logo

иқтисод

БЕОБӢ ДАР НОҲИЯИ ТЕМУРМАЛИК. СОКИНОН САРСОНУ МАСЪУЛОН НОЧОРАНД

Чанде қабл ба идораи рӯзномаи «Ҷумҳурият» аз ҷониби як гурӯҳ сокинони Ҷамоати деҳоти Саидмуъмин Раҳимови ноҳияи Темурмалики вилояти Хатлон номае расид, ки дар он аз мушкилоти дастрасӣ ба оби ошомиданӣ нақл мешавад.
Барои омӯзиши масъала ба ноҳияи Темурмалик омадем ва бо масъулону сокинони Ҷамоати деҳоти Саидмуъмин Раҳимов суҳбат кардем. Шиносоии мо нахуст аз пойгоҳҳои обкашӣ шурӯъ шуд. Тавре маълум гашт, то ҷамоати деҳоти мазкур ҳамагӣ 18 километр хати об мавҷуд аст, ки тавассути ду пойгоҳ обёрӣ мешавад. Аз пойгоҳи аввал бояд об аз чоҳи амудӣ ба обанбори дигар 12 километр интиқол дода шавад. Аз он ҷо тавассути насос обро 6 километр то ҷойи ниҳоӣ мерасонанд. Мутаассифона, насоси пойгоҳи аввали обкашӣ, ки иқтидораш калон аст, аз аввали соли ҷорӣ аз кор мондааст. Ба гуфтаи масъулон, ин насос соли 1969 насб гардида, то ҳол иваз нашудааст. Аз сабаби муҳлати истифодааш гузаштан, баъзе аз қисмҳои он корношоям гардидаанд. Ин пойгоҳҳо аз ду обанбор иборат буда, яке 150, дигаре 250 мукааб об мебарад.
Вақте ба ҷамоат омадем, дидем, ки мардум бо хару ароба об мекашонданд. Маълум гардид, ки онҳо аз ягона чашмае, ки бо миқдори хеле кам ва оби шӯр ба деҳаи Ҳасанбег меомад, об мегирифтаанд. Оби ин чашма воқеан қобили нӯшидан набудааст. Иззатулло Ғураев, муовини раиси ҷамоат, зикр сохт, ки аз даҳ деҳаи ҷамоат танҳо се деҳа тавассути насосҳо обёрӣ мешаванд, боқимонда аз оби чашмаҳо истифода мебаранд.

Сокинон барои дастрасӣ ба об навбат меистанд
Назаралӣ Шовалиев, сокини деҳаи Ҳасанбег, иброз дошт, ки ҳоло вақти таътили хонандагон аст, аммо фарзандони онҳо ба ҷои фароғат дар истироҳатгоҳҳои кӯдакона, дар ин мавсим вақти худро аксаран дар навбати об мегузаронанд, то барои аҳли хонавода ва чорво об кашанд. Ин ҳолат дар вақти таҳсил низ боиси нигаронии волидон аст. Зеро хонандагон баъди дарс ба ҷои иҷрои вазифаҳои хонагӣ соатҳо дар навбати об меистанд. Шоҳидони ҳол мегӯянд, ки ғайр аз ин, аз дарёи Сурхоб оби фурӯшӣ меоранд, ки як мошинаш 200 сомонӣ мебошад, вале на ҳама имкони дар як моҳ харидани чанд мошин обро дорад.

Дастури қатъии раиси вилоят
19 августи соли ҷорӣ дар ноҳияи Темурмалик рӯзи қабули шаҳрвандон аз ҷониби раиси вилояти Хатлон Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода сурат гирифт. Назир Ҳиматов, сокини ҷамоати мазкур, ба раиси вилоят гуфт, ки сокинони ҷамоат аз аввали соли ҷорӣ инҷониб ба оби тозаи ошомиданӣ дастрасӣ надоранд. Ӯ хост, ки ин мушкили онҳо зудтар ҳалли худро ёбад. Раиси вилоят аз ҳамаи арзу шикоятҳои пешниҳодшуда ба ин масъала таваҷҷуҳи бештар зоҳир намуда, ба масъулони идораи обтаъминкунии вилоятӣ ва ноҳиявӣ дастур дод, ки ҳар чи зудтар барои таъмири насоси обкашӣ чораҷӯӣ намоянд. Ҳамчунин, раиси вилоят таъкид кард, ки сокинон низ бояд қарзи истифодаи обро сари вақт пардохт кунанд. Аммо ҳанӯз маълум нест, ки кай масъулон дастури раиси вилоятро иҷро менамоянд.
Ба эътирофи Эмомиддин Аслзода, раиси ноҳияи Темурмалик, низ норасоии оби ошомиданӣ дар ноҳия яке аз мавзӯъҳои ҳалталаб ба ҳисоб меравад.

Қарз болои қарз
Маҳмадсаид Раҳмонов, раиси корхонаи истифодабарии оби нӯшокии деҳоти ноҳия, гуфт, ки қарзи сокинони  ноҳия аз истифодаи оби ошомиданӣ 78 ҳазору 800 сомониро ташкил медиҳад. Аз ин 15 ҳазораш ба сокинони Ҷамоати деҳоти Саидмуъмин Раҳимов рост меояд. Корхонаи обрасон бошад, аз ҳаққи истифодаи барқ 85,5 ҳазор сомонӣ ва дигар намуди андозҳо 214 ҳазор сомонӣ қарздор аст.
- Ду моҳ қабл, вақте ба ин вазифа таъйин шудам, насоси пойгоҳи аввали обкашӣ аллакай кор намекард. Барои ҳалли мушкилоти аҳолӣ аз ҳисоби худам ду маротиба насосро таъмир кардам, ки панҷ ҳазор сомонӣ масраф шуд, вале баъди омадани ҳамагӣ чанд литр об насос дубора аз кор монд, - мегӯяд М. Раҳмонов.

Пас чӣ бояд кард?
Идораҳои дахлдор ва сокинон барои харидории қисми вайроншудаи насос ҳамоно сармоя меҷӯянд. Масъулон мегӯянд, ки, мутаассифона, ин қисми насос хеле камёфт аст, зеро он дар замони шӯравӣ истеҳсол шудааст. Харидани насоси нав бошад, хеле гарон меафтад. Ҳоло умеди ягонаи мақомоту сокинон қисми истифодашудаи насос аст, ки аз шаҳри Қӯрғонтеппа бо нархи 22 ҳазор сомонӣ дарёфт кардаанд. Маҳмадсаид Раҳмонов мегӯяд, ки агар сокинони Ҷамоати деҳоти Саидмуъмин Раҳимов 15 ҳазор сомонӣ қарзашонро пардохт кунанд, маблағи боқимондаро аз сарчашмаҳои дигар дарёфт мекунем. Аммо аз чӣ бошад, ки сокинон дар пардохти қарзи солҳои пешини оби истифодакардаашон саҳлангорӣ мекунанд. Ин ҳам дар ҳолест, ки барои истифодаи об аз ҳар хоҷагӣ танҳо 5 сомонӣ гирифта мешавад.
Ёдрас мешавем, ки имрӯз норасоии оби ошомиданӣ на танҳо дар ноҳияи Темурмалик, балки дар дигар манотиқи ҷумҳурӣ низ мушоҳида мешавад. Кормандони идораҳои истифодабарии об сабаби ин ҳолатро аз як тараф фарсудашавии насосҳо ва аз ҷониби дигар сари вақт пардохт нашудани маблағи истифодаи об аз ҷониби истифодабарандагон унвон мекунанд. Аммо, дар ҳар сурат, масъулон бояд роҳи ҳалли мушкилотро пайдо кунанд. 
Лашкар ШАРИФ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 25.08.2017    №: 181    Мутолиа карданд: 553

19.04.2019


Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Жан - Батист Лемуан

Пойтахт ба таҷлили Рӯзи Ғалаба омодагӣ мебинад

Масоили рушди соҳаи маориф матраҳ гардид

Дар Донишгоҳи давлатии Данғара конфронси ҷумҳуриявӣ доир мешавад

Душанбе варзишгарони 15 кишварро ба ҳам меорад

Ҷаҳон дар як сатр

18.04.2019


ҶОМИ АФК. Пирӯзии "Хуҷанд" ва мусовии "Истиқлол"

МУЪМИНОБОД. 221 иншоот дар се сол

РАШТ. Боғистон доман паҳн мекунад

17.04.2019


БУҶЕТИ ДАВЛАТӢ . Ба қонун иловаҳо ворид шуданд

ДМТ. Як нишасти муҳим

Хонандагони Душанбе пешсафи олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ

Армуғон барои дӯстдорони ҷуғрофия

ҶОМИ ОСИЁ. Паҳлавонони тоҷик соҳиби 5 медал

Ҷаҳон дар як сатр

16.04.2019


Вохӯрии Саидзода Зоҳир Озод бо Аскар Таҷибаев

Баррасии масоили мубрам

Ҳамоиш бахшида ба оғози расмии Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Калонтарин тайёра дар дунё ба ҳаво хест

Дар Қазоқистон онлайн-қаллобон фаъол мешаванд

Дар СММ аз манфиати лоиҳаи «Камарбандҳо ва роҳҳо» сухан рафт

Аз таркиш дар Афғонистон ҳафт кӯдак ҳалок гашт

Филмҳои ду коргардони тоҷик барои Фестивали кинои мусалмонӣ интихоб шуданд

Ҷаҳон дар як сатр

БОКС. Иштироки варзишгарони тоҷик дар Чемпионати Осиё

12.04.2019


Бо иштироки Сарвазири мамлакат дар шаҳри Кӯлоб як қатор иншоот ба истифода дода шуд

Ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозони миллии давлатҳои аъзои СҲШ

Форуми байналмилалии рушди сармояи инсонӣ доир мегардад

ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ – 2019 ОИД БА ФУТЗАЛ. Рақибони Тоҷикистон муайян гаштанд

"Кашшофи падидаҳои наврас"

НОҲИЯИ РӮДАКӢ . Сафи соҳибкорони ватандӯст меафзояд

НУРОБОД . Эҳтиром ба шахсиятҳои таърихӣ

Ҷаҳон дар як сатр

11.04.2019


"Тоҷикон" ба забони ӯзбекӣ нашр шуд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед