logo

Хабарҳо

Биноҳои нави порлумон ва Ҳукумат бунёд мегарданд

Барои сохтмони бинои нави порлумон ба масоҳати 42774 метри мураббаъ ва маҷмааи Ҳукумати Ҷумҳурии  Тоҷикистон 44070 метри мураббаъ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Мардумии Чин дар доираи  ёриҳои техникӣ 1,5 миллиард юан ҷудо мегардад.
Ин нуктаро Неъматулло Ҳикматуллозода, вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар иҷлосияи дуюми ғайринавбатии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ даъвати панҷум баён намуд. Дар ҳамин ҳол, вакилони Маҷлиси намояндагон Ёддошти тафоҳум ва ҳамкорӣ байни Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати тиҷорати Ҷумҳурии Мардумии Чин оид ба амалӣ гардондани асосноккунии техникиву иқтисодии лоиҳаҳои сохтмони «Бинои нави парламент ва маҷмааи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро ба тасвиб расонданд.
Вазири рушди иқтисод ва савдо иброз дошт, ки ёддошти тафоҳум дар асоси Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии  Тоҷикистон аз 1 апрели соли 2017 ба имзо расидааст. Фармоишгари лоиҳа Дирексия оид ба сохтмони иншооти  ҳукуматии назди Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян шудааст. Зикр гардид, ки воридоти таҷҳизот ва масолеҳи сохтмонӣ аз пардохтҳои гумрукӣ ва андоз аз арзиши иловашуда озод карда мешавад. Ташкили кор ва амалисозии ҳар ду лоиҳа, аз ҷумла таъмини техникаи зарурӣ, насб ва ба кор андохтани таҷҳизоти техникӣ, иҷрои корҳои сохтмонӣ тибқи меъёр ва стандартҳо, ба Тоҷикистон фиристодани ҳайати муҳандисӣ - техникӣ ба уҳдаи Ҷумҳурии Мардумии Чин вогузор шудааст.
Мунаввари САФАР, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 153

25.09.2017


Ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ баррасӣ гардиданд

Муносибатҳои Тоҷикистону САҲА густариш меёбанд

Мулоқоти Сироҷиддин Аслов бо Шайх Абдулло бинни Зойид

Танзим барои паст кардани сатҳи камбизоатӣ мусоидат менамояд

Пленуми дуюми Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнат баргузор гардид

Ҷаҳон дар як сатр

Ҷонибдории Дабири кулли СММ аз музокироти сулҳи Остона

Президенти Лубнон ба Созмони милал муроҷиат кард

Чин содироти газро ба Кореяи Шимолӣ пурра қатъ месозад

Тӯфони «Мария» радиотелескопи машҳури «Аресибо» - ро шикаст

Нахустин ҷарроҳии мустақили роботи дандонпизишк

22.09.2017


Мулоқоти Сироҷиддин Аслов бо Кай Микканен

Баррасии татбиқи қонун «Дар бораи таҳсилоти калонсолон»

Масоили густариши ҳамкориҳо дар соҳаи маориф матраҳ гаштанд

Ҷаласаи XVI Кумитаи ҳамкории гумрукӣ

10 комбайни нав дар шолизор

21.09.2017


Вохӯрии Сироҷиддин Аслов ва Хосе Гратсиано да Силва

Баргузории конференсияи илмӣ-назариявӣ

Баррасии тавсеаи ҳамкориҳо дар соҳаи таҳсилоти олӣ

Дар Хуросон ҳосили хуб ба даст оварданд

Теъдоди қурбониёни заминларзаи Мексика ба 230 нафар расид

Дар Арабистони Саудӣ ба иди миллӣ бори нахуст занонро даъват намуданд

Насли нави рақамӣ иқтисоди Чинро дигар мекунад

20 миллиони фонди Ди Каприо ба ҳимояи муҳити зист

Дар дунё 40 миллион дар ғуломӣ қарор дорад

20.09.2017


Мулоқоти Сироҷиддин Аслов ва Петер Сиярто

Абдулхалил Бахтиёр: «Мардуми Афғонистон аз кумакҳои халқи тоҷик сипосгузоранд»

Таҷлили 26 - солагии Истиқлолияти давлатӣ дар Япония

Дар Тошканд Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон баргузор мешавад

5 – УМИН БОЗИҲОИ ОСИЁ. 14 медал дар чаҳор рӯз

«Истиқлол» боз қаҳрамони мусобиқоти футболи кишвар

Истеҳсоли асал меафзояд

ҚАЛЛОБӢ кам, вале худсарона ишғол намудани замин зиёд шудааст

Ҷаҳон дар як сатр


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед