logo

сиёсат

МАРОСИМИ СУПУРДАНИ МУКОФОТҲОИ ДАВЛАТӢ

Имрӯз дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба истиқболи 26 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба намояндагони касбу кори гуногун, ки дар фаъолияти корӣ натиҷаҳои назаррас доранд, мукофотҳои давлатӣ, рутбаҳои баланди низомӣ ва унвону ҷоизаҳои давлатӣ супурданд.
Қабл аз оғози маросими супурдани мукофотҳои давлатӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳозиринро ба муносибати фарорасии Ҷашни 26 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона шодбош гуфта, изҳор доштанд, ки фаъолияти пурсамар ва содиқонаи фарзандони бонангу номуси миллат ҳамеша қадрдонӣ гардида, заҳмати созандаву бунёдкоронае, ки ба нафъи ободиву пешрафти Ватани маҳбубамон равона шудааст, аз ҷониби давлат қадрдонӣ карда мешавад.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки бистушашсолагии Истиқлолияти давлатӣ бо дастоварду рӯйдодҳои муҳими таърихӣ хотирмон хоҳад буд, зеро ба истиқболи ин рӯйдоди фараҳбахш дар саросари мамлакат корҳои ободкориву созандагӣ вусъат ёфта, аз пойтахти мамлакат то дуртарин гӯшаву канори он боз ҳам ороставу зебо гардида истодааст. Хусусан, дар пойтахти кишвари азизамон – шаҳри Душанбе, ки маркази сиёсӣ ва илмиву фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, дигаргуниҳои куллӣ ба назар расида, тармиму таҷдид ва бунёди роҳҳо, боғу гулгаштҳо, майдончаҳои варзишию кӯдакон ва даҳҳо иншооти иҷтимоӣ ва маъмуриву хизматрасонӣ ба анҷом расонда шудаанд ва тибқи нақшаи генералӣ симои шаҳр тарҳи замонавӣ мегирад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими имрӯзаи супурдани мукофотҳои давлатиро имконияти муносиби муаррифии дастовардҳои ҳар як мукофотгиранда ба тамоми сокинони мамлакат маънидод намуда, изҳори хушҳолии худро аз дидору суҳбат бо мутахассисони касбу кори гуногун, аз ҷумла омӯзгорон, табибон, коргарону сохтмончиён ва соҳибкорон дар байни  сарфарозшудагон таъкид доштанд.
Барои дастовардҳои баланди истеҳсолию соҳибкорӣ, фаъолияти самаранок дар хизмати давлатӣ ва рушди илму фарҳанги мамлакат, саҳми арзанда дар таъмини ҳифзи ҳуқуқҳои конститутсионии шаҳрвандон, мубориза бо ҷинояткорӣ, нигоҳдории тартиботи ҷамъиятӣ ва ҷасорату фидокорӣ 300 нафар кормандони соҳаи илму фарҳанг, истеҳсоли мол ва хизматрасониҳо, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, дигар хизматчиёни давлатӣ ва соҳибкорон, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва хизматчиёни ҳарбӣ аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон - ордени Зарринтоҷ дараҷаи II, ордени Спитамен дараҷаи II, ордени Шараф дараҷаҳои I ва II, медали Ҷасорат, медали Хизмати шоиста, медали Шафқат, унвонҳои фахрии Нависандаи халқии Тоҷикистон, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон, Корманди шоистаи Тоҷикистон ва Ифтихорномаи Ҷумҳурии Тоҷикистон қадрдонӣ шуданд.
Дар миёни сарфарозшудагон бо мукофотҳои давлатӣ мутахассисони касбу кори гуногун, аз ҷумла омӯзгорон, адибон, табибон, коргарону сохтмончиён, роҳсозон ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ мебошанд.
Шумораи зиёди занону ҷавонони мукофотгиранда дар соли таҷлил аз 26 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ин шаҳодати фаъолгардии нақши ҷавонон, бахусус занон дар ҷомеа ва дастгирии бештари онҳо аз ҷониби давлат мебошад.
Дар маросими мукофотсупорӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хизматҳои шоёни таҳсини шумораи зиёди кормандони соҳаҳои иқтисодию иҷтимоӣ, аз ҷумла намояндагони бахшҳои истеҳсолот, хизматрасонӣ, илму фарҳанг, мақомоти ҳокимияти давлатӣ, соҳибкорони хусусӣ, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ҳокимияти судӣ ва хизматчиёни ҳарбиро махсус таъкид карданд.
Бо фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳбарияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, аз ҷумла Прокуратураи генералӣ, Вазорати корҳои дохилӣ, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ бо рутбаҳои ҳарбии махсуси генерал - полковники адлия, генерал - полковники милитсия, генерал - полковник ва теъдоди муайяни хизматчиёни Вазорати корҳои дохилӣ, Вазорати мудофиа, Қӯшунҳои сарҳадӣ ва Гвардияи миллӣ бо рутбаҳои генерал - майори милитсия, генерал - майор, генерал - майори гвардия сарфароз гардонда шуданд.
Ҳамчунин, як гурӯҳ олимони соҳаҳои гуногуни илми ҷумҳурӣ бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳиби Ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ дар соли 2017 гардиданд. Ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ, аз ҷумла ба олимони ҷавон дар соҳаи илмҳои табиӣ, риёзӣ, тиббӣ, бунёдӣ, иқтисодӣ, техникӣ ва гуманитарӣ супурда шуд.
Дар анҷоми маросими бошукӯҳи мукофотсупорӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар ҳамаи нафароне, ки барои фаъолияти пурсамар дар роҳи рушду пешрафти ҷомеа аз ҷониби роҳбарияти давлату Ҳукумати мамлакат бо мукофотҳои олии давлатӣ қадрдонӣ гардиданд, самимона табрик гуфта, ба онҳо дар роҳи пешбурди меҳнати содиқона ба нафъи давлату миллат комёбиҳо орзу намуданд.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 25.08.2017    №: 181    Мутолиа карданд: 401

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ

Ҷамъоварии $482 миллион ба ёрии мардуми Ироқ

Назарбоев ташкили Созмони амнияти дастаҷамъии Осиёро пешниҳод дорад

Ҷонибдории Ангела Меркел аз ташкили артиши ягонаи аврупоӣ

Дар Тошканд Ҳафтаи соҳибкории глобалӣ шурӯъ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН – 2018. Иштироки се бонуи муштзани тоҷик

БОНКИ МИЛЛӢ. Иқдоми наҷиб

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд

Аврупо дар бозёбии партовҳои уран дар Тоҷикистон саҳм мегирад

Москва аз ҷумлаи даҳ шаҳри беҳтарини дунёст

Гунаҳгорони ҳалокати 52 ӯзбекистонӣ зиндонӣ шуданд

Чин дар ҷаҳон калонтарин воридкунандаи газ

Ҷаҳон дар як сатр

ҚУБОДИЁН. 48 медали варзишгарон дар нуҳ моҳ

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад

ЭКСПО дар Шанхай: шартномаҳо ба маблағи қариб $60 миллиард ба тасвиб расиданд

Сӯхтори ҷангал дар Калифорния боиси ҳалокати 25 нафар гашт

Ҷаҳон дар як сатр

ВАХШ. Суратҳисоби бонкӣ барои ятимон

ОЛИМПИАДАИ “GENIUSKIDS – 2018” 35 медали хонандагони тоҷик

САМБО. Хушқадам Хусравов – қаҳрамони ҷаҳон

09.11.2018


Ҳамоишҳои ҷавонон бахшида ба Рӯзи Президент

Баррасии масоили рушди ҳамкориҳо

Мулоқоти Юсуф Раҳмон бо Кристофер Рэй


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед