logo

Хабарҳо

Вохӯрии Шукурҷон Зуҳуров бо Пратибҳа Меҳта

Зимни мулоқоти Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ Шукурҷон Зуҳуров ва ҳамоҳангсози Барномаи рушди СММ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Пратибҳа Меҳта масоили ҳамкориҳои Тоҷикистону Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид баррасӣ гардиданд.
Шукурҷон Зуҳуров доир ба ташаббусҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  Эмомалӣ Раҳмон оид ба Стратегияи миллии рушди (СМР)  мамлакат барои то соли 2030 ва Барномаи рушди миёнамуҳлат то соли 2020 ҳамчун марҳилаи аввали мавриди иҷро қарор гирифтани СМР, уҳдадориҳои байналмилалии Тоҷикистон ва Ҳадафҳои рушди устувор, ки Ассамблеяи генералии СММ  соли 2015 қабул кардааст, ибрози назар намуд.
- Айни замон мо манфиатдорем, ки Барномаи рушди СММ дар самтҳои афзалиятнок мутобиқи стратегияи кишвар, аз ҷумла оид ба масъалаҳои идоракунии самарабахши давлатӣ, рушди устувори иқтисодиву энергетикӣ, ҳифзи иҷтимоӣ, иқлим ва таъмини устуворӣ ба паст кардани сатҳи камбизоатӣ, мусоидат намояд,- илова кард Шукурҷон Зуҳуров.
Пратибҳа Меҳта  аз сатҳи ҳамкориҳои Барномаи рушди СММ бо Тоҷикистон дар тамоми заминаҳо изҳори қаноатмандӣ намуда, таъкид сохт, ки дар татбиқи нақшаҳои рушди ҳазорсола ва иштироки парлумон дар амалишавии Стратегияи миллии рушд  Маҷлиси намояндагон нақши калидӣ мебозад. Дар ин росто,  ҳамкории Барномаи рушди СММ бо Тоҷикистон ба манфиати ҳар ду ҷониб мебошад.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 236

19.02.2018


Сироҷиддин Аслов бо Валбурга Рос мулоқот намуд

Муносибатҳои тиҷоратию иқтисодӣ бо Япония густариш меёбанд

Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе ба стандартҳои ҷаҳонӣ мутобиқ мешавад

Барориши нахустини коғазҳои қиматнок ба иқтисоди кишвар 500 миллион доллар ворид намуд

Нуъмон Абдуғаффорзода: "Ба шарофати имтиёзҳои андозию гумрукӣ инфрасохтори сайёҳӣ рушд меёбад"

Ҷаҳон дар як сатр

Масъулияти куштори одамон дар Қизлярро «ДИ» ба зимма гирифт

ИА воридсозии сулҳофарон ба Донбассро воситаи қатъи таҳрими зиддирусӣ мешуморад

Мексика дар 33 мунитсипалитет ҳолати фавқулода роҳандозӣ кард

Садамаи чархбол боиси марги 13 нафар гашт

Дар Венесуэла ҳавопаймо ба болои хона афтид

Варзиш

17.02.2018


Сироҷиддин Аслов бо Ясмин Гуедар мулоқот намуд

Баррасии рушди муносибатҳои Тоҷикистону Озарбойҷон

Густариши ҳамкориҳо дар соҳаи сайёҳӣ

Ванҷ. Корҳои ободонӣ вусъат меёбанд

ХАТЛОН. Ба ҳунар арҷ мегузоранд

ИШКОШИМ. Беморон таҳти назорат қарор доранд

Хадамот ба буҷети мамлакат 92799, 26 сомонӣ ворид намуд

"ТОҶИК – ЭЙР". Камбудиҳо бартараф мешаванд

АГЕНТИИ ОМОР. Пешниҳоди шакли нави ҳисоботи ҷойҳои кории навтаъсис

Шералӣ Сиддиқзода: "Шароити муосири таҳсилро фароҳам меорем"

Агентӣ 1980 ҷинояти коррупсиониро ошкор кард

Бекоршавии ақди никоҳ аз мушкилоти мубрам боқӣ мемонад

14.02.2018


ҲИСОР. Аз таъмини дурнамои пахта то иҷрои барзиёди даромади буҷет

КБА яхбандиро сабаби садамаи ҳавопаймои Ан-148 номид

СММ: «Гурезаҳои Мянмаро фоҷиаи нав дар пеш аст»

Ҳиҷрат ба Аврупо тавассути баҳри Миёназамин коҳиш ёфт

Дар Қирғизистон мубориза бо коррупсия миёни қудратиён сахттар мешавад

Қатар барои дучархаронҳо роҳҳои нав месозад

13.02.2018


Баргузории ҷаласаи Шӯро оид ба шарикии давлат ва бахши хусусӣ

Тоҷикистону Қазоқистон Масоили мубрами ҳамкориҳо матраҳ гаштанд

Рушди муносибатҳои Тоҷикистону Қатар

Ширкати "Хитойатом" "Аргус"-ро маблағгузорӣ хоҳад кард


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед