logo

сиёсат

ГАВҲАРИ ҚИМАТБАҲО

Ин нукта дигар рӯшану мусаллам аст ва ниёз ба собит сохтанро надорад, ки истиқлолият аз бузургтарин неъматҳо маҳсуб мешавад ва он омили ҳастии миллату давлат мебошад.

Инак, 26 сол боз туфайли ин неъмат дигар неъматҳо ҳам моро насиб мегардад. Имрӯз бо дидани дастовардҳои истиқлол ҳар нафари солимандеша ба хубӣ дарк мекунад, ки ба васила ё худ мавҷудияти он амният, рушд, пешрафту тараққиёт таъмин мегардад. Дидан, албатта, кам аст, дарк кардан низ дар ин замона. Дар баробари дарку фаҳми мафҳуми истиқлол ва дигар мафҳуми марбути он мо бояд ба он меҳру муҳаббат дошта бошем. Ба яқин, бе дониш, бе андеша наметавон ба пояи муҳаббат расид. Ҳақ бар ҷониби Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ мебошад, ки ин нуктаро барои мо рӯшан бозгӯ кардааст:
Ин муҳаббат ҳам натиҷай дониш аст,
Кай газофа бар чунин тахте нишаст?!

Воқеан, муҳаббате, ки бар асоси дониш арзи ҳастӣ мекунад, муфидтару пойдортар аст. Дар ин ҳол бо тамоми ҳастӣ барои мавҷудияти ин муҳаббат ва пойдории истиқлол кас саъю кӯшиш ба харҷ медиҳад. Инчунин, ин афрод ба хубӣ дарк карда метавонанд, ки бе истиқлолият чи ҳодисаҳои номатлуб рух медиҳанд ва бедавлативу беҳуқукӣ одамиро ба куҷоҳо мебарад. Танҳо нафарони солимфикр бар ин масъала меандешанд, ки дар дунё тибқи иттилои расондаи этнологҳо қариб 1500 халқият зиндагӣ менамояд. Албатта, ҷойи таассуф низ ҳаст, ки аз ин шумора ҳудуди 200 халқият соҳибдавлат дар муносибатҳои байналмилалӣ чун субъекти соҳибихтиёр фаъолият дорад. Агар ба умқи масъала боз бештар биравем, дармеёбем ва ифтихор низ мекунем, ки мо – тоҷикон дар шумори ин дусад халқият мебошем, ки соҳиби давлатем.
Мо беш аз ҳар халқу миллат бояд барои пойдории истиқлоламон бештар саъю кӯшиш ба харҷ бидиҳем, зеро дар таърих ҷабри бедавлатию беистиқлолиро зиёд кашидаем.
Тавре зикр шуд, ки дарку фаҳми худи мо кофӣ нест, бояд ба наслҳои нав фаҳмонда ва бовар кунонда битавонем, ки доштани истиқлоли давлат барои мо ифтихори бузург маҳсуб мешавад. Насли нав ва ҷавонон бояд дар ин рӯҳияи солим тарбия биёбанд. Зарур аст, ки бидонанд дар дунё халқу миллатҳои зиёде вуҷуд доранд, ки  нуфусашон аз миллионҳо беш мебошад, вале бо сабабҳои гуногун давлати худро надоранд. Ин нуктаро низ зимни омӯзиш набояд фаромӯш кард, ки онҳо забон, таърих ва фарҳанги воло доранд. Инчунин, нависандагону шоирону олимони забардасташон бо таълифу кашфиётҳои бузургашон дар дунё машҳуранд.
Тасаввур бикунем, ки наздики 1300 халқияту миллат давлати худро надорад. Дар ин сурат аз ҳуқуқи миллӣ ва забони ҳифзшудаи давлатии худ бенасибанд.
Истиқлолияти давлатӣ имкон фароҳам овард, ки аз истиқлоли рӯҳӣ биандешем ва ин дороиро арҷ бигузорем. Дар ҳақиқат, рӯҳе, ки истиқлол надорад, дар ҳеҷ сурату замон неруманд буда наметавонад. Дар навбати худ, агар ин гуна истиқлол ба вуҷуд наояд ва ё аз миён биравад, барои маҳви ҳама гуна истиқлол шароит ба вуҷуд меояд.
Муҳаққиқон барҳақ иброз доштаанд, ки Истиқлолияти давлатӣ идомаи инъикоси симои рӯҳи озоди ҳар инсон ва иродаи мафкуравии ҳастии ӯст.
Мо туфайли истиқлол тамаддун, адабиёт, таърих, забон, расму оин ва муқаддасоти худро бештару беҳтар мешиносему ҳифзу пойдор медорем. Ҳамчунин, ба ин васила бо муаррифии дурусту солими худ дар рушди фарҳангу тамаддуни башарӣ саҳми арзанда мегирем. Дар ҳаҳиқат:
Худо он миллатеро сарварӣ дод,
Ки тақдираш ба дасти хеш бинвишт.
Ба он миллат сару коре надорад,
Ки деҳқонаш барои дигарон кишт.
Сайкарим РАҲИМОВ,
омӯзгори мактаби байналмилалии президентӣ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 29.08.2017    №: 183-184    Мутолиа карданд: 311

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед