logo

фарҳанг

ҚИМАТТАР АЗ ЗАБОН ДОРОИЕ НЕСТ

Дар таърихи бани башар кам иттифоқ афтодааст, ки забоне дар ин дарозои таърихӣ таркиби луғавӣ ва сохти грамматикии худро ҳифзу нигаҳдорӣ намуда бошад. Ба таъбири дигар, имрӯз мо - тоҷикон меросе, ки бо ин забон ҳазор сол қабл иншо шудааст, аввалан, дар нусхаи асл мехонем ва, сониян, асосан бе шарҳу луғатҳо мефаҳмем, ҳол он ки, аз як тараф, кам забонеро метавон дарёфт,  ки  осори  ҳазорсолаи  хаттӣ  дошта бошад, аз дигар тараф, дар сурати доштан ҳам, онро хонда наметавонанд ё худ рамзкушоӣ мекунанд, яъне то ҷое сохтори забон ва таркиби луғавии он тағйир хӯрдааст.

Чунончи, мутобиқ ба таълимоти А.Х.Востоков, давраи қадими забонҳои славянӣ асрҳои IХ-ХIII милодиро фаро мегирад ва осоре, ки аз ин давра ба мерос мондааст, бе шарҳу тафсирҳои махсус намефаҳманд. Аз ин дидгоҳ, дар давоми беш аз ҳазор сол тағйир наёфтани забони тоҷикӣ дар таърихи мавҷудияти забонҳои олам ҳодисаи нодир ба шумор меравад.
Забони тоҷикӣ дар давоми мавҷудияти худ чандин санҷишу имтиҳони таърихӣ ва даргириву яғмои аҷнабиёнро паси сар намуда, аз қаъри торики асрҳо то ба замони мо – садаи ХХI ҷон ба саломат овардааст. Ба таъбири Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон, «танҳо забон аст, ки дар ҳама давру замон таърихи воқеӣ ва ростини миллатро дар ҳофизаи худ нигоҳ медорад».  Устод Лоиқ низ дар матлаи яке аз шеърҳои худ ишора ба ин таърихи фоҷиабори тоҷикон кардааст:
Ҷабри таърих ягон қавм надидаст, ки мо,
Заҳри таърих нажоде начашидаст, ки мо.
Профессор Акбари Турсон дар китоби арзишманди «Эҳёи Аҷам» таърихи забону фарҳанги миллиро варақгардон намуда, бо сӯзи дил ва як андоза ифтихор нигоштааст, ки тоҷикон «халқи ранҷпарварду мусибаткашида, вале зотан хуштолеъ»-анд.
 Барои боварӣ ҳосил намудан ба ин нукта варақгардон кардани чанд саҳфаи таърих кифоя аст, то қоил бимонем, ки, воқеан, ниёгони мо дар душвортарин ва ҳассостарин лаҳазоти умр дифоъ аз забони модарӣ кардаанд. Чунончи, арабҳо ба хоки Мовароуннаҳру Хуросон ҳуҷум намуда, баробари талаву тороҷи минтақа дар хонаи ниёгон раҳли иқомат афкандаанд, то аз ниёи мо назорат бурда, эшонро ба ислом дароваранд. Муаррихи қуруни вусто Абубакри Наршахӣ дар ин маврид менависад: «Қутайба чунон савоб дид, ки аҳли Бухороро фармуд, як нима аз хонаҳои хеш ба араб доданд, то араб бо эшон бошанд ва аз аҳволи эшон бохабар бошанд, то ба зарурат мусалмон бошанд…».  Ба эътирофи аҳли илм, бахусус Муҳаммадтақӣ Баҳор, нуфузи арабҳо ба Мовароуннаҳр ба ҳамон андозае буд, ки ба Мисру Сурия доштанд,  лекин бо вуҷуди ин натавонистанд, ки забону фарҳанги худро комилан ҷорӣ кунанд. Муҳимтарин пайкоре, ки ниёгони мо дар пойдории забону фарҳанги миллии худ карданд, аз он иборат буд, ки бо вуҷуди қабули оини нави ин «меҳмони нохондаву пуриштиҳо» (таъбир аз Баҳор) ононро маҷбур намуданд, ки «Қуръон» - ро ба тоҷикӣ тарҷума кунанд. Ҳамин тавр ҳам шуд ва аз рӯи нигоштаҳои Наршахӣ, дар яке аз масоҷиди Бухоро, ки соли 713 бино ёфта буд, «Қуръон» - ро ба тоҷикӣ қироат менамудаанд. Дар ин маврид Наршахӣ менависад: «Ва мардумони Бухоро ба аввали ислом дар намоз «Қуръон» ба порсӣ хондандӣ ва арабӣ натавонистандӣ омӯхтан». Нуктаи дигар низ шоистаи зикр аст, ки дар посдорӣ ва ҳимояти забони тоҷикӣ хидмати пешвои мазҳаби ҳанафӣ - Абуҳанифа Имоми Аъзам (рҳ) низ хеле бузург аст, зеро мавсуф «забони модарии худ - тоҷикиро, - менависанд Эмомалӣ Раҳмон, - ҳамчун забони дувуми ибодати динӣ, фаъолияти фарҳангӣ ва иҷтимоӣ ҷоиз дониста, ба хотири ҳифзу нигаҳдошти он асосҳои шаръиро таъйин намуд». Илова бар ин, бо вуҷуди он ки замона хунбору гӯши касон гарон ва шогирдонаш Имом Абуюсуф ва Имом Муҳаммади Шайбонӣ мухолифати шадиде зоҳир менамуданд, Имоми Аъзам ба форсии тоҷикӣ хондани намозро барои онҳое, ки арабӣ намедонистанд, иҷозат дод.  Дар баробари ин корҳои хайр тавонис-танд, ки аъробро дар пазироӣ, эътироф ва омӯзиши забони тоҷикӣ барангезанд.
Ба хотири идомаи ин суннат ва ошноӣ пайдо намудан аз арзишҳои маънавии умумибашарӣ амирони сомонӣ низ кӯшиши фаровон ба харҷ доданд. Чунончи, дар замони зимомдории Мансур ибни Нуҳи Сомонӣ бо фатвои уламои дин яке аз тафсирҳои муътабар – «Тафсири Табарӣ»-и Ҷарири Табарӣ ва «Таърихи Табарӣ»-и ҳамин муаллиф аз арабӣ ба забони тоҷикӣ тарҷума гардиданд. Бо ин иқдом ва корҳои хайри дигар ниёгон беҳтарин ва арзишмандтарин дороии худ – забонро аз нобудӣ ҳифз намуда, нагузоштанд, ки чун забонҳои сурёниву мисрӣ ба боди фаромӯшӣ равад.
Даҳшатноктарин фоҷиа барои забони тоҷикиву миллати тоҷик садаи ХIII – ҳуҷуми муғулон ба шумор меояд. Ваҳшонияту табаҳкории муғулон ба дараҷае чашмнодиду гӯшношунид будааст, ки ҳамзабонону ҳамзаминон «маргро аз таҳаммули ин вазъ тарҷеҳ медоданд». Муаррихи қуруни вус-то Ибни Асир, ки худ шоҳиди бевоситаи ваҳшонияту харобкории муғулон будааст, дар асари «ал-Комил-фӣ-т-таърих» вазъияти Бухороро чунин тасвир мекунад: «Бар замин хун равона шуд, чунон ки аз фаровонии хун пои асп бар хок мелағжид».
Генотсиде, ки муғулон аз худ намоиш доданд, бешак, хавфи нобудии миллату забонро пеш оварда буд. Аз ин рӯ, соҳибзабонон боз хона ба «меҳмон» гузоштанду худ сар ба кӯҳу биёбон гирифта, «кӯҳро гаҳвораву сангро болини тифл» намуда, бо таълифи «Бӯстон»-у «Гулистон», «Маснавии маънавӣ»-ву «Девони кабир» ва садҳо осори дигар ин бор низ забонро аз нобудӣ раҳониданд. Ба таъбири академик Муҳаммадҷон Шакурии Бухороӣ, «мардуми тоҷик дар муборизаҳо обутоб ёфта, ҷонсахт шуда буданд ва ҳарчанд талафоти ҷониву молӣ бисёр медоданд, ба ҳар ҳол бо қувваи азими маънавӣ ва бартарии куллии фарҳангӣ тавонистанд дар нигаҳдошти худ муваффақ бошанд».
Саҳифаҳои таърихи мо – тоҷикон чунон пурхун, ҳузнангез аст, ки варақгардонии он ба гӯш овои шамшеру найза ва нолаҳои дилхароши ниёгонро меорад. Аз ин хотир, бо баёни ин ду рӯйдоди таърихи асрҳои миёна иктифо намуда, гуфтанием, ки парешониву нобасомонӣ ҳамеша ҳамдаму ҳампои миллату забони тоҷикӣ будааст, чунончи ҳатто садаи ХХ низ барои забони тоҷикӣ ва, дар маҷмӯъ, миллати тоҷик тақдирсоз омад.
Ибтидои асри ХХ марҳилаи дигари сарнавиштозе дар таърихи забони адабӣ ва миллати тоҷик пеш овард. Даврае, ки будан ё набудани тоҷикон ҳал мегардид, гурӯҳе ба ном «пантуркистон» ба майдони мубориза баромада, на фақат мавҷудияти забони тоҷикӣ, балки ҳастии тоҷиконро, умуман, инкор мекарданд, ки, бешак, хилофи таърих буд. Маҳз устод Айнӣ, ва даҳҳо дигарон буданд, ки барои пойдорӣ ва ҳастии ин забон ва миллати парешон пофишорӣ намуданд. Чунончи, устод Айнӣ бо таълифи «Намунаи адабиёти тоҷик», ки соли 1926 дар Маскав ба табъ мерасад, таърихи беш аз ҳазорсола доштани забони адабии тоҷикиро ба исбот расонида, бо ифтихор иброз дошт, ки «…ривоҷи забон ва адабиёти тоҷик дар ин ҷоҳо ба сабаби тасаллути Сомониён ё ки муҳоҷирати эрониён набуда, сабаби ҳақиқӣ мавҷудияти як қавми бузург бо номи тоҷик, ки мансуб ба ирқи орист, дар ин ҷоҳост».
Агар гӯем, ки дар охири қарни ХХ истиқлолияти тоҷикон бо истиқлолияти забон оғоз ёфт, ҳаргиз ғалат нахоҳад буд, зеро 22-юми июли соли 1989 тоҷикон дар Осиёи Марказӣ аввалин шуда ба забони худ мақоми давлатӣ дода, ҳуҷҷатеро бо номи «Қонуни забон» қабул намуданд.
Давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии соҳибистиқлоли Тоҷикистон ба хотири истеҳкоми пояҳои забони адабии миллӣ тамоми чораҳоро андешида истодааст. Чунончи, соли 2008 бо ибтикори бевоситаи Сарвари давлат Соли забони тоҷикӣ эълон гардида, ин санаи муҳими таърихӣ баробар бо 1150-солагии устод Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ таҷлил гардид. Бо назардошти меъёрҳои давлати соҳибихтиёр Қонуни забон аз нав таҳия гардида, бо номи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» (5-уми октябри соли 2009) қабул гардид. Ба таъбири дигар, имрӯз дар ҷомеаи тозаистиқлоли мо тамоми имконият ва шароити мусоиди рушд барои забони адабӣ вуҷуд дорад.
Аз ин нуқтаи назар вазифаи мо – соҳибзабонон аз он иборат аст, ки забони модариамонро, ки нишон аз ҳастии мост, покизаву гиромӣ дорем, ба сарваташ дороиҳои нав афзуда, ба пасояндагон мерос гузорем, зеро дар ин дунё қиматтар аз забон дороие надорем.
Мӯсо ОЛИМҶОНОВ,
дотсент, декани факултети
филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд
ба номи академик
Б. Ғафуров, номзади
илмҳои филологӣ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 28.08.2017    №: 182    Мутолиа карданд: 758

20.02.2020


РУШДИ УСТУВОРИ ШАҲРСОЗӢ. ДАР ДУШАНБЕ ДОИР БА ИН МАВЗӮЪ СЕМИНАРИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ДОИР ГАРДИД

ҶАМЪБАСТИ ДАВРИ ШАҲРИИ ОЗМУНИ "ДАСТАРХОНОРОӢ"

ДУШАНБЕ. ОМОДАГИҲО БА ҶАШНИ НАВРӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ

НОҲИЯИ ДЕВАШТИЧ. МУЛОҚОТИ ИНТИХОБКУНАНДАГОН БО ГУРӮҲИ КОРИИ КМИ ҲХДТ

РАШТ. ҲАМОИШИ СОБИҚАДОРОНИ ҶАНГУ МЕҲНАТ

ГӮШТӢ. МЕДАЛИ БИРИНҶИИ ПАҲЛАВОНИ ТОҶИК АЗ ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ

ДАР ӮЗБЕКИСТОН ҲАМА АГЕНТИИ ХУСУСИИ ШУҒЛРО МЕБАНДАНД

ҚАЗОҚИСТОН: 90 ПАРВАНДАИ ҶИНОЯТӢ БАЪДИ БЕТАРТИБИҲО ДАР ҶАНУБИ КИШВАР

ДАР УХАН БОЗ 12 БЕМОРХОНАИ МУВАҚҚАТӢ БАРОИ БЕМОРОНИ COVID-19 КУШОДАНД

ПЙЕР ВИМОН: «ТАҲРИМОТИ ЗИДДИРУСӢ БАР ЗАРАРИ ХУДИ АВРУПО ШУДАНД»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

БАРГУЗОРИИ ҶАЛАСАИ КОМИССИЯ ОИД БА ОМОДАГӢ БА МАВСИМИ «ҲАҶ-2020»

КОДЕКСИ ОБ ИСТИФОДА ВА ҲИФЗИ ЗАХИРАҲОИ ОБИРО БА ТАНЗИМ МЕДАРОРАД

МАСОИЛИ ГУСТАРИШИ РОБИТАҲОИ ФАРҲАНГӢ МАТРАҲ ШУДАНД

КОНФРОНС БАХШИДА БА РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ЗАБОНИ МОДАРӢ

ЛИЖАРОНӢ. ҒОЛИБОН МУАЙЯН ШУДАНД

ДАР ӮЗБЕКИСТОН ДОДАНИ ЛИТСЕНЗИЯРО ТАҶДИДИ НАЗАР МЕКУНАНД

ҚАЗОҚИСТОН. 13 ФУРУДГОҲИ МАСИРИ ҲАВОИИ МАҲАЛЛӢ МЕСОЗАД

САРВАРИ ФЕЪЛИИ АФҒОНИСТОН АШРАФ ҒАНӢ БОЗ ПРЕЗИДЕНТ ИНТИХОБ ШУД

ТИҶОРАТ БАЙНИ ТОҶИКИСТОНУ ЧИН МОҲИ ЯНВАР ДУ БАРОБАР БОЛО РАФТ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

18.02.2020


ВКД. 161 УЗВИ ТАШКИЛОТИ ТЕРРОРИСТӢ ДАСТГИР ШУД

ФАРХОР. ҲОЛАТИ ҒАЙРИМЕЛИОРАТИВИИ ЗАМИНҲО МАВЗӮИ ДОҒ БОҚӢ МЕМОНАД!

18 ДОЛОНИ ЗИДДИТАРМАВӢ СОХТА МЕШАВАД

БОНУВОНИ НОҲИЯИ МУРҒОБ – ҒОЛИБИ ДАВРИ ВИЛОЯТИИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ «ДАСТАРХОНОРОӢ»

ГРЕНЛАНДИЯ ОБИ ПИРЯХҲОРО БА САВДО БАРОВАРДАНИСТ

ДАР БЕЛАРУС СОЛИ 2023 ИСТИФОДАИ ЗАРФҲОИ ПЛАСТИКИРО МАНЪ НАМУДАНИАНД

ПЕКИН ДАР 6 РӮЗ КОРХОНАИ НАВИ ИСТЕҲСОЛИ НИҚОБҲОИ ТИББӢ СОХТАНИСТ

ЧИН ВА АСЕАН ДАР МАСЪАЛАИ КОРОНАВИРУС ВОХӮРИИ МАХСУС ДОИР МЕКУНАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

17.02.2020


"РУШДИ ЧОРВОДОРӢ ВА ЧАРОГОҲҲО". ТАТБИҚИ ЗЕРЛОИҲАҲО

ШАҲРИНАВ. ИСТЕҲСОЛИ МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗӢ МЕАФЗОЯД

ФАЪОЛИЯТИ 32 ГУРӮҲИ МУТАШАККИЛИ ҶИНОЯТӢ ҚАТЪ ГАРДИД

ҲАМКОРИҲО БО ШАРИКОНИ РУШД ТАҲКИМ МЕЁБАНД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед