logo

иқтисод

ИСТГОҲИ НАМУНАВӢ. ИСТИҚБОЛИ МАРДУМ АЗ ТАШАББУСҲОИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ

Дар  хиёбони Рӯдакӣ, назди Театри давлатии академӣ - драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ дар радифи иншооти дигари навбунёд бо иштироки Рустами Эмомалӣ, раиси шаҳри Душанбе, нахустин истгоҳи намунавӣ барои нақлиёти ҷамъиятии шаҳрӣ рӯнамоӣ шуд.  Истгоҳ  бо тарҳи муосир бунёд ёфта,  дорои хизматрасониҳои гуногун аст.

Истгоҳи намунавӣ, аз ҷониби Корхонаи воҳиди давлатии «Ободонӣ» - и шаҳри Душанбе бунёд гардид. Сохтмони намунаи аввали истгоҳи нақлиёти ҷамъиятӣ дар мутобиқат ба меъёру стандартҳои байналмилалӣ ва бо назардошти сабку услуби меъмории миллӣ ба роҳ монда шуд. Нахустин  бор дар бунёди истгоҳ технологияи пешрафтаи иттилоотӣ ва хизматрасониҳои муосир  истифода гардида, иншооти хизматрасонии истгоҳи номбурда  аз масолеҳи тобовар ба ҳолатҳои гуногуни табиӣ сохта шудааст. Он аз ҷойи нишаст, нуқтаи фурӯши маҷаллаву рӯзномаҳо, терминали кортҳои пардохти роҳкиро, таблоҳои электронӣ барои пешниҳоди маълумот дар бораи  хатсайрҳо ба сокинону меҳмонони пойтахт ва гӯшаҳои  таблиғотӣ иборат мебошад. Ҳамчунин, дар истгоҳ нуқтаи хизматрасонии телефони шаҳрӣ насб гардидааст.
Рустами Эмомалӣ зимни рӯнамоии истгоҳи ҳозиразамон ба тарҳу намуд ва ҷойгиршавии таблоҳои иттилоотӣ мароқ зоҳир намуда,  ба масъулон ҷиҳати  баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонии нақлиётӣ ва истифода аз масолеҳи хушсифати  ватанӣ ҳангоми  бунёди чунин иншоот  дастур дод. 
Сайидбурҳон Икромӣ, сокини пойтахт, изҳор дошт, ки вақте пас аз рухсатии меҳнатӣ ба Душанбе баргаштам, дар шаҳр навгониҳои зиёдеро дучор омадам ва ҳусни пойтахтро боз ҳам зебою дилработар дарёфтам. Кушодани истгоҳи замонавӣ дар шаҳр барои беҳбуди хизматрасонии нақлиёт аз пешрафту ободтар гардидани пойтахт дарак медиҳад. Дар истгоҳ харитаи шаҳр бо тамоми марказҳои бузурги хизматрасонию иншооти зарурӣ ҷой дода шудааст, ки меҳмонону сайёҳонро бо гӯшаю канори пойтахт ва иншооти муҳими фарҳангию истироҳатӣ шинос менамояд. Ман ҳамчун сокини шаҳр аз ин иқдом хурсандам.
Мувофиқи маълумоти сарраёсати меъморӣ ва шаҳрсозии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, дар ҳудуди хатсайри нақлиёти ҷамъиятӣ аз  Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе  то корхонаи «Сементи тоҷик»  36  истгоҳи намунавӣ сохта   мешавад.
Ташрифулло САЪДУЛЛОЕВ,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 28.08.2017    №: 182    Мутолиа карданд: 402

19.11.2018


ДЕВАШТИЧ. Авҷи созандагиҳо дар Ҷамоати деҳоти Яхтан

Артиши Сурия охирин истеҳкоми «ДИ» дар ҷануби кишварро зери назорат гирифт

Дар ҳама минтақаҳои Ӯзбекистон «мактаби президентӣ» месозанд

Роҳандозии барномаи махсуси давлатии ипотекӣ барои дӯзандагони Қирғизистон

Киштии зериобии «Сан Хуан» - ро дар уқёнуси Атлантика ёфтанд

Ҷаҳон дар як сатр

Кулишов: «Марзҳои ИДМ бо таҷҳизоти муосир таъмин карда мешаванд»

Дар Тоҷикистон омӯзгори забони англисӣ барои таблиғи «ДИ» 19 сол гирифт

Қазоқистон мубориза бо машруботро сахттар мекунад

Фоидаи туризм ба кадом шаҳри дунё бештар аст?

Ҷаҳон дар як сатр

"ИСТИҚЛОЛ" бори аввал барои Ҷоми чемпионҳои КФО мубориза хоҳад бурд

Омодагии тими миллӣ ба марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳон – 2022

УСМОН ТОШЕВ САРМУРАББИИ НАВИ ДАСТАИ МУНТАХАБ

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд

Мулоқоти Зубайдулло Зубайдзода бо Амал Муҷрин ал - Ҳамад

Конференсияи гиромидошти Бобоҷон Ғафуров

Путин ва Абэ дар асоси қатъномаи соли 1956 гуфтушунид хоҳанд кард

Таҳлилгарони Nomura сустшавии суръати рушди иқтисоди ҷаҳониро пешгӯӣ намуданд

Frontex: ба Аврупо омадани гурезаҳо 31 дарсад коҳиш ёфт

Назарбоев соли 2019-ро Соли ҷавонон эълом дошт

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ

Ҷамъоварии $482 миллион ба ёрии мардуми Ироқ

Назарбоев ташкили Созмони амнияти дастаҷамъии Осиёро пешниҳод дорад

Ҷонибдории Ангела Меркел аз ташкили артиши ягонаи аврупоӣ

Дар Тошканд Ҳафтаи соҳибкории глобалӣ шурӯъ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН – 2018. Иштироки се бонуи муштзани тоҷик

БОНКИ МИЛЛӢ. Иқдоми наҷиб

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед