logo

фарҳанг

МО ҲАМА БУЛБУЛОНИ ЯК ЧАМАНЕМ

Омили асосии пешрафти  ҷомеа ва неруи  муҳими созандаву бақои он ваҳдат аст. Ҳамон давлату кишваре рушд мекунад, шукуфон мешаваду рӯзгори мардумаш  осудаву обод, ки он ҷо ваҳдат ҳукмрон бошад. Оғози  рӯзҳои фарҳанги Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар Суғд ва чеҳраҳои шукуфони меҳмонону мизбонон аз ҳамин мазмуну маънӣ гувоҳӣ медоданд.
Рӯзи нахустини сафари бадахшониён ба сарзамини  Суғд бо истиқболи гарми онҳо дар ҳудуди ноҳияи Айнӣ оғоз ёфт. Меҳмонон баъди шиносоӣ бо сокинони деҳаи  Зосуни ноҳия  бар пояи муҷассамаи шоир Нақибхони Туғрал гул гузоштанд. Ҳамчунин дар Қасри фарҳанги ноҳия барномаи рангину муштараки мусиқӣ ташкил гардид. Баъд аз он, ширкаткунандагони ин чорабинии муҳими фарҳангӣ ба шаҳру навоҳии Панҷакент, Истаравшан, Ҷаббор Расулов ва Хуҷанд расиданд.
Рӯзи дувум аз шиносоӣ бо         фаъолияти корхонаҳои саноатии  Минтақаи озоди иқтисодии “Суғд” дар шаҳри Хуҷанд оғоз гардид. Минтақаи озоди иқтисодии “Суғд” дар тӯли фаъолияташ хеле рушд намуда, дар равнақи соҳибкорӣ, бунёди корхонаҳои муосир, вусъати истеҳсолот, зиёд шудани ҳаҷми содирот саҳми босазо гузоштааст. Дар ин минтақаи озоди иқтисодӣ 35 субъект ба қайд гирифта шуда, феълан 11 - тои он ба тавлиди маҳсулот машғуланд. Моҳҳои наздик боз 12 корхонаи дигар, ки айни ҳол дар онҳо насби таҷҳизот идома дорад, ба фаъолият оғоз менамоянд. Ҳоло дар ин субъектҳо 400 нафар бо ҷойи кор таъмин мебошанд. Агар соли 2016 ҳамаи корхонаҳои минтақа, дар маҷмӯъ, 73,4 миллион сомонӣ мол тавлид карда бошанд, нишондиҳандаи ҳафт моҳи соли равон ба 38,5 миллион сомонӣ баробар шуд.
“Аз шиносоӣ бо минтақаи  иқти-содӣ таассуроти нек  бардоштам, - мегӯяд Бегиҷон Алиев аз ноҳияи Дарвоз. - Ин қадар корхонаҳои замонавӣ бо технологияи пешқадам. Ин сафар ва ин чорабинӣ он қадар ҳаяҷонбахшу  гуворост, ки бо сухан наметавон онро ифода кард. Ин иқдоми Сарвари давлат танҳо ва танҳо ба хотири якпорчагии давлат ва ҳамбастагии миллати тоҷик нигаронда шудааст”. “Шукронаи истиқлолият, шукронаи сулҳу ваҳдатро дорем, ки ба чунин рӯзҳои нек  расидем, таманно мекунем, ки дӯстӣ миёни мардуми кишвар боз ҳам мустаҳкам гардад,  рафтуо бисёр шавад, - иброз медоранд адибон  аз Рӯшону  Мурғоб Маҳмадалӣ Бахтиёров ва Султон Фармонов. - Дар даврони шӯравӣ аз шаш то даҳ моҳ роҳи мо ба вилояти Суғд баста буд, имрӯз ба шарофати истиқлолият ва бо талошҳои Пешвои муаззами миллат Эмомалӣ Раҳмон мо ба ҳам омадем, ба ҳам расидем”.
- Аз қадим беҳуда нагуфтаанд, ки меҳр дар чашм аст, - мегӯяд Наталя Ғуломова аз шаҳри Хоруғ. - Омили асосӣ ва ҳалкунандаи таҳқими дӯстиву рафоқат ин рафтуомад ба шаҳру навоҳии ҳамдигар аст, ки Сарвари давлат доимо таъкид мекунанд.
Меҳмонон, ҳамчунин, аз Дониш-гоҳи давлатии шаҳри Хуҷанд ба номи Бобоҷон Ғафуров дидан карда, бо ҳайати омӯзгорон мулоқот оростанд. Ҷамшед Ҷӯразода, ректори донишгоҳ, ба меҳмонон аз таърихи он ва факултаҳое, ки мутхассис омода мекунанд нақл кард. Дар донишгоҳи мазкур қариб 20 ҳазор донишҷӯй дар бахшҳои рӯзонаву ғойибона таҳсил мекунанд. Маълум шуд, ки солҳои охир теъдоди донишҷӯёни бадахшӣ зиёд шуда истодаанд.
Шиносоӣ аз коргоҳи “Дугонаҳо”- и Ҷамоати деҳоти Ҳайдар Усмонови ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд” низ ба меҳмонон таасуроти нек бахшид.
“Неруи бузургу созанда будани ваҳдатро мардуми Тоҷикистон дар мисоли ҳаёти худ мушоҳида карда,  имрӯз ба таври лозимӣ дар талоши онанд, ки ин дӯстиву рафоқат, ин ваҳдатро чун гавҳараки чашм ҳифз намоянд. Рӯзгори обод ва кишвари шукуфону чеҳраҳои хандони тифлакон танҳо дар он вақт  мешавад, ки агар ҳамдиливу ҳамраъйӣ ҳукмрон бошад”, - иброз медорад Савлатбегим Одилбекова аз ноҳияи Рӯшон.
Ҷовиди АШТӢ, “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 29.08.2017    №: 183-184    Мутолиа карданд: 434

18.02.2020


ВКД. 161 УЗВИ ТАШКИЛОТИ ТЕРРОРИСТӢ ДАСТГИР ШУД

ФАРХОР. ҲОЛАТИ ҒАЙРИМЕЛИОРАТИВИИ ЗАМИНҲО МАВЗӮИ ДОҒ БОҚӢ МЕМОНАД!

18 ДОЛОНИ ЗИДДИТАРМАВӢ СОХТА МЕШАВАД

БОНУВОНИ НОҲИЯИ МУРҒОБ – ҒОЛИБИ ДАВРИ ВИЛОЯТИИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ «ДАСТАРХОНОРОӢ»

ГРЕНЛАНДИЯ ОБИ ПИРЯХҲОРО БА САВДО БАРОВАРДАНИСТ

ДАР БЕЛАРУС СОЛИ 2023 ИСТИФОДАИ ЗАРФҲОИ ПЛАСТИКИРО МАНЪ НАМУДАНИАНД

ПЕКИН ДАР 6 РӮЗ КОРХОНАИ НАВИ ИСТЕҲСОЛИ НИҚОБҲОИ ТИББӢ СОХТАНИСТ

ЧИН ВА АСЕАН ДАР МАСЪАЛАИ КОРОНАВИРУС ВОХӮРИИ МАХСУС ДОИР МЕКУНАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

17.02.2020


"РУШДИ ЧОРВОДОРӢ ВА ЧАРОГОҲҲО". ТАТБИҚИ ЗЕРЛОИҲАҲО

ШАҲРИНАВ. ИСТЕҲСОЛИ МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗӢ МЕАФЗОЯД

ФАЪОЛИЯТИ 32 ГУРӮҲИ МУТАШАККИЛИ ҶИНОЯТӢ ҚАТЪ ГАРДИД

ҲАМКОРИҲО БО ШАРИКОНИ РУШД ТАҲКИМ МЕЁБАНД

ТАРБИЯИ ҶИСМОНӢ ВА ВАРЗИШ 53 НАФАР УНВОНҲОИ СОҲАРО ГИРИФТ

ДАР ТОҶИКИСТОН БАЪДИ КАРАНТИНИ КОРОНАВИРУСӢ 87 НАФАРРО ҶАВОБ ДОДАНД

ЧИН БА ИСТЕҲСОЛИ НАХУСТИН ДОРУИ ЭҲТИМОЛӢ АЗ КОРОНАВИРУС ОҒОЗ НАМУД

ЛЕ ДРИАН: «БАРРАСИИ МАСОИЛИ АМНИЯТ БО РОССИЯ ЗАРУР АСТ»

ДАР ӮЗБЕКИСТОН БА ХИЗМАТИ ДАВЛАТӢ ТАВАССУТИ ИНТЕРНЕТ ҚАБУЛ МЕКУНАНД

НАФАҚАХӮРИ СЕРБ БА ПАРАДИ ҒАЛАБА ПИЁДА РАФТАНИСТ

Ҷаҳон дар як сатр

14.02.2020


ҲИСОР. ТАТБИҚИ ҲАДАФИ ЧОРУМИ СТРАТЕГӢ ДАР МАДДИ АВВАЛ

РОҒУН. БЕШТАРИ ҚОНУНШИКАНИҲО ВОБАСТА БА ИСТИФОДАИ ЗАМИН АСТ

АХД. ҶАЛБИ ЗАНОН БА ХИЗМАТИ ДАВЛАТӢ ҲАНӮЗ ҚОНЕЪКУНАНДА НЕСТ!

ИМА УМЕДВОРИ «МУЗОКИРОТИ ҶИДДӢ» БО РОССИЯ ВА ЧИН ОИД БА СИЛОҲИ ЯДРОӢ МЕБОШАД

ҲУКУМАТДОРОНИ ЧИН КОРХОНАҲОИ АЗ КОРОНАВИРУС ЗАРАРДИДАРО ДАСТГИРӢ МЕКУНАНД

ТЕЪДОДИ МУШТАРИЁНИ WHATSAPP БА ДУ МИЛЛИАРД РАСИД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

13.02.2020


ДУШАНБЕ. 62 КОРХОНАИ САНОАТӢ ТАЪСИС ЁФТ

ШСХК "БАРҚИ ТОҶИК". СОҲА РӮ БА БЕҲБУДӢ МЕОРАД

ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА. ИСТЕҲСОЛИ МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗӢ МЕАФЗОЯД

480 НОМ БА ФЕҲРИСТИ НОМҲОИ МИЛЛӢ ВОРИД МЕШАВАД

87 КОРМАНДИ ГУМРУК АЗ АТТЕСТАТСИЯ НАГУЗАШТ

ДОНИШКАДАИ ИДОРАКУНИИ ДАВЛАТӢ. ТАЪСИСИ ИХТИСОСҲОИ НАВ ТАҚОЗОИ ЗАМОН

БЕШ АЗ 50 ШАҲРВАНДИ ТОҶИКИСТОН АЗ УХАН БА ДУШАНБЕ ОВАРДА ШУД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед