logo

иҷтимоиёт

КАМХУНӢ. ОН ТАНҲО ДАР НАЗАРИ АВВАЛ САБУК МЕНАМОЯД...

Ҳарчанд бо ибтикори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бобати коҳиш бахшидани камхунии аҳолӣ як қатор тадбирҳои судманд андешида шуда истодаанд, масъала дар вилояти Хатлон ҳамоно ҳалталаб боқӣ мемонад.

Дар асоси тадқиқоте, ки ахиран Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар дар ҳамдастӣ бо шарикони рушд анҷом дод, камхунӣ миёни бонувони 15 – 49 - сола 34 дарсад ва байни кӯдакони 6 – 59 - моҳаи хатлонӣ 27 дарсад аст. Яъне, мутаассифона, нишондиҳандаи аввалӣ миёни занҳои мамлакат аз ҳама баланд буда, дувумӣ баъд аз Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон сатҳи зиёди камхунӣ маҳсуб меёбад.
Ба қавли Райҳона Мирзоева, сарвари Маркази репродуктивии вилояти Хатлон, дар ҳудуди вилоят беш аз 7 ҳазору 900 зани қобили таввалуд ба қайд гирифта шуда, дар вуҷуди 40 дарсадашон бемории камхунии дараҷааш мухталиф муайян гардидааст. “Яке аз сабабҳои асосии пайдоиши бемории камхунӣ кам будани оҳан дар таркиби  хуни инсон мебошад. Оҳан асосан тариқи ғизо ба организми инсон ворид мешавад”, - афзуд ӯ.
Ҳамида Файзалиева, сокини шаҳри Кӯлоб, чанд сол боз гирифтори камхунӣ аст. Ӯ риоя накардани фосилаи байни таваллудро сабаби тӯл кашидани ин беморӣ медонад.
Ба гуфтаи мутахассисон, агар камхунӣ то дараҷаи вазнин бирасад, метавонад  ба саломатии зан ва ҳам ба кӯдаки батни ӯ таъсири ҷиддӣ расонад. Бинобар хунравӣ ҳангоми валодат модарони камхун зуд - зуд бо марг дастбагиребон мегарданд. Агар кӯдак дар ҷараёни зиндагӣ камхунӣ дошта бошад, ӯ дар муқобили бемориҳои сироятӣ ва дигар таъсирпазир боқӣ хоҳад монд. 
Бобати коҳиш додани бемории камхунӣ марказҳои репродуктивӣ дар шаҳру ноҳияҳо, духтурони момодоя, бунгоҳҳо ва марказҳои саломатӣ пайваста тадбирандешӣ мекунанд. Лекин, бар зами ин, худи аҳолӣ, бахусус занонро мебояд, ки дар ин кор бетараф набошанд. Яъне бо истеъмоли андак - андаки ғизоҳое, ки дар таркибашон оҳан ва витамини В12 доранд, меъёри хунро дар организми хеш мутавозин нигоҳ доранд. Ин ғизоҳо асосан лаблабуи сурх, замбурӯғ, ҷигари гов, лӯбиё, қулфинай, гӯшти гов ва гӯсфанд, тухм, сабзӣ, нок, моҳӣ, панир ва қаймоқ мебошанд.
Ба занҳои қобили таваллуд ва ҳомила тавсия дода мешавад, ки дар як рӯз 5 маротиба ғизо тановул кунанд. Яъне се дафъа таоми асосӣ ва ду маротиба иловагӣ. Муҳимтар аз ҳама, зимни ғизохӯрӣ мебояд аз нӯшидани фаврии чой ва қаҳва, ки метавонанд оҳанро аз организм ҷабида, боиси камхунӣ гарданд, даст кашид.
Навзодонро мебояд то шашмоҳагӣ танҳо шири модар хӯронд. Шири модар кулли витаминҳои заруриро дорост. Пас аз шашмоҳагӣ иҷозат аст, ки ба кӯдак шираи сабзӣ, картошка ва лаблабу дода шавад. Мутахассисон дар ин син ба кӯдак хӯрондани нонро тавсия намедиҳанд. Аз ғизоҳои сунъии махсус барои кӯдакон омодашуда, ки дар фурӯш ҳастанд, истифода накардан ҳам маслиҳат аст.
Камхунӣ дар назари аввал бемории сабук намояд ҳам, вале дар ҳақиқат пайомадҳои вазнин дошта метавонад. Биноан, ҳар як фарди соҳибтадбирро мебояд, ки дар  муқобили  он  муносибати  ҷиддӣ  дошта бошад. Зеро солимии ҳар як инсон, пеш аз ҳама, дар дасти худи ӯст.
Зокир ҲАСАН, “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 28.08.2017    №: 182    Мутолиа карданд: 333

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед