logo

иҷтимоиёт

МОРИС БУКМАСТЕР

Моҳи июли соли 1940 дар Англия Хадамоти амалиёти махсус (ХАМ) – ро таъсис доданд. Дар меморандум – номаи дипломатие, ки сарвазир Черчилл ба Хадамоти мудофиавӣ пешниҳод сохт, гуфта мешуд, ки ХАМ «барои мутобиқсозии ҳамаи амалиётҳои тахрибкорӣ ва коршиканӣ дар ҳудуди кишвари мухолиф»  ташкил карда мешавад. Баъдтар ин андешаашро бо чунин суханон тақвият бахшид:  «то ки Аврупоро оташ зананд».
Қисми асосии ХАМ басти франсузии хадамот ба ҳисоб мерафт, ки дар Бэйкер – стрит, кӯчаи шуҳратманд, ки кадом вақте «ҷосуси номдор» Шерлок Холмс бо рафиқаш доктор Уотсон «мезист», ҷой гирифта буд.
Капитан (баъдтар подполковник) Морис Букмастер бори нахуст ба остонаи Бэйкер-стрит моҳи марти соли 1941, вақте ки фаъолияти басти франсузӣ акнун рушд меёфт, қадам гузошт. Вай полковник Марриотро, ки ба нафақа рафт, иваз намуд.
Аз суҳбат бо Марриот Букмастер фаҳмид, ки ахборе, ки аз Франсия мерасад, ниҳоят ночиз аст, зеро дар ун кишвар корҳои ҷосусӣ бурда намешаванд.
— Шумо бо чӣ машғулед? — бо мароқ пурсид Букмастер.
— Бо тахрибкорӣ.
— Бо кадом намудаш? Моҳияташ дар чист?
Полковник забон хоид, чизи мафҳуме гуфта натавонист, танҳо ғурунгид: «бо коршиканӣ ва вайронкорӣ».
Букмастер нахуст маълумотномаи заводу фабрикаҳои франсузиро ба даст овард, то ки аз рӯи он корхонаҳоро барои фаъолияти тахрибкорӣ ҷудо намояд.
Боре, моҳи майи соли 1941, Букмастер ҳангоми навбатдории шабона бори нахуст бо сэр Чарлз Хамбро, сардори ХАМ, вохӯрд.
— Вазифаи шумо аз чӣ иборат аст? — пурсид Хамбро.
— Дар ин хусус касе чизе нагуфтааст.
— Аврупоро таркондан, чи тавре ки Черчилл фармон додааст!
— Мефаҳмам, аммо инро чӣ тавр иҷро бояд кард?
— Ҳаа, — мад кашид сэр Чарлз, — ҳоло мо танҳо даҳ ҷосуси машқдида  дорем, ин кам аст. Бар зами  ин  мо  намехоҳем, ки  немисҳо амалиётҳои моро дастак карда репрессия ва куштори одамонро истифода баранд. Вале мо мехоҳем, ки амалиётҳои вайронкориро мувофиқа намоем, то ки ҳарорати муқовиматро дар Франсия баланд бардоранд.
— Ягон кас ба он ҷо фиристода шудааст? — пурсид Морис.
— Онҳо машқ мекунанд.
— Эҳ Худо! Аллакай як сол мешавад, ки мо аз Франсия берун карда шудаему ҳатто «оби шикамамонро намеҷунбонем».
Вале сэр Чарлз даст зери бағал наменишаст. Ҳамон вақт, моҳи майи соли 1941, се нафар: коммандант Жорж Бегю, капитанҳо Пйер де Вомекурт ва Роже Котен ба Франсия бо парашут партофта шуда буданд.
Морис Букмастер басти франсузӣ, басти аз ҳама калону муҳимтарини ХАМ - ро чор сол сарварӣ намуд. Зери роҳбарии ӯ ҷосусони зиёд – марду зан, пиру ҷавон, ҳарбию ғайриҳарбӣ – тавассути тайёраҳо, киштиҳои зериобӣ, заврақҳои хурди моҳигирӣ ба Франсия расонда шуданд. Бо ҳар нафари онҳо пеш аз сафари хатарнок суҳбат мекард, мепурсид, ки ба рафтан омодааст ё шубҳае дар дил дорад, агар рафтан нахоҳад, метавонад аз сафари хавфнок даст кашад ва ба ӯ ягон ҷазо дода намешавад. Ҳамаи разведкачиёни зиндамонда дар ҳаққи Морис суханони нек гуфтаанд.  
Букмастер соли 1902 ба дунё омадааст. Баъди хатми донишгоҳи Оксфорд дар Франсия  дониш омӯхт ва минбаъд дар ҳамин ҷо зиста, дар газетаи «Матэн» - и Париж хабарнигор буд.  Баъд дар ширкати «Форд» дар Франсияю Англия кор кард. Соли 1939 ба хизмати ҳарбӣ даъват шуд. Курси разведкачиро хатм намуд, унвони капитанро гирифт, баҳори соли 1940 дар Франсия дар муҳорибаи Дюнкерк иштирок намуд. 2 июни соли 1940 бо гурӯҳи маҷрӯҳон ба Англия омад. 17 марти соли 1941 капитан Морис Букмастер ба Бэйкер - стрит қадам гузошт.
Вақте ки Букмастер ба фаъолият оғоз намуд, дар басти вай ҳамагӣ 8 нафар кор мекард. Дар як сол шумораи онҳо ба 24 нафар расид. Ёваронаш «мушони хонагӣ» набуданд, нисфи зиёди онҳо бӯи борут шамидаву дар набардҳо хун рехта буданд. Дар байни кормандонаш капитанҳо Люис Гилгуд, Селвин Ҷексон дар ҷалб намудани агентҳо ба кори ҷосусӣ ҳамто надоштанд. Майор Борн - Патерсон тамоми деҳаҳои Франсияро ном ба ном медонист. Майор Жерар Морел чандин маротиба дар ақибгоҳи фашистон корҳои разведкавӣ бурда, дар бисёр амалиётҳо шахсан иштирок намудааст, чанд бор ба зиндон афтод, аз лагерҳои марг гурехт. Вера Аткинс бошад, ба англисҳою канадагиҳо забони франсузӣ меомӯзонд ва аз онҳо франсузи ҳақиқӣ «месохт» ва  ба  Франсияи дар тасарруфи фашистон азияткашанда баҳри дарёфти маълумот мефиристонд. Ӯро «майна ва қалб» - и басти франсузӣ меҳисобиданд. Зеро ҳар як разведкачиро бо маълумоти дақиқ, ҳуҷҷатҳо, чиптаҳои метрои Париж, гӯгирдҳои франсузӣ таъмин менамуд, то ки онҳо дар байни немисҳои истилогар гашта ягон шубҳае ба миён наоранд. Ба ҳар нафар шогирдаш талқин мекард, ки ба тарзи франсузӣ хӯрок хӯранд, май нӯшанд, гаштугузор намоянд, фориғбол бошанд, ба назари бинандагон бегона натобанд. 
Букмастер дар симои Кумитаи франсузии озодихоҳии миллӣ ё худ «Франсияи озод» рақиби сарсахтеро медид. Зеро роҳбари он генерал де Голл намехост, ки франсузҳо дар ташкилоти ҷосусии англисҳо кор кунанд. Аммо дар амал бисёр франсузҳо, махсусан онҳое, ки баромадашон аз мустамликаҳои Франсия буданд, бо англисҳо ихтиёрӣ ҳамкорӣ доштанд ва бисёриашон агенти Хадамоти амалиёти махсус буданд.
Чаро генерал де Голл зид буд? Вай метарсид, ки баъди ҷанг ҷосусони Букмастер дар Франсия монда ба нафъи Англия кор хоҳанд бурд. Аз ин рӯ, ба Черчилл мегуфт, ки амалиёти агентҳои англис  дар Франсия «ба соҳибистиқлолии он халал мерасонад». Де Голл Хадамоти амалиёти махсусро эътироф намекард, вале ҳамкоронаш аз хизмати ин ташкилот хуб фоида мебурданд. Масалан, шашмоҳаи аввали соли 1944 басти Морис ба Франсия бо тайёраҳо 45 ҳазор пулемёт ва 17 ҳазор тапонча, чандин тонна маводи тарканда ва ғайра партофт.
Агентҳои хадамот баъди кушода шудани фронти дуюм бо артиши иттифоқчиён пайваста, муборизаро бар зидди фашизм идома бахшиданд. Дар солҳои ҷанг  басти Морис ба  Франсия 480 разведкачӣ фиристонд, аз онҳо 130 нафар ба дасти фашистҳо афтод, аз асирон 26 кас  зинда монд. Чанд нафар дар муҳорибаҳо ҷон бохт. Баъди ғалаба дар Франсия ва Олмон 49 клуби «Дӯстони Букмастер» созмон ёфт ва онҳо собиқадорони басти франсузии хадамоти махфиро муттаҳид намуданд.
Қурбон МАДАЛИЕВ,
«Ҷумҳурият», тарҷума аз русӣ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 29.08.2017    №: 183-184    Мутолиа карданд: 302

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд

Аврупо дар бозёбии партовҳои уран дар Тоҷикистон саҳм мегирад

Москва аз ҷумлаи даҳ шаҳри беҳтарини дунёст

Гунаҳгорони ҳалокати 52 ӯзбекистонӣ зиндонӣ шуданд

Чин дар ҷаҳон калонтарин воридкунандаи газ

Ҷаҳон дар як сатр

ҚУБОДИЁН. 48 медали варзишгарон дар нуҳ моҳ

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад

ЭКСПО дар Шанхай: шартномаҳо ба маблағи қариб $60 миллиард ба тасвиб расиданд

Сӯхтори ҷангал дар Калифорния боиси ҳалокати 25 нафар гашт

Ҷаҳон дар як сатр

ВАХШ. Суратҳисоби бонкӣ барои ятимон

ОЛИМПИАДАИ “GENIUSKIDS – 2018” 35 медали хонандагони тоҷик

САМБО. Хушқадам Хусравов – қаҳрамони ҷаҳон

09.11.2018


Ҳамоишҳои ҷавонон бахшида ба Рӯзи Президент

Баррасии масоили рушди ҳамкориҳо

Мулоқоти Юсуф Раҳмон бо Кристофер Рэй

Таъсиси гурӯҳи корӣ баҳри иҷрои «Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Душанбе барои давраи то соли 2025»

Давлаталӣ Саид дар Корея

20-умин конфронси расонаҳои Осиёи Марказӣ дар Остона баргузор шуд

«Толибон» рӯйхати иштирокдорони мушовараи Москваро интишор дод

Таърихшиноси фаронсавӣ ба Макрон нақши Россияро дар наҷоти Аврупо хотиррасон кард

Ҷаҳон дар як сатр

"TASHKENT GRAND PRIX" ИШТИРОКИ ПАҲЛАВОНОНИ ТОҶИК ДАР ОН

"Истиқлол" бори ҳафтум чемпиони Тоҷикистон шуд!


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед