logo

иқтисод

МИНТАҚАҲОИ ОЗОДИ ИҚТИСОДӢ – УСУЛИ АФЗАЛИ ТАЪМИНИ РУШД

Дар Тоҷикистон айни ҳол 62 лоиҳаи сармоягузорӣ, ки фарогири тамоми соҳаҳои иқтисоди миллӣ мебошанд, бо маблағгузории шарикони рушд, созмонҳои молиявӣ ва Ҳукумати ҷумҳурӣ мавриди амал қарор доранд.
Тибқи иттилои Кумитаи сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, танҳо дар шаш моҳи аввали татбиқи лоиҳаҳои амалишаванда ба маблағи қариб 1,3 миллиард доллари ИМА корҳо иҷро шудаанд, ки ин 50 дарсади маблағҳоро дар бар мегирад.
Дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ дар доираи иқдомҳои созандаи Сарвари давлат ҷиҳати амалисозии лоиҳаҳо ва барномаҳои афзалиятноки кишвар бо шарикони рушд 11 созишномаи нав ба маблағи умумии 404,3 миллион доллари ИМА ба имзо расонда шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 271,3 миллион доллар зиёд мебошад.
Бо қарорҳои Ҳукумати мамлакат лоиҳаҳои созишномаҳои сармоягузорӣ бо ҶДММ «Пакрӯд» оид ба коркарди кони Пакрӯд ва корхонаи муштараки «Муосир» оид ба сохтмони корхонаи истеҳсоли маводи тарканда дар ноҳияи Данғара тасдиқ шуданд. Тибқи ин ду санад, ҷалби 200 миллион доллари ИМА пешбинӣ шуда, корҳо аллакай оғоз ёфтаанд. 
Дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ аз Ҷумҳурии Мардумии Чин 76,6 миллион, Федератсияи Русия 20,6 миллион, Арабистони Саудӣ 7 миллион доллар ва аз дигар кишварҳо сармояи мустақим ба иқтисоди миллӣ ҷалб шудааст.
Таҷрибаи ҷаҳонӣ нишон медиҳад, ки ташкили минтақаҳои озоди иқтисодӣ (МОИ) самт ва усули афзалиятноки таъмини рушди иқтисодӣ ба ҳисоб меравад. Айни ҳол дар ҷумҳурӣ минтақаҳои озоди иқтисодии «Суғд”, “Панҷ”, “Данғара” ва “Ишкошим” фаъолият доранд. Ҳар МОИ вобаста ба макони ҷойгиршавии худ шакл ва таъйиноти худро дорад. Масалан, шакли МОИ “Суғд” истеҳсолию инноватсонӣ ва МОИ “Данғара” саноатӣ - инноватсионӣ аст. Шакли фаъолияти Минтақаи озоди иқтисодии «Панҷ» комплексӣ ва тиҷоратӣ мебошад.
 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои  миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари худ ба вилояти Хатлон барои бунёди боз се корхона дар Минтақаи озоди иқтисодии «Панҷ», аз ҷумла ҶСШП «Бурок», ҶДММ «Танус» ва ҶДММ «Глобал», санги асос гузоштанд. 
Барои ба талаботи меъёрҳои байналмилалӣ мутобиқ гардондани фазои сармоягузорӣ, ки яке аз ҳадафҳои муҳими Ҳукумати кишвар ба шумор меравад, шароити мусоид фароҳам оварда шудааст. Бо мақсади осон намудани рафтуомади сармоягузорон дар Тоҷикистон раводиди махсуси навъи “сармоягузор” амал мекунад. Давоми солҳои 2009-2014 Ҳукумати мамлакат дар низоми иҷозатдиҳӣ ислоҳот гузаронд, ҳамчунин, низоми электронии пешниҳоди иҷозатҳо ба роҳ монда шуд. Дар ин замина имконоти рушди соҳаҳои энергетика, саноат, кишоварзӣ, нақлиёт ва сайёҳӣ тавассути истифодаи имтиёзҳои андозию гумрукӣ ва минтақаҳои озоди иқтисодӣ хеле фарох гардиданд.
Ш. ҚУРБОН, “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 28.08.2017    №: 182    Мутолиа карданд: 437

21.11.2018


Аз таркиш дар Кобул беш аз 50 нафар ҳалок шуд

Ӯзбекистон нахустин намоишгоҳ-ярмаркаи байналмилалии содиротӣ мегузаронад

Могерини: «Иттиҳоди Аврупо «артиши аврупоӣ» ташкил карданӣ нест»

Табобати гепатити С дар Беларус аз арзонтарин дар Аврупост

Ҷаҳон дар як сатр

ДУШАНБЕ. Таҷлили нахустин ҷашни занони соҳибкор

ДЕВАШТИЧ. Тантанаи Рӯзи Президент

Иштироки мунтахаби футболи бонувон дар CAFA

20.11.2018


СУҒД. Оғози сохтмони раёсати маориф

ЛЕВАКАНТ. Конфронси илмӣ - назариявӣ ба ифтихори Иҷлосияи XVI

"Парасту" дар Тоҷикобод

Сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ барои машварат дар Тошканд ҷамъ меоянд

Финляндия ҷонибдори ҳузури Россия дар Шӯрои Аврупо

Вазорати маорифи Афғонистон 30 ҳазор занро ба кор мегирад

Баррасии рушди инклюзивии иқтисоди қитъа дар Гвинея Папуаи Нав

Ҷаҳон дар як сатр

АНВАР ЮНУСОВ СОҲИБИ КАМАРБАНДИ WBF

"СОРО КОМПАНИЯ" ҒОЛИБИ ЛИГАИ КАСБИИ ФУТЗАЛИ ТОҶИКИСТОН

19.11.2018


ДЕВАШТИЧ. Авҷи созандагиҳо дар Ҷамоати деҳоти Яхтан

Артиши Сурия охирин истеҳкоми «ДИ» дар ҷануби кишварро зери назорат гирифт

Дар ҳама минтақаҳои Ӯзбекистон «мактаби президентӣ» месозанд

Роҳандозии барномаи махсуси давлатии ипотекӣ барои дӯзандагони Қирғизистон

Киштии зериобии «Сан Хуан» - ро дар уқёнуси Атлантика ёфтанд

Ҷаҳон дар як сатр

Кулишов: «Марзҳои ИДМ бо таҷҳизоти муосир таъмин карда мешаванд»

Дар Тоҷикистон омӯзгори забони англисӣ барои таблиғи «ДИ» 19 сол гирифт

Қазоқистон мубориза бо машруботро сахттар мекунад

Фоидаи туризм ба кадом шаҳри дунё бештар аст?

Ҷаҳон дар як сатр

"ИСТИҚЛОЛ" бори аввал барои Ҷоми чемпионҳои КФО мубориза хоҳад бурд

Омодагии тими миллӣ ба марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳон – 2022

УСМОН ТОШЕВ САРМУРАББИИ НАВИ ДАСТАИ МУНТАХАБ

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед