logo

иҷтимоиёт

ШОҲМОТ – ВАРЗИШИ ЗЕҲНӢ

Дар таърихи фарҳанги миллӣ, ки варзиш ҷузъе аз он маҳсуб меёбад, обутоб додани бадан ва, муҳимтар аз ҳама, таҳрики фикру андеша ҳадафи асосӣ дониста мешудааст. Аз ин ҷост, ки варзиш додани тафаккур ва зеҳн дар баробари тамрини баданӣ аз аслҳои фарҳанги варзишӣ дар ҳавзаҳои фарҳангии бумӣ пазируфта мешавад. Варзиш додани тафаккуру зеҳн ба василаи бозии шоҳмот, ки маъмултарини бозиҳои варзиши ақлонӣ ё зеҳнӣ аст, дар тамаддуни ориёӣ мавқеи аввалиндараҷа доштааст.

Шоҳмотбозӣ яке аз бозиҳои маъмул дар муҳитҳои фарҳангию тамаддунии мардуми форсу тоҷик буда, таърихи тӯлонӣ дорад. Дар луғатҳо дар мавриди вожаи «шоҳмот» таъкид шудааст: «шоҳмот, истилоҳест дар бозии шатранҷ, ҳангоме ки муҳраи шоҳ мот шавад» (ниг. Амид Ҳаан. Фарҳанги Амид.  Ҷилди дуввум. Теҳрон: Амири кабир, 1381. С.1527). Аз ин ҷо бо калимаи машҳури шатранҷ вомехӯрем, ки дар шакли паҳлавӣ – catrang - чатранг (ба арабӣ шатранҷ) омада, аз калимаи «читуранго» (caturanga) баргирифта шудааст, ки дар забони санскрит ба маънои чаҳорхона ё андоми чаҳоргонаи сипоҳи «филу аспу иродаву пиёда» аст (ниг. Амид Ҳаан. Фарҳанги Амид.  Ҷилди дуввум. Теҳрон: Амири кабир, 1381. С.1538). Ҳамчунин, шатранҷ ё шатрангро бозие қаламдод кардаанд, ки  ба  василаи муҳраҳое  ба шаклҳои мухталиф: шоҳ,  вазир,  асп, рух, фил, пиёда  бар рӯйи саҳнаи чӯбини дорои  хонаҳои  мутааддид (серадад) бозӣ кунанд (ниг. Муин Муҳаммад. Фарҳанги форсии Муин (якҷилда). Теҳрон: Фарҳангнамо, 1387. С. 649).
 Аз зуҳури бозии шатранҷ дар миёни табақаҳои гуногуни иҷтимоии давраи Сосониён иттилоот вуҷуд дорад (ниг. Дарёӣ Тураҷ. Таърих ва фарҳанги Сосонӣ. Тарҷумаи Меҳрдоди Қудрат. Теҳрон, 1387. С.112). Ин бозӣ дар доираҳои ҳамкориҳои салтанатҳои Сосониёну ҳиндувон кашф шуда, бозгӯкунандаи ҳамшарикии ду тамаддуни бузурги ҷаҳонӣ – форсӣ-тоҷикӣ ва ҳиндӣ мебошад. Ин буд, ки дар қолаб ё ба истилоҳи имрӯза, формати муносиботи дипломатии давлатдории Сосонӣ бо ҷаҳони он рӯзгор, аз ҷумла бо Ҳинд, иртибототи фарҳангӣ, тиҷоратӣ ва сиёсӣ дошт (ниг. Пирниё Ҳасан, Оштиёнӣ Иқбол. Таърихи Ирон. Теҳрон: Самир, 1387. С. 257). Бар мабнои  ин, як навъ мусобиқоти фарҳангӣ ва иқтисодӣ миёни давлатҳои минтақа сурат мегирифт.
Ҳаким Абулқосими Фирдавсӣ аз ин гуна мусобиқот ва додугирифтҳо зимни баррасии авзои сиёсию иҷтимоӣ ва фарҳангӣ ёдовар мешавад. Бахусус, дар мавриди бозии шатранҷ ва вуруди он ба ҳавзаҳои фарҳангию сиёсӣ достон-гуфторҳо ихтисос додааст. Дар «Шоҳнома» дар боби «Андар фиристодани Ройи Ҳинд шатранҷро назди Нӯшервон» дар ҳаҷми 84 байт қиссаи бозии шатранҷ ва ёфтани муаммои он аз ҷониби вазири донишманди дарбори Анӯшервон Бузургмеҳри Ҳаким бозгӯ мешавад (ниг. Фирдавсӣ Абулқосим. Шоҳнома. Ҷилди ҳаштум. Матни интиқодӣ. Чопи Маскав. Теҳрон: Корвон, 1387. саҳ.177 - 181). «Шоҳнома» - и Фирдавсӣ ба сифати муътамадтарин манбаи фикрӣ дар бозшиносии таърихи гузаштаи миллӣ моро кумак мекунад. Фирдавсӣ достони бозии шатранҷро бозгӯ карда, аз  тариқи ҳушу зеҳни пӯёву ҷӯё  кашф кардани  ҳаракати  муҳраҳоро, ки мунҳасир  ба  рой (андеша ва мулоҳиза – Н.Н.) ва дониши инсонанд, таъкид  менамояд. Маҳз  ба воситаи хирад ва  ба кор  андохтани  имконоти фикрию зеҳнӣ Бузургмеҳри Ҳаким рамзи бархӯрди ду сипоҳро, ки дар тахтаи шоҳмот муқобили ҳам чида мешаванд, дармеёбад ва тартиби авзои муқовимоти  тарафайнро бо истифода аз гаштҳои муносиб  таъйин мекунад:   
Касе кам ба дониш барад ранҷ беш,
Бифармой то тахти шатранҷ пеш
Ниҳанду зи ҳар гуна рой оваранд,
Ки ин нағз бозӣ ба ҷой оваранд.

Дар натиҷаи мутамарказ сохтани ҳушу зеҳн ва андешаву мулоҳизаи дақиқ Бузургмеҳр муаммои ин бозиро кашф кард ва:
Ба як рӯзу як шаб чу бозиш ёфт,
Аз айвон сӯйи шоҳи Ирон шитофт…
Чу Бузарҷмеҳр он сипаҳро биронд,
Ҳама анҷуман дар шигифтӣ бимонд.

(ниг. Фирдавсӣ Абулқосим. Шоҳнома. Ҷилди ҳаштум. Матни интиқодӣ. Чопи Маскав. Теҳрон: Корвон, 1387.  С.180 - 181).
 Ҳангоми бозии шоҳмот, қабл аз ҳама, зеҳн дар ҳаракат мешавад ва фикр ба кор медарояд. Фикр ва андешидан (рой овардан) меҳвари кори бозигарони шоҳмот аст. Ин аст, ки Фирдавсӣ «Дар ин кор покиза рой оваранд» (ниг. Фирдавсӣ Абулқосим. Шоҳнома. Ҷилди ҳаштум. Матни интиқодӣ. Чопи Маскав. Теҳрон: Корвон, 1387. саҳ.178) гуфта, тозаандешӣ ва ройовариро мавриди назар қарор медиҳад. Албатта, ин танҳо назари Фирдавсӣ нест, балки асли бозӣ аст, ки ҳамагон ҳангоми баррасии бозӣ мушоҳида мекунанд. Таҳрики зеҳн, андеша рондан ба дарки муаммо ва мушкилот, тааммул дар мушкил, мулоҳизаи дақиқ ва тӯлонӣ ҳангоми бозӣ амалҳоеанд, ки дар бозии шоҳмот авлавият доранд.
Варзиши фикрӣ (шоҳмот), ки бо тамрини зеҳнӣ иртибот мегирад, қабл аз ҳама, андешамандиро дар ботини инсон тавлиду тақвият медиҳад. Андешамандӣ тезии ҳуш ва дарки маонии фалсафӣ аст. Ба ин тариқ, бозии шоҳмот минбаъд дар миёни табақаҳои гуногуни ҷомеа роиҷ гардид.
Бо мушкилоти равонӣ, фикрӣ, ахлоқӣ, иҷтимоӣ ва сиёсӣ мунсифона даргир шудан ва ҳалли оқилонаи  масоилу  муаммоҳои гуногуни зиндагӣ, ақлу фаросат ва идроку тафаккури солимро тақозо мекунад. Омодагӣ барои ташхис ва шинохти дақиқи мушкилот, дарки вазъият, ҷустану андешидани тадобири зарурӣ, тааммул ва мулоҳизаронӣ, дақиқ кардани макону мавзеи муҳраҳо дар бозии шоҳмот билохира шоистагии фикрӣ ва ақлонию зеҳнии фарди бозигарро нишон медиҳад. Аз тарзи тафаккур, андеша, мулоҳиза, тааммул, дақиқият, гашти мантиқӣ, фаросати тағйир додани ҷой ва макони муҳраҳо натиҷаи бозӣ мушаххас мешавад. Ин, албатта, тарафи зоҳирии масъала аст. Ҷанбаи ботинии бозии шоҳмот дар он зоҳир мегардад, ки бозигар ё бозигарон бо истифода аз зеҳну фаросат ва ақлу мантиқ мушкил ва муамморо ҳал мекунанд. Ҳалли мушкилоти бавуҷудомада рӯйи тахтаи шоҳмот тавассути дақиқ фикр кардан ва ҷобаҷо кардани муҳраҳо боиси шаклгирии тафаккур гардида, ниҳоятан, зеҳну ҳушро тезу бурро месозад ва, муҳимтар аз ҳама, дар ҳалли мушкилоти рӯзмарра кумак мекунад.
Бояд таъкид кард, ки на ҳама кас аз уҳдаи ин бозӣ мебарояд. Санҷиши зеҳн, озмудани фаросат, дақиқ ва мутамарказ кардани диққат аносиреанд, ки дар ин бозӣ барандаро муайян ва мушаххас мекунанд. Бозигар нахуст ақлу ҳуши худро ба бозӣ мутамарказ мекунад ва мутамарказият асоси варзиши зеҳнӣ дар бозии шоҳмот мебошад. Бар ин асос, ҳар кӣ бо шоҳмотбозӣ машғул аст, тамрини зеҳнӣ мекунад ва тамрини зеҳнӣ омили бедории фикрӣ ва зуҳури озодандешӣ мебошад. Дар ҷаҳони муосир шоҳмот аз ҷумлаи маъмултарин бозиҳои фикрӣ маҳсуб меёбад ва дар ин риштаи варзиш намояндагони миллату халқиятҳои гуногун  қувваозмоӣ мекунанд. Мутаассифона, ин варзиши зеҳнӣ ва фикрӣ, ки аз ҷумлаи ихтирооти фарҳангии мардуми ориёитабор аст, дар ҳавзаҳои иҷтимоии мо ба таври бояду шояд идома наёфта  истодааст. Шигифтовар ин аст, ки баъзе нафарон, ки ба дарди  хурофот мубтало гардидаанд, аз тамошои ин бозӣ худдорӣ намуда, онро куфру мамнӯъ медонанд. Имрӯз вақте расидааст, ки ин бозӣ ба асли аввала – ба шукӯҳу шаҳомати пешинааш дар муҳитҳои иҷтимоӣ  бозгардонда  шавад  ва ҳамчун  мерос ва  варзиши  фикрии миллӣ мавриди пазиришу корбасти ҳамагонӣ қарор бигирад. Имрӯз  насли наврасу ҷавони мо аз тамрини фикрӣ  ва бозии зеҳнӣ танқисӣ мекашанд ва шоҳмотбозӣ дар ҳалли он муҳим буда метавонад.
Нозим НУРЗОДА, муҳаққиқ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 29.08.2017    №: 183-184    Мутолиа карданд: 518

12.06.2019


ХУҶАНД. "Зирвеко" ба фаъолият мепардозад

Муаррифии асари Си Ҷинпин «Дар бораи идоракунии давлатӣ»

Баргузории конфронси сайёҳӣ дар Рашт

Масоили низоми бонкӣ матраҳ гардид

Дар Чин аз обхезии тобистона 6,75 миллион нафар зарар дид

Дар Ӯзбекистон рӯйхати идҳои касбиро Рӯзи китобдор афзуд

Дар Ҷопон ба солхӯрдаҳо шаҳодатномаи вижаи ронандагӣ медиҳанд

Сокини Британия дар лотерея Ј123 миллион бурд намуд

Ҷаҳон дар як сатр

11.06.2019


Песков: «Путин ба Тоҷикистон ва Қирғизистон сафар мекунад»

Иштироки роҳбарони 11 кишвар дар ҳамоиши Бишкек

Президенти Қазоқистон аз хусуси роҳҳои ҳалли мушкилоти иҷтимоӣ ҳарф зад

Ҷаҳон дар як сатр

ФАРХОР. Бонувон ба ҳунаромӯзӣ ҳавасманд мешаванд

"Куллиёт" - и Миробид Саййидои Насафӣ

04.06.2019


Лукашенко: "Эмомалӣ Раҳмонро оммаи мардум интизор аст"

Бунёдкорони роботтехникаи Россия ва Чин дар Владивосток ҷамъ омаданд

Ҷаҳон дар як сатр

Машварати сиёсии вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Белгия

Муаррифии портали хизматрасониҳои электронӣ барои андозсупорандагон

Дар ноҳияи Рашт конфронси минтақавӣ баргузор мегардад

ФУТБОЛ. Ду бозии рафиқона бо мунтахаби Ӯзбекистон

03.06.2019


Дар Тоҷикистон баландтарин афзоиши теъдоди сайёҳон ба қайд гирифта шуд

Гармои тоқатфарсо дар Ҳиндустон

Тасдиқи барнома оид ба бозомӯзии касбии кормандони соҳаи маориф

Иди саиди Фитр 5 июн таҷлил мешавад

Форуми байналмилалии сармоягузории «Кӯлоб – 2019» баргузор мегардад

Ёқубҷон Абдуманнонзода - соҳиби дипломи озмуни «Килки тиллоӣ»

Ҷаҳон дар як сатр

29.05.2019


Путин бо нахустпрезиденти Қазоқистон вохӯрд

Раиси Шӯрои Аврупо Доналд Туск ба Тоҷикистон меояд

Мусофири ҳавопаймо аз фурӯбарии 1,5 кг кокаин ба ҳалокат расид

Ҷаҳон дар як сатр

28.05.2019


Дар Қазоқистон ба бунёди ширкатҳои давлатӣ мораторий ҷорӣ карданд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед