logo

фарҳанг

БАДЕЪУЗЗАМОН ФУРӮЗОНФАР: «МАВЛОНО ТОҶИКИ АСИЛ АСТ»

Бадеъуззамон Фурӯзонфар – донишманди маъруф ду маротиба меҳмони Тоҷикистон будааст. Сафари аввалаш ба симпозиуми байналмилалии шеъри форсӣ дар Душанбе ва боздиди дуюмаш соли 1964 ба Ҷашни 550 – солагии Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ мусодиф афтода буд. Дар сафари охир аз дӯсташ Камол Айнӣ хоҳиш менамояд, ки ӯро бо шаҳри Душанбе ва атрофу акнофи он ошно намояд. Онҳо пас аз сайру саёҳат меҳмони хонадони як нафар деҳқони тоҷик мегарданд, ки бо Камол Айнӣ шиносоӣ ва дӯстӣ доштааст.

Зимни як суҳбате устод Камол Айнӣ шарҳи ин меҳмониро ба тариқи зайл баён дошта буд:
- Баробари дохили ҳавлӣ гардидан табъи Фурӯзонфар болидан гирифт. Истиқболи гарми соҳибхона, самимияту меҳмоннавозӣ, ҳавлию боғи босафо зуд бар дили Фурӯзонфар нишаст ва ӯро мафтун намуд. Дар хонаи махсус барои меҳмон дастархон ороста буданд. Чор самти хонаро кӯрпачаҳо оро медоданд.
Чун Фурӯзонфар вориди хона мегардад, мизбон даст бар рӯи сина ниҳода, мегӯяд:
- Домуллои муҳтарам, хуш омадед, марҳамат, ба болои кӯрпача гузаред.
Фурӯзонфар бо ҳайрати зиёд ба соҳибхона нигариста, мепурсад:
- Чӣ? Кӯрпача гуфтед?
- Бале, устод, марҳамат, ба болои кӯрпача.
Фурӯзонфар ба кӯрпаҳои нави тозаву озода нигариста, мегӯяд:
- Магар шумо инҳоро кӯрпача мехонед?
- Оре, устод, инҳо кӯрпачаанд ва махсус барои нишастан дӯхта шудаанд.
Фурӯзонфар, ки ҳанӯз дар миёни хона рост меистод, якбора ба ваҷд меояд ва мегӯяд:
- Дӯстон, валлоҳ, ки Мавлоно тоҷики асил аст!
Ҳама ба ҳайрат меоянд. Суханони Фурӯзонфар дар назарашон амсоли тарошае буд, ки аз бом афтодааст. Ҳозирон бо нигоҳҳои асроромез ба ӯ менигаристанд. Онҳо дар тааҷҷуб буданд, ки Мавлоно ба ин суҳбату ба ин меҳмонӣ ва ба ин саволу ҷавоб чӣ муносибате дорад. Чун Фурӯзонфар эҳсос кард, ки суханаш боиси шигифти ҳозирон гардид, ба онҳо рӯ оварда мегӯяд:
- Азизонам, ҳайрон нашавед, ҳоло ҳақиқати ҳолро ба шумо хоҳам гуфт.
Ҳама болои кӯрпачаҳо дар гирди дастархони пур аз нозу неъмат менишинанд. Соҳиби хона бори дигар аз қудуми меҳмони олиқадр хушҳол будани худро изҳор медорад. Пас аз шикастани нон ва чашидани таъми анвои ғизоҳо Фурӯзонфар аз нав сухан оғоз карда, бо табассуми гуворое мегӯяд:
- Пиндоштам, ки аз ёд кардани Мавлоно ба ҳайрат афтодед. Бояд арз намоям, ки ман тамоми умр бо рӯзгор ва осори Мавлоно сару кор дорам. Бештар забони Мавлоно диққати маро ба худ мекашад. Ҳар маъниву сухани волояшро бо мизони ақлу хирад ва мантиқ санҷидаам. Нахустин бор дар осори Мавлоно бо калимаи «кӯрпача» дучор омадам. Ба ҳайрат афтодам, ки ин чӣ ибораест, ки Мавлоно истифода кардааст, зеро дар форсӣ чунин истилоҳ вуҷуд надорад. Ҳарчанд ҷустуҷӯ кардам, фарҳангҳоро варақ задам, ин калимаро пайдо карда натавонистам. Гумон кардам, ки вожаест мурда ва аз байн рафта. Ва хушбахтиро бубинед, ки онро имрӯз аз забони шумо, дӯстони азизи тоҷикам, шунидам. Ин бароям як кашфиёти тозаест.
Пас аз шунидани суханони Фурӯзонфар нишастагон ҳама хушҳол гардида, бо завқ механданд. Фурӯзонфар боз ба сухани худ идома медиҳад:
- Танҳо ҳамин як калимаи «кӯрпача» кофист, ки Мавлоноро тоҷики асил бигӯем. Медонистам, ки ӯ аз ҳамин сарзаминҳост. Аммо имрӯз имонам комилтару қавитар гашт.
Камол Айнӣ суханони Фурӯзонфарро тақвият медиҳад:
- Устоди муҳтарам, дар осори Мавлоно мисли «кӯрпача» садҳо калимаҳоро метавон пайдо кард, ки танҳо хоси мардуми тоҷик, аз ҷумла хоси минтақаҳои кӯҳистонии он мебошанд. Масалан, аз назми ӯ ман калимаи «чоруқ» - ро пайдо кардам. Ин пойафзоли чарминест, ки онро бештар чӯпонҳо – даҳмардаҳо ва кӯҳистониён дар вақти кор мепӯшанд. Ин калима имрӯз ҳам дар байни бисёр минтақаҳои кӯҳистони Тоҷикистон зинда ва мавриди истифода қарор дорад.
- Бале, Камолҷон, суханатон ҳақ аст, - таъкид мекунад Фурӯзонфар. – Мавлоно ҳарчанд дар Қуния мезист, аммо бо забони мардумоне сухан мегуфт, ки худаш ва авлодаш аз миёни онҳо бархостаанд. Зеро забон, урфу одат, фарҳанг ва таърихи сарзамини аҷдодиаш бо ҷавҳари рӯҳу ҷисму ҷонаш омезиш ёфта буданд.
Ман дар ашъори Мавлоно борҳо бо вожаи «тоҷик» вохӯрдаам. Дар ҷое мегӯяд:
Агар турк асту тоҷик аст, бад-ӯ ин банда
наздик аст,
Чу ҷон бо тан, валекин тан набошад ҳеҷ
мар ҷонро.
Мавлоно аз нажоди тоҷикияш фахр мекард. Ва хуб дарк менамуд, ки ақли кулл ва мавҷу туғёни дилашро танҳо забони форсӣ – тоҷикӣ қодир аст, ки таҷассум созад. Воқеан, Мавлоно бо ин забон дар олами сухан эъҷозҳо офарид.
Пас аз суҳбати гарму самимӣ ва хӯрдани таъомҳои лазизи миллӣ Фурӯзонфар ва Камол Айнӣ бо соҳибхона хайрухуш мекунанд. Фурӯзонфар ба мизбон изҳори сипос менамояд ва мегӯяд:
- Аз файзу баракати меҳмондории шумо ман «кӯрпача» - и гумкардаамро пайдо кардам. Аз суҳбату дидорбинии имрӯза беҳад шод ҳастам. Аз Худованд талаб дорам, ки ин дамҳоро, ин дӯстиву нишастҳоро, ин ҳамдилию ҳамзабонии моро ҳаргиз парешон накунад. Бо забони Мавлоно ба якояки шумо мегӯям:
Эй Худо, ин васлро ҳиҷрон макун,
Сархушони ишқро нолон макун.
Ҷамъу ҷамъи хешро барҳам мазан,
Душманонро кӯр кун, шодон макун.
Каъбаи иқбол ин халқ асту бас,
Каъбаи умедро вайрон макун.
Нест дар олам зи ҳиҷрон сахттар,
Ҳар чӣ хоҳӣ кун, валекин он макун.
Раҷабалӣ ҚУДРАТОВ,
Корманди шоистаи Тоҷикистон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 29.08.2017    №: 183-184    Мутолиа карданд: 709
29.09.2020


ТОҶИКОН ВА ӮЗБЕКОН: ДӮСТӢ БИМОНАД ҶОВИДОН

РАШТ. ҲАМКОРИҲОИ МАҚОМОТ БО СОҲИБКОРОНИ ВАТАНДӮСТ САМАР МЕДИҲАНД

ХУҶНД. ВУСЪАТИ БУНЁДКОРИҲО ДАР ТАРАБХОНАИ «ФОРЕЛ»

ТОҶИКИСТОН. 87,4 ДАРСАДИ БЕМОРОНИ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТАНД

25.09.2020


ТОҶИКИСТОН. 8 ҲАЗОРУ 296 СИРОЯТШУДАИ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТ

СУҒД. ЭҲЁИ КОРХОНАҲОИ АЗ ФАЪОЛИЯТ БОЗМОНДА

КӮҲИСТОНИ МАСТЧОҲ. ОМОДАГӢ БА ИНТИХОБОТ ДАР САТҲИ БАЛАНД ҶАРАЁН ДОРАД

23.09.2020


НОҲИЯИ АЙНӢ. ҲАВЗА ВА УЧАСТКАҲО ОМОДА ШУДААНД

ХОРУҒ. ОЯНДАРО АЗ ИМРӮЗ БОЯД СОХТ

АВАО. ЯК ҲАМОИШИ МУҲИМ

ХУҶАНД. ШИНОСОИИ РАҶАББОЙ АҲМАДЗОДА АЗ КОРХОНАИ “ФАЙЗИ РАСУЛ”

СУҒД. ҶАМЪОВАРИИ ПАХТА ВУСЪАТ МЕГИРАД

22.09.2020


НОҲИЯИ ФИРДАВСӢ. ҲАВЗАИ № 1 ОМОДА МЕШАВАД

ВОХӮРИИ НОМЗАДҲО БА МАНСАБИ ПРЕЗИДЕНТӢ БО СОКИНОНИ ХАТЛОН

ТОҶИКИСТОН. АЗ КОРОНАВИРУС БОЗ 44 БЕМОР ШИФО ЁФТ

«ОИНИ НОЗ»

ТОҶИКОБОД ВУСЪАТИ ТОЗА МЕГИРАД

SARS-CoV-2. ШАШ ШАКЛИ ЗУҲУРИ ОН МУҚАРРАР ГАШТ

НАМОЯНДАҲОИ ДУШАНБЕ ВА ТОШКАНД ИМКОНИЯТИ ИФТИТОҲИ РОҲҲОИ НАВРО БАРРАСӢ НАМУДАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

21.09.2020


БАРРАСИИ МАСОИЛИ МУБОРИЗА АЛАЙҲИ ҶИНОЯТКОРИҲО

ДУРНАМОИ МУНОСИБАТҲО МАТРАҲ ГАРДИД

ҶАЛАСАИ НАВБАТИИ СИТОДИ ВИЛОЯТӢ ОИД БА ПУРЗӮР НАМУДАНИ ТАДБИРҲОИ ЗИДДИЭПИДЕМИЯВӢ

ОЗМУН БАРОИ ДАРЁФТИ СТИПЕНДИЯИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ТОҶИКИСТОН. 86,7 ДАРСАДИ БЕМОРОНИ COVID – 19 ШИФО ЁФТАНД

МАРЗҲОИ ӮЗБЕКИСТОН АЗ АВВАЛИ МОҲИ ОКТЯБР БОЗ МЕШАВАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

17.09.2020


ТОҶИКИСТОН. АЗ COVID – 19 БОЗ 45 БЕМОР ШИФО ЁФТ

РОҒУН БА ИНТИХОБОТ ОМОДА АСТ!

ИНТИХОБОТИ ПРЕЗИДЕНТӢ. БА НОМЗАДҲО ШАҲОДАТНОМА СУПУРДА ШУД

16.09.2020


ТОҶИКИСТОН. 86,5 ДАРСАДИ ГИРИФТОРОНИ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТАНД

ФАЙЗОБОД. ЧОРАБИНИИ СИЁСӢ ДАР САТҲИ БАЛАНД ХОҲАД ГУЗАШТ

ҶОМИ ТОҶИКИСТОН. ҶУФТҲОИ ДАВРИ НИМФИНАЛ МУАЙЯН ГАРДИДАНД

ИНТИХОБОТ. ВУСЪАТИ КОРҲОИ ОМОДАГӢ ДАР НОҲИЯИ РӮДАКӢ

ҶАВОНОН – ПАЙРАВОНИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. ҲАМОИШИ ИЛМӢ - СИЁСӢ ДАР АКАДЕМИЯИ ИДОРАКУНИИ ДАВЛАТӢ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед