logo

президент

Машварати кории Сардори давлат

Нимаи дуюми рӯзи 14 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон оид ба омодагӣ ба зимистони пешомад ва дигар масъалаҳои ҳалталаб бо масъулони Ҳукумати мамлакат ва Дастгоҳи иҷроияи Сардори давлат, роҳбарони вазорату идораҳои дахлдор машварати корӣ доир намуд.

Дар мавриди омодагӣ ба зимистон, ки аз масъалаҳои асосии машварат буд, таваҷҷӯҳ бештар ба таъмини мардум ва корхонаю муассисаҳо бо нерӯи барқ, газ, гармӣ ва маводи ғизоӣ дар фасли сармо зоҳир гардид. Таъкид гашт, ки барои иҷрои ин ҳадафҳо бояд ба қадри кофӣ ангишт, гази моеъ, мазут, дигар маводи сӯхт ва озуқаворӣ захира шавад, хусусан барои эҳтиёҷоти муассисаҳои маориф, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ.
Роҳбарони вазорату идораҳои дахлдор гузориш доданд, ки то якуми октябр нақшаи захираи маводи мазкур барои зимистон пурра иҷро мегардад.
Сардори давлат Эмомалӣ Раҳмон иҷрои пурра ва саривақтии Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро «Дар бораи тадбирҳои иловагии истифодаи сарфаҷӯёнаи энергия» қатъиян талаб намуда, таъкид дошт, ки то якуми октябри соли равон бояд гузариш ба истифодаи лампаҳои каммасраф дар тамоми қаламрави кишвар таъмин гардад.
Аз роҳбарон ва кормандони Дастгоҳи иҷроияи Президенти мамлакат, вазорату идораҳо ва ҳамаи  ходимони давлатӣ талаб карда шуд, ки фитри рӯзаро на бо пардохти пул, балки бо хариди лампаҳои каммасраф ва додан ба оилаҳои камбизоат ба ҷо биёранд.
Ҷалби бештари олимону ходимони дин, кормандони маркази исломшиносӣ, имом-хатибони масҷидҳо ва шӯроҳои уламои дин ба тарғибу ташвиқи фарҳанги сариштакорӣ ва сарфакорона истифода бурдани нерӯи барқ зарур шумурда шуд, аз ҷумла дар масъалаи гузаштан ба истифодаи лампаҳои каммасраф ва аҳамияти он ҳам ба буҷети оила ва ҳам ба саломатии инсон.
Ба масоили вобаста ба ҷамъоварии ҳосили пахта, меваю сабзавот, омодагӣ ба кишти тирамоҳӣ, захираи маҳсулоти озуқаворӣ ва тухмии хушсифат аз дохили кишвар низ таваҷҷӯҳи зиёд зоҳир гардид.
Дастур дода шуд, ки дар пойтахт ва марказҳои тамоми шаҳру ноҳияҳои мамлакат ҳамарӯза то рӯзи иди саиди Фитр намоиш-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ бо нархҳои арзон ташкил карда шавад.
Ҳамчунин таъкид гардид, ки кӯмакҳои хайрия бояд,  пеш аз ҳама ба ятимону бепарасторон, пирони барҷомондаю маъюбон, оилаҳои камбизоат ва дигар эҳтиёҷмандон раво дониста шавад.
Сардори давлат Эмомалӣ Раҳмон ба рафти омодагӣ ба Симпозиуми байналмилалӣ оид ба бузургдошти Имоми Аъзам, ки моҳи октябри соли равон дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад, таваҷҷӯҳи ҷиддӣ зоҳир намуда, барои дар сатҳи баланди илмию маърифатӣ гузарондани он ба масъулин дастуру ҳидоятҳо дод.
Дар машварат ҳамчунин масоили ҷамъбасти нишондодҳои фаъолияти 9 – моҳаи хоҷагии халқи мамлакат, иҷрои буҷети давлатии соли равон ва таҳияи буҷет барои соли оянда ва дигар масоили мавриди таваҷҷӯҳ баррасӣ шуданд.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 891

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед