logo

сиёсат

ҲАҚИҚАТИ БЕБАҲС

Андешаҳо перомуни мақолаи С. Ятимов - «Илм ва амният», «Ҷумҳурият», 30 майи соли 2017
Андешаҳои Саймумин Ятимов дар масъалаи амният ва ҳимояи марзу буми кишвар ва тафсиру ташреҳи ҷузъиёти мафҳумҳои «Давлат ва амният», «Ҳақиқати илмӣ ва амнияти миллӣ», «Омилҳои иттилоотии илм ва амният», «Манфиатҳои геополитикӣ», «Робитаҳои амиқи илм, адабиёт ва амният» дар шинохти хатарҳои ҷаҳони муосир ва равшану дақиқ намудани симои ботинии сарварони ҳизбу созмонҳои террористию экстремистӣ саривақтӣ ва қобили дастгирӣ мебошанд.

Зимни тафсири мафҳуми «давлат» муаллифи мақола иброз медорад, ки «Мансубияти ҳокимияти сиёсӣ дар давлат тибқи Конститутсия муайян карда мешавад. Он тақсимшаванда аст. Ягон гурӯҳ, ҳаракати сиёсӣ, ташкилоти ҷамъиятӣ дигар ин ҳуқуқ ва масъулиятро надорад. Дар таърифи классикии давлат унсурҳои асосӣ - миллат ва миллатҳои қаламрав, ташкилоти сиёсӣ, пойдору мустаҳкам будани қонун, ҳуқуқ ва имконоти қонунии ҳокимияти сиёсӣ оид ба истифодаи меъёрҳои ҳуқуқӣ дар ҳудуди ин воҳиди сиёсӣ муайян карда шудаанд». Гузашта аз ин, андешаҳои муҳаққиқи масоили амниятӣ  перомуни маърифатнокии аҳли ҷомеа дар заминаи яке аз таъбирҳои маъруфи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон - «Соҳаи маориф омили асосии амнияти миллист» баён гардидаанд. Аз ин хотир, мо, бавижа омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва касбию олӣ, ба жарфи моҳияти масъалаи мазкур бояд расида тавонем.
Андешаи С. Ятимов дар боби амният ва ҳимояти якпорчагии давлат ва таъмини зиндагии боамну рифоҳи мардуми заҳматкаш огоҳона буда, ҳушдорест баҳри пешгирии ҳама гуна зуҳуроти номатлуб. Муаллиф менависад: «Хатарҳое, ки зидди осудагии як миллат, барои ба гирдоби бало андохтани он тарҳрезӣ мешаванд, зуҳуроти тасодуфӣ ё бетартибона нестанд. Дар асоси нақшаҳои муайяни коркардшуда, аз ҷумла таҷрибаи хадамоти  махсуси давлатҳои манфиатдор ва амалияи дастандаркорони ҳамин гуна аъмол дар минтақа ва ҷаҳон, роҳандозӣ мегарданд. Эътироф бояд кард, ки тахрибкорӣ, ноором сохтани як давлат, бесаранҷом, бесарусомон кардани як миллат вобаста ба тақдир ё чизи тасодуфӣ нест… Дар муқобили доноӣ ва амалкарди бадхоҳон, фақат тавассути такя кардан ба илм, маърифат, усули шинохти аъмоли зидди миллӣ, ҳушёриву зиракии сиёсӣ ва истодагарии мақсаднок ғолиб омада метавон».
Барои таъмини амнияти давлату миллат, чунон ки муаллиф воқеъбинона хотирнишон месозад, тафаккуру ҷаҳонбинии фарох ва донишҳои илмӣ зарур мебошанд. Танҳо бо шуури пешрафта, омӯзиши бардавоми сарчашмаҳои илмию фалсафӣ аҳли ҷомеа, махсусан ҷавонон, метавонанд ба воқеаву ҳодисаҳо баҳои воқеӣ диҳанд. Ба доми фиреб андохтани шахсони каммаърифату беирода кори мушкил нест. Аз ин дидгоҳ, чунин таъкиди С. Ятимов қобили мулоҳиза ва дастгирӣ мебошад: «Бе донишҳои илмӣ таъмини амнияти миллӣ ғайриимкон аст. Бе онҳо ба осонӣ метавон мафтуну пойбанди овозаҳо, суханҳои бофта, беасос, ғаразнок, айбҷӯии бедалели хатарнок, хурофот гашт. Аммо на ба таъмини амнияти миллат. Масъулиятнокӣ нисбати маълумоти касбӣ (информатсионӣ) бояд корманди амнияти миллиро аз ашхос ва амалҳое, ки тибқи меъёрҳои дар қонун нишондодашуда мавриди таваҷҷуҳи ӯ қарор мегиранд, фарқ кунонад».
Дар таҳкими сулҳу субот, амнияти давлату ҷамъият ҳароина, хидмати олимону адибон, омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, олии касбӣ бояд назаррас бошад. Баҳри тарбияи инсони комил, ватандӯсту содиқ ба идеалҳои миллӣ асарҳое лозиманд, ки дар онҳо рӯҳафтодагию маъюсӣ, беиродагию тарсуӣ назди мушкилоти зиндагӣ камтар ба мушоҳида расида, ҷавҳари ибратомӯзи онҳоро ҷаҳду талош, меҳру муҳаббат ба имрӯзу фардои кишвар, созандагию бунёдкорӣ фарогир бошанд. Бесабаб нест, ки муаллиф ин нуқтаро ба таври ҳакимона, хеле олӣ ифода намуда, мегӯяд: «Барои офаридани асаре, ки мардум онро қабул мекунад, хотирмон аст, хонанда (бинанда ва шунаванда) - ро ба фикр кардан ҳидоят менамояд, ба мақсади гузоштаи нависанда (иштирокчии фаъоли системаи таъмини амнияти миллат) наздик мешавад, зарур аст, ӯ масъаларо ҷиддан, аз нуқтаи назари илмӣ дарк кунад, худ ба он идея муътақид бошад. Асари ӯ аз таҷрибаи дар тарозуи эҳсоси масъулият ва воқеият санҷидашуда сарчашма бигирад».
Дар маҷмӯъ, тамоми афкори илмию фалсафӣ ва тарбиявии С. Ятимов танҳо ба як масъалаи воқеан, ҷиддию сарнавиштсоз-ҳифзи дастовардҳои истиқлолият ва таъмини амнияти кишвар нигаронда шудаанд. Муаллифи матлаб менависад:  «Агар ба хотири барпо кардани давлат чӣ қадар ҷоннисориҳо шуда бошанд, барои ҳифз кардан, дар амну осудагӣ ва рушду тараққӣ нигоҳ доштани давлат, сарфи на камтар аз он зарур аст. Фаъолияти ҳаррӯзаи Пешвои муаззами миллати тоҷик нишонгар ва намунаи олии ҳамин гуна муносибат ба тақдири имрӯзу ояндаи давлати миллии мо мебошад».
Воқеан, ин ҳақиқати бебаҳс аст, ки кайҳо эътироф гардидааст.
Хоналӣ ҚУРБОНЗОДА,
ректори Донишкадаи такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф,
Меҳриддин ҒИЁСИЕВ,
мудири кафедраи педагогика ва психологияи ҳамин донишкада


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 28.08.2017    №: 182    Мутолиа карданд: 375

20.11.2018


СУҒД. Оғози сохтмони раёсати маориф

ЛЕВАКАНТ. Конфронси илмӣ - назариявӣ ба ифтихори Иҷлосияи XVI

"Парасту" дар Тоҷикобод

Сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ барои машварат дар Тошканд ҷамъ меоянд

Финляндия ҷонибдори ҳузури Россия дар Шӯрои Аврупо

Вазорати маорифи Афғонистон 30 ҳазор занро ба кор мегирад

Баррасии рушди инклюзивии иқтисоди қитъа дар Гвинея Папуаи Нав

Ҷаҳон дар як сатр

АНВАР ЮНУСОВ СОҲИБИ КАМАРБАНДИ WBF

"СОРО КОМПАНИЯ" ҒОЛИБИ ЛИГАИ КАСБИИ ФУТЗАЛИ ТОҶИКИСТОН

19.11.2018


ДЕВАШТИЧ. Авҷи созандагиҳо дар Ҷамоати деҳоти Яхтан

Артиши Сурия охирин истеҳкоми «ДИ» дар ҷануби кишварро зери назорат гирифт

Дар ҳама минтақаҳои Ӯзбекистон «мактаби президентӣ» месозанд

Роҳандозии барномаи махсуси давлатии ипотекӣ барои дӯзандагони Қирғизистон

Киштии зериобии «Сан Хуан» - ро дар уқёнуси Атлантика ёфтанд

Ҷаҳон дар як сатр

Кулишов: «Марзҳои ИДМ бо таҷҳизоти муосир таъмин карда мешаванд»

Дар Тоҷикистон омӯзгори забони англисӣ барои таблиғи «ДИ» 19 сол гирифт

Қазоқистон мубориза бо машруботро сахттар мекунад

Фоидаи туризм ба кадом шаҳри дунё бештар аст?

Ҷаҳон дар як сатр

"ИСТИҚЛОЛ" бори аввал барои Ҷоми чемпионҳои КФО мубориза хоҳад бурд

Омодагии тими миллӣ ба марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳон – 2022

УСМОН ТОШЕВ САРМУРАББИИ НАВИ ДАСТАИ МУНТАХАБ

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд

Мулоқоти Зубайдулло Зубайдзода бо Амал Муҷрин ал - Ҳамад

Конференсияи гиромидошти Бобоҷон Ғафуров

Путин ва Абэ дар асоси қатъномаи соли 1956 гуфтушунид хоҳанд кард

Таҳлилгарони Nomura сустшавии суръати рушди иқтисоди ҷаҳониро пешгӯӣ намуданд

Frontex: ба Аврупо омадани гурезаҳо 31 дарсад коҳиш ёфт

Назарбоев соли 2019-ро Соли ҷавонон эълом дошт

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед