logo

иқтисод

ДУШАНБЕ. ОМОДАГӢ БА МАВСИМИ ГАРМИДИҲӢ

Қарори раиси шаҳри Душанбе таҳти рақами 228 аз 5 майи соли ҷорӣ «Дар бораи омодагӣ ба мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2017 – 2018 дар шаҳри Душанбе» омодагии қариб ҳамаи бахшҳоро ба мавсими сармо дар пойтахт вусъат бахшид.

Ба гуфтаи Фаррух Норов,  директори муассисаи  шабакаи гармидиҳандаи шаҳр,  то фарорасии мавсим бояд 1530  иншооти таъминкунандаи гармӣ омода карда шавад. Ҳоло дар корхонаи номбурда  11  дегхонаи локалӣ бо истифода аз ангишт фаъолият намуда, ба 24 муассисаи соҳаҳои маорифу тандурустӣ хизматрасонии гармидиҳӣ мерасонад. Истеҳсоли неруи гармӣ тавассути манбаъҳои истеҳсоли неруи гармии ҶСК «Маркази барқу гармидиҳии шаҳри Душанбе» ва дегхонаҳои локалии муассиса  дар мавсими тирамоҳу зимистони дар пешистода  335,48 Гкал - соат пешбинӣ гардидааст.
Корхона барои фаъолияти пурсамар қариб бо  430 км шабакаҳои гармидиҳӣ, зиёда аз 108  км хатҳои рӯизаминӣ ва наздики 315  км хатҳои зеризаминӣ, 64 истгоҳи насосӣ,  2648 чоҳи амудӣ, 8482 лукидон, 13 дегхонаи локалӣ ва 3 бунгоҳи гармидиҳӣ муҷаҳҳаз мебошад.
Дар давраи омодагӣ ба мавсими сармо қариб тамоми иншооту таҷҳизоти муассиса аз таъмири ҷорӣ бароварда шуданд. Ҳамчунин, захира  кардани сӯзишворӣ дар корхона идома дошта,  то имрӯз дар анборҳои он  2050 тонна ангишт захира шудааст.
Бо мақсади иваз намудани 27 км шабакаҳои гармидиҳӣ аз  буҷети шаҳри Душанбе 39 миллион сомонӣ ҷудо шуд.  Айни замон корҳои лоиҳакашӣ ҷиҳати таъмир ва азнавсозии шабакаҳо ва таҷҳизоти гармидиҳӣ дар ноҳияҳои Сино, Исмоили Сомонӣ, Шоҳмансур ба анҷом расида,  барқарорсозии  иншооти таъминкунандаи гармӣ идома дорад.
Дар натиҷаи иҷрои корҳои банақшагирифташуда муассиса  метавонад ба 841 иншоот то гиреҳҳои танзимкунандаи гармӣ (элеватор) энергияи гармиро интиқол диҳад. То 8 августи соли равон қариб бо 30 ҳазор  муштарӣ шартномаи хизматрасонӣ ба имзо расонда шуд, ки 66 дарсади  шумораи умумии муштариёнро ташкил мекунад.
Дар асоси нархномаи тасдиқ-намудаи Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати ҷумҳурӣ арзиши 1 метри мураббаи масоҳати гармшавандаи манзил дар як моҳ бо назардошти андоз аз арзиши иловашуда 1 сомонию 3 дирам муқаррар гардидааст. 
- Дар ҳудуди  пойтахт зиёда аз 307  км шабакаҳои гармидиҳӣ ба таъмири асосӣ ва барқарорсозӣ ниёз доранд, ки аз мушкилиҳои асосии   таъмин намудани  иншоот  бо неруи гармӣ мебошад.  Вобаста ба ин роҳбарияти корхона тадбирҳои нав  амалӣ хоҳад намуд,  - гуфт Ф. Норов.
Матлубаи АБДУҚАҲҲОР, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 28.08.2017    №: 182    Мутолиа карданд: 537

25.09.2018


Тавсеаи равобити байнипарлумонии Тоҷикистону Корея

Баргузории ҷамъомад оид ба пешгирии ҷинояткорӣ

Анҷоми марҳилаи якуми амалиёти «Кӯкнор-2018»

Гутерриш ба муборизаи фаъолтар алайҳи маводи мухаддир даъват сохт

Теъдоди қурбониёни садамаи киштӣ дар Танзания ба 225 нафар расид

Сеул барои дучандсозии теъдоди сайёҳон $640 миллион харҷ карданист

Фаронса қатораи дуошёнаи тезгард месозад

Ҷаҳон дар як сатр

Ҷом насиби кӣ мешавад?

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед