logo

сиёсат

ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР МАВЗЕИ КАНАСКИ ШАҲРИ ВАҲДАТ

26 август Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади шиносоӣ аз вазъи соҳаи картошкапарварӣ ва парвариши занбӯри асал бо сафари корӣ ба мавзеи Канаски Ҷамоати деҳоти Ромити шаҳри Ваҳдат ташриф оварданд.
Дар ин ҷо Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҷамъоварии ҳосили фаровони картошка оғоз бахшида, дар намоишгоҳи як қатор хоҷагиҳои кишоварзӣ бо дастовардҳои меҳнаткашон шинос шуданд.
Майдони умумии мавзеи Канаск 40 ҳазор гектарро ташкил медиҳад ва иқлими он басо салқин ва табиаташ зебову назаррабост. Заминҳояш дар ду фасли сол - баҳору тобистон сабзпӯшанд. Канаск дар қисми шимолу шарқии шаҳри Ваҳдат дар баландии 2300-2500 метр аз сатҳи баҳр, дар масофаи 100 километр дурӣ аз маркази шаҳр ҷойгир мебошад.
Ин мавзеъ бо гиёҳҳои шифобахш, рӯди обаш сарду мусаффо ва чашмаи оби гарм барои истифодабарандагон, алалхусус чорвопарварон ва занбӯриасалпарварон, ки моҳҳои зиёд муқими ин ҷо мегарданд, басо созгор аст. Ҳамчунин, ин мавзеъ барои парвариши картошкаи тухмӣ, ки аз барангезандаҳои касалию зараррасонҳо озод аст, мутобиқ мебошад. Фаровонии гулу гиёҳҳои шифобахшу шароити хуби экологии мавзеи Канаск барои парвариши занбӯри асал ва истеҳсоли асали аълосифат басо мусоид аст. Ин минтақаи биҳиштосо бо табиати зебову нотакрор барои рушди соҳаи туризм низ созгор мебошад. Аз ин рӯ, Сарвари давлат дастур дода буданд, ки барои мусоидат ба рушди соҳаи сайёҳӣ, ҷалби сайёҳони дохилию хориҷӣ тамоми инфрасохтори бахши туризм, аз ҷумла бунёди роҳу дастрасии алоқаро таъмин намоянд.
Ҳадаф аз сафари кории навбатии Президенти мамлакат ба мавзеи Канаск мусоидат ба рушди соҳаи картошкапарварӣ, раванди татбиқи “Барномаи давлатии рушди соҳаи тухмипарварӣ барои солҳои 2016-2020”, занбӯриасалпарварӣ, ба гардиши кишоварзӣ даровардани заминҳои нав ва истифодаи самараноки он дар ин минтақа мебошад.
Ёдовар мешавем, ки 13 августи соли 2016 Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Канаск ташриф оварда, бо шароити агроиқлимии мавзеъ барои истеҳсоли тухмиҳои хушсифати зироатҳои кишоварзӣ, рушди чорводорӣ ва занбӯриасалпарварӣ  ва истифодаи гиёҳҳои шифобахш шинос шуда буданд. Ҳамон вақт Сарвари давлат ба Ҳукумати ҷумҳурӣ барои истифодаи самараноки мавзеъ дастуру супоришҳои судманд доданд.
Бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 ноябри соли 2016 Корхонаи воҳиди давлатии “Хоҷагии ёрирасони Канаск” таъсис дода шуда, аз моҳи апрели соли 2017 майдони умумии 40 ҳазор гектар заминҳои мавзеи Канаски деҳоти Ромити шаҳри Ваҳдат ба тавозуни корхона гузаронда шуд. Дар Корхонаи воҳиди давлатии “Хоҷагии ёрирасони Канаск” 45 нафар коргари доимӣ ва 35 нафар ба таври мавсимӣ ба кор ҷалб карда шудаанд. Корхонаи воҳиди давлатии “Хоҷагии ёрирасони Канаск” бо 37 хоҷагии чорвопарвар шартномаи ҳамкорӣ бастааст.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои фаъолияти корхона ва пешбурди корҳои хоҷагидорӣ беш аз 800 ҳазор сомонӣ ҷудо намуданд. Баҳри мусоидат ба рушди соҳаи картошкапарварию занбӯриасалпарварӣ Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон 340 тонна тухмии 10 навъи картошкаи тезпазак ва 600 оилаи занбӯри асал ба мавзеи Канаск дастрас кард.
Дар мавсими кишту кор аз ҳисоби Корхонаи воҳиди давлатии ҷумҳуриявии “Тоҷикагролизинг”- и вазорат зиёда аз 13 адад техника ва дигар таҷҳизоти кишоварзӣ ба мавзеи Канаск сафарбар гардида, корҳои тахту ҳамворкунӣ, шудгор ва кишт ба анҷом расонда шуданд. Дар мавзеи Канаск соли 2017 дар майдони 200 гектар кишти зироатҳои кишоварзӣ гузаронда шудааст, ки аз он 176 гектар картошкаи тирамоҳӣ, наздики 4 гектар сабзавот ва 20 гектар картошкаи барвақтӣ мебошад. Аз ин миқдор замин Вазорати кишоварзӣ бо истифодаи тухмиҳои худӣ ба иҷоракорон ва ба як қатор мақомоти давлатию маҳаллӣ, вазоратҳои мудофиа ва корҳои дохилӣ 35 гектар картошка кишт пешниҳод кард.
Мутобиқи дастури Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ масоҳати кишти картошкаи тухмиро дар соли 2018 ба 400 гектар васеъ намуда, ҳосили онро ба 16 ҳазор тонна мерасонад. Тухмии истеҳсолгардидаи картошкаи барвақтии мавзеи Канаск асосан барои ба роҳ мондани кишти барвақтии картошка дар ноҳияҳои вилояти Хатлон ва водии Ҳисор истифода мегардад.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон масъулони соҳаи кишоварзии кишварро ба истифодаи самараноки замин, истеҳсоли тухмиҳои аълосифат, таъмини фаровонии бозори истеъмолӣ, ба роҳ мондани содироти маҳсулоти кишоварзӣ, ҷамъоварӣ ва бастабандии гиёҳҳои шифобахши мавзеи Канаск баҳри таъмини амнияти озуқаворӣ ва рушди бахши тухмипарварӣ ҳидоят карданд.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 28.08.2017    №: 182    Мутолиа карданд: 449

19.02.2019


МАКТАБИ ДАВЛАТДОРИИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН. ЯК ҲАМОИШИ МУҲИМ

Баррасии масъалаҳои рушди сайёҳӣ

Вохӯрии Низомиддин Зоҳидӣ бо Мазен Шамия

Дурнамои рушди муносибатҳо матраҳ гардид

ҶОМИ КУШОДАИ АВРУПО. Муҳаммадризо Қувватов медали биринҷӣ ба даст овард

Авҷи ниҳолшинонӣ

Саҳми соҳибкорон дар ободии деҳот

Ҳамкории тиҷоратию иқтисодии Чин ва Россия густурдатар мегардад

Сарвар Дониш: «Музокироти сулҳ бидуни ҳукумат қурбе надорад»

«Туҳфаи шоҳона» - и Арабистони Саудӣ ба шаҳрвандони Покистон

Дар Қазоқистон маркази амнияти иттилоотӣ ифтитоҳ меёбад

Сокини навраси Шимкент ду нафарро аз сӯхтор наҷот дод

Ҷаҳон дар як сатр

18.02.2019


Боздиди Азим Иброҳим аз ҷараёни корҳои сохтмонӣ

ВКД Ҷиноятҳо 83,6 дарсад ошкор шуданд

Вазорати молия. Барои дастгирии буҷет маблағи бештар ҷалб хоҳад гашт

«BISHKEK OPEN – 2019». Дурахши каратэ-дочиёни навраси тоҷик

«МОҲИЯТ ВА ТАЪЙИНОТИ МАТБУОТИ МАҲАЛЛӢ»

РОҒУН. Ободонӣ вусъат меёбад

АНДОЗ. Нақша 100, 6 дарсад иҷро гардид

ТОҶИКИСТОНУ ӮЗБЕКИСТОН. Гардиши савдо ду баробар афзуд

Тоҷикистон миёни кишварҳои ИДМ ба афзоиши баландтарини ММД муваффақ гашт

Дар Тошканд конфронси байналмилалӣ оид ба Осиёи Марказӣ баргузор мегардад

Қасри сафед: "Музокироти тиҷоратӣ дар Пекин ба пешравӣ мусоидат кард"

Трамп мехоҳад ҷангиёни «Давлати исломӣ» - ро ба Аврупо барои суд кардан баргардонад

Кумитаи амнияти иттилоотии Қазоқистон беш аз 90 сомонаи хавфнокро ошкор сохт

Ҷаҳон дар як сатр

15.02.2019


ШАМШЕРБОЗӢ. ИШТИРОКИ ВАРЗИШГАРОНИ МО ДАР ЧЕМПИОНАТИ КУШОДИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Дар Душанбе ташкили низоми муттаҳидаи мудофиаи зиддиҳавоӣ баррасӣ шуд

Дар чор сол муомилоти мол байни Тоҷикистону Ӯзбекистон 19 маротиба афзуд

Медведев: «Таҳримоти ИМА ба иқтисоди Россия таъсири чандон бузург расонда наметавонад»

Пентагон. ИМА аз Афғонистон ҳамроҳи иттифоқчиёнаш меравад

13.02.2019


2018. Сиёсати хориҷии Тоҷикистон пурбарор буд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед