой дар Кения

Дар Париж ба барҷастатарин занҳои олим арҷгузорӣ намуданд

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

23.04.2019


ДЗЮ – ДО. Медали нуқраи Темур Раҳимов аз Чемпионати Осиё

Тиб. Муваффақияти камназири ҷарроҳони рус

Пирӯзии Зеленский дар интихоботи Украина

Фоҷиа дар Шри-Ланка Теъдоди қурбониён ба 300 нафар расид

Лукашенко Россияро ҳомии истиқлолияти Беларус номид


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед