logo

фарҳанг

СУОЛИ БЕҶАВОБ

Қаҳрамони Тоҷикистон, сардафтари адабиёти навини тоҷик устод Садриддин Айнӣ дар солҳои пурошӯби бистуми асри гузашта бо нашри силсилаи мақолаҳо дар рӯзномаи «Овози тоҷик» барои эътибору эътироф, ҳифзи манфиатҳои миллии тоҷикон ва забони миллӣ хидмати арзанда намудаанд.  Маводҳои дарҷшудаи устодро дар саҳифаҳои рӯзномаи «Овози тоҷик» аз назар гузаронда, дарк менамоем, ки дар ҳақиқат он кас дар ҷодаи ҳимояи манфиатҳои миллии тоҷикон нақши муассире бозидаанд.

Дар шумораи аввали рӯзнома устод Садриддин Айнӣ аз соҳибзабон гардидани миллати тоҷик изҳори хушнудӣ менамоянд. Зеро баъд аз хомӯшию ғафлати чандсола соҳиби рӯзнома гардидан ва дарду доғ, фикру андеша ва орзую омоли хешро тавассути он баён кардан таконе буд бар худогоҳию хештаншиносии тоҷикон. Миллате, ки тӯли чандин сол «забон» надошт ва ё аниқтараш ӯро аз гуфтор ба забони модариаш маҳрум намуда буданд, боз соҳиби забон гардид.
«Рӯзномаи ҳар қавм ва миллат забони эшон аст. Ҳар қавме, ки рӯзнома надорад, гӯё ки забон надорад. Яъне қавми берӯзнома мисли одами безабон аст…
Лекин баъд аз Инқилоби Ӯктабр ҳамаи ватандорони Туркистон соҳиби рӯзнома, соҳиби мактаб, соҳиби илму қалам шуданд. Аммо қавми тоҷик ҳамон «Аҳмади порина, ки ҳастанд, ҳастанд». Яъне эшонро на як рӯзнома, на як мактаби ба усули тоза ва на як хабардорӣ аз аҳволи олам ва на як воситае, ки эҳтиёҷоти худро ба ҷое ба яке фаҳмонад. Дар аҳди озодӣ, албатта, ин ҳол айб аст.
Дар пас мондани тоҷикон аз дигар қавмҳои Туркистон, албатта, сабаб бисёр аст. Сабаби калон камсаъйии худи тоҷикон аст…
Акнун гуфта мешавад, ки қавми тоҷики Туркистон ҳам забон баровард».           
Дар маводи дигаре устод бо камоли ифтихор қобилияти ташкилотии тоҷиконро аз дигар миллатҳои Осиёи Миёна боло мегузоранд ва ин ақидаи хешро бо далелҳои эътимодбахш асоснок менамоянд: «Қобилияти ташкилотии шӯроӣ дар тоҷикони кӯҳистон аз сойири қавмҳои Туркистон бештар аст. Заминаи ташкилотӣ дар усули идораи шӯроӣ синфи коргар ва ранҷбар аст, ки ин синф дар қавми тоҷик феълан мавҷуд аст… Тоҷиконе, ки дар Самарқанд, Фарғона ва сойири қитъаҳои Туркистон истиқомат доранд, ҳама ранҷбар буда, таъбан муттафиқанд. Агар дар байни тоҷикони ранҷбар роҳбарҳо монда раҳнамоӣ карда шавад, ба андак вақт хеле коркунони шӯроӣ ба ҳам мерасад». 
Он пешниҳоди устод дар мавриди раҳбариву раҳнамои тоҷикон моро ба андеша водор месозад, ки дар ҳақиқат, халқи тоҷик дар байни дигар миллатҳои Осиёи Миёна синфи коргар ва муттаҳидро ташкил медод. Танҳо роҳбари миллие надоштанд, ки дар он солҳои тақдирсоз онҳоро роҳнамоӣ намояд. Агар чунин роҳбарони, воқеан, ҷонфидои миллат хеле барвақт ба арсаи сиёсат қадам мениҳоданду аз ҳуқуқу озодиҳои халқашон дифоъ менамуданд, шояд тоҷиконро дар солҳои бистум ба қатори миллатҳои майдаю пасмондаи минтақа маҳсуб намекарданд.
Дар мақолаи дигар, ки ба тоҷикони кӯҳистон бахшида шудааст, устод ақидаи дар он солҳо паҳнгаштаро вобаста ба бесаводии миллати тоҷик ботил мебароранд: «Аҳолии кӯҳистон нисбат ба сойири ҷоҳои Туркистон бисёртар соҳиби хату савод ҳастанд. Дар аҳди куҳна мадрасаҳои Бухоро ва Самарқандро бисёртар талабаи тоҷикони кӯҳистон ишғол мекарданд. Аҳолии кӯҳистон, умуман, соҳиби заковат ва зеҳни соф буда, ба хондан зиёда муҳаббат доранд». 
Адиби барҷастаи тоҷик дар мақолаи дигарашон аз гузаштаи пурифтихори тоҷикон ёдрас мешавад, ки нашри чунин мавод дар он      солҳо боиси сарафрозию сарбаландии тоҷикон мегардид: «Мо аз таърихи қадим чашм пӯшида, танҳо аҳволи баъд аз исломиятро ба назар орем, мебинем, ки ба ҳар кори маданӣ пештару роҳбар тоҷикон буданд. Чунончи: дар аҳди Сомониён адабиёт ва саноеъ чӣ қадарҳо пеш рафта ва роҳбарони ин корҳо тоҷикон буданд. Он иморатҳои бузург, кӯшкҳои фалакнамой, айвонҳои кайвонбунёд ва боғҳои ҷаннатнишон, ки дар аҳди Сомониён дар Бухоро бино ёфта буд, муассиси ҳамаи инҳо тоҷикон буданд. Таъсири ин маданият буд, ки ҷаҳонгири бузург Темури курагон бо вуҷуди ин ки ирқан турк буд, «Тузуки темури»-ро бо тоҷикӣ навишт».  
Садриддин Айнӣ ҳамчунин дар бобати пасмондагии илму маорифи тоҷикон ва масъалаи ҳаёту мамотро гирифтани масоили мактабу маорифи онон маводи пурарзишеро ба нашр расонидаанд. Дар яке аз он мақолаҳо чунин оварда мешавад: «Ба ҳама кас маълум аст, ки тоҷикони Туркистон дар бобати илм ва маорифи замонӣ аз дигарон ба қафо мондаанд. Як масъалае, ки имрӯз ҳаёт ва мамоти қавми тоҷик ба он вобаста аст, масъалаи мактаб ва маориф аст.
Барои ба роҳ андохтани мактабҳои тоҷик нахустин мартаба муаллим (омӯзгор) ва китоб даркор аст».  
Баъд, устод баҳри қонеъ намудани эҳтиёҷи тоҷикон дар ин масъала аз ифтитоҳ гардидани мактаби муаллимтайёркунӣ изҳори хушнудӣ намуда, вале аз он ҷиҳат изҳори нигаронӣ менамоянд, ки барои тоҷикон маҳз имрӯзҳо муаллим даркор аст. Зеро аз он мактаб танҳо пас аз чандин сол муаллимонро интизор бояд шуд. Пас чӣ бояд кард? Дар ин маврид устод пешниҳоди боҷуръатона ва оқилонае мекунанд, ки баъдтар он дар амал ҷорӣ ва боровар мегардад:
«Ба фикри ман мерасад, ҳеҷ фурсат нагузаронида, дар Самарқанд, ки ба кӯҳистони тоҷикон наздик аст ва маркази маданият ба шумор меравад, як курс кушода шавад. Дар ин курс аз Фалғар, Мастчоҳ ва сойири кӯҳистон ва деҳоти тоҷикон толибилмон бирасанд ва ҷавононе, ки дорои хату саводанд, тахминан 40 ё 50 нафарро ҷамъ карда, 4 ё 5 моҳ тарбият карда шавад. Барои ин гуна курс дар Самарқанд қувваи маънавӣ ҳозир аст, зеро кадом муаллимони самарқандие, ки имрӯз дорулмуаллимин ва курсҳои таълиму тарбияи Самарқандро идора карда истодаанд, забони тоҷикиро хуб медонанд».  
Ҳамин тавр, Садриддин Айнӣ дар марҳилаи кунунӣ масъалаи маорифро барои тоҷикон аз муҳимтарин масоил арзёбӣ намуда, ҳамзамон бо омода кардани муаллимон таълифу нашри китобҳои дарсиро низ зарур меҳисобанд.
«Барои қавми тоҷик масъалаи маориф воҷибтарин масъалаҳост. Барои ба роҳ андохтани мактаб ва маорифи тоҷик ҳозир намудани муаллим чӣ қадар лозим бошад, тайёр кардани китоб ҳамон қадар зарур аст». 
Устод барҳақ қайд менамоянд, ки бе китоб кушодани мактаб дар кӯҳистони тоҷик ғайриимкон аст. С. Айнӣ дар шаҳри бузурги тоҷикнишин истиқомат карда, медиданд, ки чӣ тавр масъулони соҳаи маориф набудани китобҳои дарсиро ба забони тоҷикӣ баҳона карда, тифлони маъсуми тоҷикро маҷбур мекарданд ба забони ғайр таълим гиранд. Ва ин кӯдакон ба воя расида, на забони модариашонро пурра медонистанду на забони дигарро комилан аз худ намуда: «Чунончи мегӯянд: «Аробаро қӯш карда биёр - буғулӣ карда монд - йиқилӣ карда рафт».    
Дар мақолаи дигари вобаста ба адабиёту китобҳои тоҷикӣ Садриддин Айнӣ ба масъалаи муҳиме рӯй меоваранд. Ин ҷо беаҳамиятии тоҷикон қайд мегардад, ки аз ҳаққи ҷудошудаи худ наметавонанд истифода баранд: «Аз Маскав, аз Нашриёти Марказии Шарқ як дӯсти ман навишта: «Дар ин ҷо шуъбаҳои нашриёти ӯзбекӣ, тоҷикӣ ва туркманӣ ҳаст. Барои чоп кардан ба соли 1925 ба ӯзбекҳо 125, ба тоҷикҳо 25 ва ба туркманҳо 40 варақи чопӣ ҳақ доданд, кори ӯзбекон ба пешрафтан аст, аммо аз тоҷику туркман ин ҷо одами коркун нест. Барои тоҷикон танҳо як алифбо аз тарафи бародар Лоҳутӣ тартиб дода шудааст. Дар ин бора дӯстам аз ман мепурсад: «Оё дар Самарқанд барои тоҷикон чизе тартиб ёфтааст? Ё ки дар дасти таълиф чизе ҳаст? Чизҳои барои тоҷикон тартибёфта ё ки тартибёбандаро хаёли дар Маскав табъ кардан ҳаст ё не? Кордорони Ҷумҳурияти Тоҷикистон дар ин роҳ дар чӣ фикранд?».                
Оре, аз мост, ки бар мост. Агар он солҳо дар Тоҷикистон шароити нашри китоб мавҷуд набошад, пас имконияти дар Маскав ҷойдошта чаро истифода намегардид? Суолест беҷавоб. 
Ҳамин тавр, устод Садриддин Айнӣ бо силсиламақолаҳои муҳими худ дар рӯзномаи «Овози тоҷик» дар он солҳои сарнавиштсоз, ки душманони миллати тоҷик мавҷудияти ин миллати тамаддунофарро дар Осиёи Миёна инкор карданӣ мешуданд, дар исботи миллати бумӣ будани онҳо ва ҳимояи манфиату қонеъ намудани эҳтиёҷоташон нақши муассире бозидаанд.    
Мирзоалӣ ҶӮРАЕВ,
номзади илмҳои филология


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 29.08.2017    №: 183-184    Мутолиа карданд: 447

12.06.2019


ХУҶАНД. "Зирвеко" ба фаъолият мепардозад

Муаррифии асари Си Ҷинпин «Дар бораи идоракунии давлатӣ»

Баргузории конфронси сайёҳӣ дар Рашт

Масоили низоми бонкӣ матраҳ гардид

Дар Чин аз обхезии тобистона 6,75 миллион нафар зарар дид

Дар Ӯзбекистон рӯйхати идҳои касбиро Рӯзи китобдор афзуд

Дар Ҷопон ба солхӯрдаҳо шаҳодатномаи вижаи ронандагӣ медиҳанд

Сокини Британия дар лотерея Ј123 миллион бурд намуд

Ҷаҳон дар як сатр

11.06.2019


Песков: «Путин ба Тоҷикистон ва Қирғизистон сафар мекунад»

Иштироки роҳбарони 11 кишвар дар ҳамоиши Бишкек

Президенти Қазоқистон аз хусуси роҳҳои ҳалли мушкилоти иҷтимоӣ ҳарф зад

Ҷаҳон дар як сатр

ФАРХОР. Бонувон ба ҳунаромӯзӣ ҳавасманд мешаванд

"Куллиёт" - и Миробид Саййидои Насафӣ

04.06.2019


Лукашенко: "Эмомалӣ Раҳмонро оммаи мардум интизор аст"

Бунёдкорони роботтехникаи Россия ва Чин дар Владивосток ҷамъ омаданд

Ҷаҳон дар як сатр

Машварати сиёсии вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Белгия

Муаррифии портали хизматрасониҳои электронӣ барои андозсупорандагон

Дар ноҳияи Рашт конфронси минтақавӣ баргузор мегардад

ФУТБОЛ. Ду бозии рафиқона бо мунтахаби Ӯзбекистон

03.06.2019


Дар Тоҷикистон баландтарин афзоиши теъдоди сайёҳон ба қайд гирифта шуд

Гармои тоқатфарсо дар Ҳиндустон

Тасдиқи барнома оид ба бозомӯзии касбии кормандони соҳаи маориф

Иди саиди Фитр 5 июн таҷлил мешавад

Форуми байналмилалии сармоягузории «Кӯлоб – 2019» баргузор мегардад

Ёқубҷон Абдуманнонзода - соҳиби дипломи озмуни «Килки тиллоӣ»

Ҷаҳон дар як сатр

29.05.2019


Путин бо нахустпрезиденти Қазоқистон вохӯрд

Раиси Шӯрои Аврупо Доналд Туск ба Тоҷикистон меояд

Мусофири ҳавопаймо аз фурӯбарии 1,5 кг кокаин ба ҳалокат расид

Ҷаҳон дар як сатр

28.05.2019


Дар Қазоқистон ба бунёди ширкатҳои давлатӣ мораторий ҷорӣ карданд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед