logo

иҷтимоиёт

ВОБАСТАГӢ БА СИГОР. РОҲИ ХАЛОСӢ ҲАСТ?

Пойбанд гаштан ба сигор яке аз мушкилоти асосии ҷаҳони муосир  ба ҳисоб меравад. Тадқиқоти олимон маълум намуд, ки ин омил ҳамасола сабаби марги қариб 6 миллион одам  мегардад. Дар ҳар 6 сония аз таъсир ва истеъмоли тамоку тақрибан як нафар ба ҳалокат мерасад. Аз даҳ ҳолати фавт байни одамони калонсолу миёнасол якеаш бо сабаби таъсири тамоку дониста мешавад. Беш аз нисфи истеъмолкунандагони тамоку аз бемориҳое мефавтанд, ки пайдоишашон ба сигоркашӣ алоқамандӣ дорад.
Дар асри ХХ сигор сабабгори беш аз 100 миллион ҳолати марги одамон гардидааст. Аммо, ба андешаи олимону коршиносон, агар ин тамоюл нигоҳ дошта нашавад, дар асри ХХI то ба як миллиард расиданаш аз эҳтимол дур нест. Беш аз 80 дарсади ин ҳолат дар кишварҳои даромадашон миёна ва аз меъёр пойин ба амал меояд.
Аз лаҳзаҳои аввали истеъмоли тамоку то вайроншавии мубодилаи моддаҳои бунияи (саломатии) нафарони сигоркаш якчанд сол сипарӣ мегардад. Аммо паҳншавии бемориҳо аз таъсири тамоку ва ба марг оварда расондани онҳо, ҳанӯз дар ибтидои истеъмоли тамоку ҷараён мегирад.
Муайян гардидааст, ки дар таркиби дуди сигор беш аз 4000 моддаи кимиёвӣ, ҳадди ақал 250 намуди онҳо ба саломатӣ хатарнок ва зиёда аз 50 намудашон кансерогенҳо (таҳриккунандаи бемории саратон) мебошанд, мавҷуд аст. Ҳосилаи дуди тамоку дар миёни одамони калонсол бемориҳои хатарноки дилу рагҳои хунгард ва роҳи нафас, ҳамчунин, бемории ишемиявии дил (норасоии оксиген дар мушакҳои дил) ва саратони шушро ба вуҷуд меорад. Бояд гуфт, ки ҳосилаи дуди ин маводи зиёновар боиси марги кӯдакони ширхора ҳам мегардад.
Мутаассифона, имрӯзҳо дар дилхоҳ кӯчаву пасткӯчаҳои шаҳру навоҳии кишварамон нафарони зиёди сигоркашро дидан мумкин аст. Тӯли ду соате, ки  дар назди яке аз мағозаҳои хӯрокворӣ мушоҳида гузаронидем, 150 нафар сигор харид, ки аксарашон ҷавонон буданд.
Аз пурсишҳо маълум гардид, ки аксари шахсони ба ин амал дастзада дорои мушкилоте ҳастанд. Аҷиб он, ки аксари онҳо аз бепулию бекорӣ қисса мекунанд, вале ҳар рӯз ба миқдори 10 сомонӣ ва бештар аз онро сарфи сигор месозанд. Ҳамчунин, бархе аз истифодабарандагони сигор аз зарари он бохабаранд, вале аз рӯйи одат ва бо баҳонаи ором шудану рафъи хастагӣ ба масрафи ин моддаи зиёновар даст мезананд.
Умарҷон Аслонов, сокини пойтахт, ду сол боз вобастаи сигор  аст. Ӯ мегӯяд: «Мушкилоти зиёд дорам. Аз сабаби барор нагирифтани кор рӯҳан азият мекашам ва худро каме ҳам бошад, тавассути ин амал ором месозам. Ба он нафрат дорам, вале аз ин одати бад раҳо гашта наметавонам». Ба монанди Умарҷон дар кишвари мо - ҷавонон кам нестанд. Аммо савол ин аст, ки оё воқеан ҳам ҳоли онҳо бад аст?
Ба гуфтаи равоншиносон иштибоҳи асосии як идда ҷавонон дар он аст, ки мехоҳанд ҳама чиро осон ва бе заҳмат ба даст оранд. Баъд аз он ки ба мақсад намерасанд, худро дилшикаставу афсурда пиндошта, рӯй ба кашидани сигору нос ва истеъмоли машрубот меоранд.    Шояд сабаб дар он бошад, ки дар даврони кӯдакӣ волидон масъулияти тарбияи фарзандро дарк накарда, ба онҳо шеваи лаззат бурдан аз одитарин чизҳоро намеомӯзанд. Дар ин ҳол, онҳо бо расидани сабуктарин мушкилӣ худро шикастхӯрда мепиндоранд. Мусаллам аст, ки аксари волидон аз сабаби он ки фарзанди худро дӯст медоранд, таҳаммули нороҳатии ӯро надоранд. Масалан, агар кӯдак чизеро, ки дӯст дорад аз даст диҳад, дарҳол ҷойгузине барои он пайдо мекунанд. Онҳо гӯё мушкилиро ҳал карданд, вале дарвоқеъ масъала ҳал нашудааст. Кори дуруст он аст, ки волидон бояд ба кӯдак фаҳмонанд, ки баъзан дар зиндагӣ инсон ашёҳои дӯстдоштаашро аз даст медиҳад. Кӯдак бояд донад, ки дар баробари хушбахтӣ мушкилиҳо низ вуҷуд доранд.
Таҷриба нишон медиҳад, ки кӯдаки бо ин равия тарбияёфта дастнигар мешавад. Ҳамеша интизор мемонад, ки корашро нафари дигар ҳал кунад. Шояд аз имкониятҳое, ки волидон барояш муҳайё кардаанд, лаззат барад, вале шод намешавад. Чун шодӣ маҳсули корест, ки аз тарафи худи шахс амалӣ мешавад, на каси дигар. Вақте фарзанд ба синни навҷавонӣ мерасад волидон аксари ниёзҳояшро бароварда наметавонанд. Дар натиҷа, ҳар мушкиле, ки пеши роҳаш ояд ба ҷои ҳалли он думболи болида намудани табъ ва ором кардани асаб мегардад. Ин метавонад яке аз сабабҳои рӯй овардан ба сигоркашӣ гардад.
Қурбон АҲМАДЗОД, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 29.08.2017    №: 183-184    Мутолиа карданд: 398

21.01.2019


Фестивали байналмилалии «Наврӯз – мероси фарҳангии сайёҳӣ» баргузор хоҳад шуд

"Парасту - 2019" – ҷашнвораи ҷумҳуриявии театрҳои касбӣ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Баргузории ҷашнвораи байналмилалии «Рӯзи барф» дар Калуга

Дар Арабистони Саудӣ ҷалби бонувон ба корҳои ҷамъиятӣ меафзояд

Соли 2018 прокуратураи Қазоқистон ба буҷети кишвар $90 миллион талофӣ кард

Дар Тошканд хазинаи қадима ёфт шуд

Дороии 26 шахси сарватмандтарини дунё ба даромади 3,8 миллиард ниёзманд баробар аст

18.01.2019


Таҳдидҳои асосӣ ба иқтисоди ҷаҳонӣ номбар шуданд

Гумонбари омодасозии ҳамла ба Қасри сафед ба даст афтод

Дар Чин қаллобонро барои фиреб ҳабси абад карданд

29 миллион сом зарари собиқадорони сохта

Ҷаҳон дар як сатр

17.01.2019


Тамдиди шартномаи ФФТ бо "Сомон Эйр"

60 ДАРАҶА ХУНУКӢ ВА ДАВИ 50 - КИЛОМЕТРАИ ЭКСТРЕМАЛИ МОЛДАВӢ

16.01.2019


Пирӯзии мунтахаби Тоҷикистон бар Эрон

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Роҳандозии моратории дусола дар Тоҷикистон

Нақшаи Brexit дар парламенти Британия рад карда шуд

Кремл роҳи ҳалли буҳрони Украинаро пешниҳод намуд

Ифтитоҳи онлайн-донишгоҳ барои гурезаҳо дар Италия

15.01.2019


Ҷаласаи ҷамъбастӣ таҳти раёсати муовини Сарвазири мамлакат

Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Абдулазиз Комилов

Ёдгор Файзов: «Соли 2018 соли таҳкими волоияти қонун дар Бадахшон буд»

ХУҶАНД. 1548 медали варзишгарон дар як сол

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Созишномаи сулҳ – мавзӯи асосии мулоқоти Путин ва Абэ хоҳад шуд

Савдои хориҷии Чин соли 2018 натиҷаи рекордӣ нишон дод

Дар Алмаато гурӯҳи хориҷиёни террорист боздошт шуд

То соли 2024 аҳолии Қирғизистон бо оби ошомиданӣ пурра таъмин мешавад

10.01.2019


Дар Саразм осорхона ва меҳмонхонаи замонавӣ бунёд мешаванд

Вохӯрии Парвиз Давлатзода бо Владимир Норов

Ҷаласаи Шӯрои кор бо ҷавонон

“ГАНҶИ СУХАН” – маҳфили адибпарвар


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед