logo

фарҳанг

СИЁСАТИ ҲУҚУҚӢ ВА ДАВЛАТИ ДЕМОКРАТӢ

Ба муносибати 26-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон китоби раиси Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, академики Академияи илмҳо, доктори илмҳои ҳуқуқ, профессор Маҳкам Маҳмудзода таҳти унвони «Сиёсати ҳуқуқӣ ва давлати демократӣ» рӯи чоп омад. 

Китоби тозанашр фарогири силсилаи мақолаву маърӯзаҳое мебошад, ки ба мавзӯъҳои гуногуни соҳаи ҳуқуқ, сиёсати ҳуқуқӣ, таҳкими давлати демократӣ, аҳамияту зарурати Конститутсия дар бунёди давлатдории навини тоҷикон, рушди низоми қонунгузорӣ, нақши мақомоти назорати конститутсионӣ дар таъмини волоияти Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчунин, оила чун рукни табиӣ ва асосии давлату ҷомеа бахшида шудаанд.
Муаллиф ёдрас шудааст, ки зарурат ва муҳимияти қабули Конститутсияро дар бунёди давлатдории миллӣ Президенти мамлакат ҳанӯз дар Иҷлосияи таърихии XVI  Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Муроҷиатномаи худ ба халқи шарифи Тоҷикистон, 12 декабри соли 1992, таъкид карда буданд. Пешвои муаззами миллат дар Муроҷиатнома, аз ҷумла зикр намуданд, ки «асоси қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро нав карда, онро бо назардошти меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ такмил дода, барои бунёди давлати нав - давлати демократии ҳуқуқбунёд замина гузоштан лозим аст».
Муаллиф навиштааст, ки ғояи давлати демократии ҳуқуқбунёд ва дунявӣ, ки дар Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ бо ташаббуси бевоситаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси ҳадафи стратегии давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон эълон шуд, дертар дар лоиҳаи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон инъикос гардид.
Бо мутолиаи китоби «Сиёсати ҳуқуқӣ ва давлати демократӣ» хонанда метавонад аз паҳлуҳои гуногуни илми ҳуқуқи ватанӣ, таърихи қабули аввалин Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол, нақши он дар бунёди давлати демокративу ҳуқуқбунёд, таҳкими ҷомеаи шаҳрвандӣ, рушди ҳокимияти қонунгузор ва судӣ дар заминаи ислоҳоти судӣ-ҳуқуқии даврони соҳибистиқлолӣ, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд огоҳу баҳраманд гардида, сатҳи маърифати ҳуқуқии худро баланд бардорад.
Додоҷон РӮЗИЕВ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 28.08.2017    №: 182    Мутолиа карданд: 692

18.02.2020


ВКД. 161 УЗВИ ТАШКИЛОТИ ТЕРРОРИСТӢ ДАСТГИР ШУД

ФАРХОР. ҲОЛАТИ ҒАЙРИМЕЛИОРАТИВИИ ЗАМИНҲО МАВЗӮИ ДОҒ БОҚӢ МЕМОНАД!

18 ДОЛОНИ ЗИДДИТАРМАВӢ СОХТА МЕШАВАД

БОНУВОНИ НОҲИЯИ МУРҒОБ – ҒОЛИБИ ДАВРИ ВИЛОЯТИИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ «ДАСТАРХОНОРОӢ»

ГРЕНЛАНДИЯ ОБИ ПИРЯХҲОРО БА САВДО БАРОВАРДАНИСТ

ДАР БЕЛАРУС СОЛИ 2023 ИСТИФОДАИ ЗАРФҲОИ ПЛАСТИКИРО МАНЪ НАМУДАНИАНД

ПЕКИН ДАР 6 РӮЗ КОРХОНАИ НАВИ ИСТЕҲСОЛИ НИҚОБҲОИ ТИББӢ СОХТАНИСТ

ЧИН ВА АСЕАН ДАР МАСЪАЛАИ КОРОНАВИРУС ВОХӮРИИ МАХСУС ДОИР МЕКУНАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

17.02.2020


"РУШДИ ЧОРВОДОРӢ ВА ЧАРОГОҲҲО". ТАТБИҚИ ЗЕРЛОИҲАҲО

ШАҲРИНАВ. ИСТЕҲСОЛИ МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗӢ МЕАФЗОЯД

ФАЪОЛИЯТИ 32 ГУРӮҲИ МУТАШАККИЛИ ҶИНОЯТӢ ҚАТЪ ГАРДИД

ҲАМКОРИҲО БО ШАРИКОНИ РУШД ТАҲКИМ МЕЁБАНД

ТАРБИЯИ ҶИСМОНӢ ВА ВАРЗИШ 53 НАФАР УНВОНҲОИ СОҲАРО ГИРИФТ

ДАР ТОҶИКИСТОН БАЪДИ КАРАНТИНИ КОРОНАВИРУСӢ 87 НАФАРРО ҶАВОБ ДОДАНД

ЧИН БА ИСТЕҲСОЛИ НАХУСТИН ДОРУИ ЭҲТИМОЛӢ АЗ КОРОНАВИРУС ОҒОЗ НАМУД

ЛЕ ДРИАН: «БАРРАСИИ МАСОИЛИ АМНИЯТ БО РОССИЯ ЗАРУР АСТ»

ДАР ӮЗБЕКИСТОН БА ХИЗМАТИ ДАВЛАТӢ ТАВАССУТИ ИНТЕРНЕТ ҚАБУЛ МЕКУНАНД

НАФАҚАХӮРИ СЕРБ БА ПАРАДИ ҒАЛАБА ПИЁДА РАФТАНИСТ

Ҷаҳон дар як сатр

14.02.2020


ҲИСОР. ТАТБИҚИ ҲАДАФИ ЧОРУМИ СТРАТЕГӢ ДАР МАДДИ АВВАЛ

РОҒУН. БЕШТАРИ ҚОНУНШИКАНИҲО ВОБАСТА БА ИСТИФОДАИ ЗАМИН АСТ

АХД. ҶАЛБИ ЗАНОН БА ХИЗМАТИ ДАВЛАТӢ ҲАНӮЗ ҚОНЕЪКУНАНДА НЕСТ!

ИМА УМЕДВОРИ «МУЗОКИРОТИ ҶИДДӢ» БО РОССИЯ ВА ЧИН ОИД БА СИЛОҲИ ЯДРОӢ МЕБОШАД

ҲУКУМАТДОРОНИ ЧИН КОРХОНАҲОИ АЗ КОРОНАВИРУС ЗАРАРДИДАРО ДАСТГИРӢ МЕКУНАНД

ТЕЪДОДИ МУШТАРИЁНИ WHATSAPP БА ДУ МИЛЛИАРД РАСИД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

13.02.2020


ДУШАНБЕ. 62 КОРХОНАИ САНОАТӢ ТАЪСИС ЁФТ

ШСХК "БАРҚИ ТОҶИК". СОҲА РӮ БА БЕҲБУДӢ МЕОРАД

ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА. ИСТЕҲСОЛИ МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗӢ МЕАФЗОЯД

480 НОМ БА ФЕҲРИСТИ НОМҲОИ МИЛЛӢ ВОРИД МЕШАВАД

87 КОРМАНДИ ГУМРУК АЗ АТТЕСТАТСИЯ НАГУЗАШТ

ДОНИШКАДАИ ИДОРАКУНИИ ДАВЛАТӢ. ТАЪСИСИ ИХТИСОСҲОИ НАВ ТАҚОЗОИ ЗАМОН

БЕШ АЗ 50 ШАҲРВАНДИ ТОҶИКИСТОН АЗ УХАН БА ДУШАНБЕ ОВАРДА ШУД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед