logo

фарҳанг

ДАР РОҲҲОИ ДУШВОРИ АДАБИЁТ

Хонандаи хушзавқ ва солимандеши тоҷик Бароти Абдураҳмонро ҳамчун нависанда соли 1979 ба василаи ҳикояҳои нахустинаш «Барфи аввал» ва « Муждагонӣ», ки дар матбуот ба табъ расиданд, шинохт. Воқеан, ин барфи аввал зебову дӯстдоштанию пурасрор буд.
Бо вуҷуди он, ин барф ва «Муждагонӣ» аз омадани як нависандаи боистеъдод, хушқареҳа башорат ва муждаи нек доданд. Аммо ӯ ғайри интизори ҳамаи муҳаққиқону ихлосмандонаш ба нохост, агар ҳам зуд набуд, ба роҳҳои душвортари адабиёт қадам ниҳод. Инро замоне диданду дар-ёфтанд, ки ба манзили мақсуд расида буд. Ҳама бештар вақте дар тааҷҷуб афтоданд, ки ӯ романи «Куруши Кабир» - ро таълиф кард. Бо ин достони бузург барандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ гардид. То ба ӯ, ин нависандаи асил, донишманд, донандаи таърихи миллат касе ба таълифи асари бузургҳаҷм дар бораи Куруши Кабир рӯ наоварда буд ва ҳам иҷрои ин кори арзишманд на ба ҳар эҷодкор даст медод.
Бешак, таълифи чунин асаре барои Бароти Абдураҳмон як тасодуф ё худ озмоише набуд.
Чун романҳои таърихии сегонаи (трилогияи) «Куруши Кабир», «Камбуҷия» ва «Дорои Бузург» ба табъ расиданд, ба яқин бовар ҳосил карданду эътироф намуданд, ки ӯ андар кори худу пешаи худ ба устодӣ расида ва масъулиятшинос мебошад.
Тайи роҳҳои мушкил ва ба манзили мақсуд расидан ҳаргиз ин нависандаи асилро ба осонӣ даст надода. Ин ҳақиқатро, хушбахтона, баъдҳо дарёфтанд. Зикри асарҳои силсилақиссаи «Ҳафт муъҷизаи олам», романи дугонаи «Биҳишти фиребо» ва драмаҳои таърихии «Искандари Мақдунӣ ва Спитамен», «Рухшона», «Куруш ва Томарис» барои намуна кофист.
Бо асарҳои ӯ мо ишқи ҷонсӯз, муборизаҳои шадид ва ҷабрҳои таърихро мебинему эҳсос мекунем. Моро гоҳе бехабар ин нависандаи хушзавқ ба он рӯзгорон мепайвандад, вориди майдонҳои ҳарбу зарб месозад. Ба қаҳрамонҳояш қаҳрамонӣ мекунем, дӯст медорем, дил медиҳем, ҳақиқатро пирӯз мегардонем. Тасвирҳои зебояш моро ба шинохти зебоӣ, гиромидошти он водор месозад. Бар ивази ин ҳама заҳматҳо аз мо чизе намехоҳад, ҷуз муҳаббати Ватан, дӯстдории сарзамини аҷдодӣ, ҳифзу пойдории истиқлолу дастовардҳои он.
Ӯ ин ҳақиқатро низ собит сохт, ки ҳар кӣ ҷонро барои ин Ватан, миллат фидо намудааст, ҳамеша дар шумори зиндагон ва муҳибон мебошад.
Нахустин маҷмӯаи ҳикояҳояш бо номи «Шабҳои маҳтобӣ» соли 1986 нашр гардидааст. Қиссаи «Кимиёкаҳ» пештар ва қиссаи «Давлати сарам, модар» ва достони «Дунёи сабзи ишқ» баъдтар аз он ба табъ расидаанд. Бо ин достон барандаи Ҷоизаи адабии ба номи С. Айнӣ шуд. Аз драмаи таърихии «Хатои Искандари Мақдунӣ», филмномаҳои ӯ бо номҳои «Тифли домони туям, модар», «Муъҷизаи ҳаштуми олам», «Шамшер ва ишқ», «Васвасаҳои хунафшон» низ бояд ёдовар бишавем.
Агар ҳам зикр бигардад, ки баъди хатми факултаи филологияи тоҷики Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ассистенти кафедраи нутқи саҳнавӣ ва маҳорати актёрии Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода, сармуҳаррири барномаҳои адабӣ ва драмаи Телевизиони Тоҷикистон, корманди сарредаксияи илмии Энсиклопедияи советии тоҷик, муовини сармуҳаррири маҷаллаи «Илм ва ҳаёт», мушовири калон, мудири маркази таҳлил ва ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон буд, ин ҳақиқат рӯшантар мешавад, ки имкони андӯхтани донишу таҷриба, шинохти сиёсатро дошт. Яъне, поя – поя, зина - зина то ба бом расидааст.
Бароти Абдураҳмон ҳеҷ гоҳ фориғ аз кор нанишастааст. Дар Энсиклопедияи миллии тоҷик ба интишори адабиёти кӯдакон ва наврасон замина гузошта, «Донишномаи мухтасари кӯдакон ва наврасон», силсилаи китоби панҷгонаи «Шинохт ва ёдгорӣ», Донишномаи «1001 саволу ҷавоб» ва «Шигифтиҳои бадани одам» - ро омодаи нашр кардааст.
Ӯ чун инсони некандеш, хайрхоҳ, хоксор ва зиёии асил аз маҳбубияти хос бархӯрдор дар ҷомеа мебошад.
Воқеан, то ҳасту ҳастему ҳастанд, ӯро гиромӣ медорему медоранд ва рӯзгору кораш барои мову ояндагон намунаи ибрат аст.
Абдулқодири РАҲИМ,
«Ҷумҳурият»


Аз идора: чанде пеш Бароти Абдураҳмон ба унвони Нависандаи халқии Тоҷикистон мушарраф гардид. Аҳли қалами «Ҷумҳурият» ӯро ба ин дастовард табрику таҳният мегӯяд.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 29.08.2017    №: 183-184    Мутолиа карданд: 310

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед