logo

иқтисод

МУШКИЛОТИ ДОРУ

Хонандагони «Ҷумҳурият» дар номаҳои худ перомуни масъалаҳои иқтисодӣ, хусусан соҳибкорӣ, тиҷорат, андоз, гумрук ва вижагиҳои дигари бахшҳои иқтисодию иҷтимоӣ, саволҳо медиҳанд. Мо кӯшиш кардем барои посух додан ба пурсишҳо роҳбарон ва масъулони соҳаҳои алоҳидаро ҷалб намоем. Инак, чанд пурсиш ва посух дар бахши доруворӣ.
- Барои кушодани дорухона ва ё муассисаи фармасевтӣ дипломи маълумоти олии фармасевтӣ доштан шарт аст?
Умархони Аҳмад,
сокини ноҳияи Хуросон
- Ҳар шаҳрванди Тоҷикистон метавонад муассисаи фармасевтӣ ё худ дорухона таъсис намояд, аммо ӯ танҳо муассис аст. Муассисе, ки мутахассис нест, иҷозатномаи махсусро барои фурӯши маводи доруворӣ ва ороишию гигиенӣ, тибқи қонунҳои мавҷудаи кишвар, гирифта наметавонад. Танҳо шахсе, ки дорои тахассуси фармасевтӣ аст, ба ин кор машғул шуда метавонад. Аз ин рӯ, муассис метавонад фармасевт ё провизорро барои ин кор ҷалб намояд, зеро танҳо мутахассис ҳуқуқ дорад ба муомилоти доруворӣ машғул шавад.
Камолиддин Талбаков,
сардори шуъбаи назорати
давлатии Хадамоти назорати давлатии фаъолияти фармасевтӣ
* * *
- Чаро баъзе доруҳо бетаъсиранд? Мехос-там, дар ин бора шарҳи масъулони соҳаи дорусозиро бифаҳмам.
Таҳмина Наимова,
сокини шаҳри Кӯлоб
- Барои ба сифати доруҳо баҳо дода, хулосабарорӣ намудан шароити махсус лозим мебошад. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон чун аксари давлатҳои ҷаҳон системаи махсуси баҳодиҳии сифати воситаҳои доруворӣ ба роҳ монда шудааст.
Дар корхонаҳои истеҳсолии дору сифати маҳсулоти он ба воситаи технологияи нав ва таҳлилгарон назорат карда мешавад. Инчунин, ҳам доруҳои ватанӣ ва ҳам воридотӣ аз тарафи мутахассисони озмоишгоҳҳои махсус аз санҷиши сифат гузашта, пас, барои ба муомилот баровардан иҷозат дода мешавад.
Ҳоло озмоишгоҳҳои мо бо дастгоҳҳои муосири лабораторӣ муҷаҳҳаз буда, рӯз аз рӯз таҷрибаи кориву сатҳи дониши касбии мутахассисон низ баланд рафта истодааст. Тибқи натиҷаи санҷишҳое, ки аз тарафи озмоишгоҳи мо гузаронда мешаванд, ҳолати пастсифат будани доруҳо қариб, ки ба чашм намерасад. Нуқсонҳои ҷиддии барои организми инсон зарарнок дар дорувориҳо мушоҳида намегардад.
Оид ба натиҷаи дилхоҳ надодани дору ҳангоми табобат ва ё таъсири ғайриинтизор гуфтан мумкин, ки ба сифати доруҳо ва самаранокии табобат омилҳои зиёд таъсир мерасонанд. Аввалан, бояд табобат ҳатман бо тавсияи табибон ва дар асоси муоинаҳои амиқ сурат гирад. Ҳангоми тавсияи дору ба назар гирифтан зарур аст, ки як дору метавонад таъсири доруи дигарро тағйир диҳад. Якҷоя истифода бурдани ду ва зиёда дору бояд аз тарафи табиб асоснок карда шавад. Аз тарафи бемор шартҳои қабули дору ҳатман риоя гардида, фосилаи байни вояи (дозаи) ҷудогона, муҳлати табобат, тарзи қабули дору (истифодаи нӯшокиҳо барои қабули доруҳо), риояи парҳези махсус ва ғайра. Ҳамаи инҳо ба ҷараёни муолиҷаи беморӣ таъсир мерасонанд.
Равшан ИМОМОВ,
мудири озмоишгоҳи марказии Хадамоти назорати давлатии фаъолияти фармасевтӣ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 29.08.2017    №: 183-184    Мутолиа карданд: 309

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед