logo

фарҳанг

КИТОБ: МАН АЗ ШУМО САХТ РАНҶИДАМ!

Замоне на ман будаму на шумо.  Аввал шумо омадед, баъд ман. Қонунҳои нонавиштаи зиндагӣ шуморо пароканда кард ва қабила-қабила зистанро ёд гирифтед. Миёни шумо зарурати додугирифт ва мухобираву табодули маълумот ба миён омад. Хат набуд. Аз фиристодаҳо истифода мекардед. Ҳамон даврон  ба ман сахт ниёз доштани шумо бармало зоҳир шуд. Чаро ки  маълумоти барои худ зарурро намедонистед чӣ тавр сабту ҳифзу нигоҳдорӣ намуда, аз як ҷо ба ҷойи дигар интиқол диҳед ва аз насл ба насл ба мерос гузоред. Зеҳни шумо манбаи ҳифзи маълумот буд. Аммо на ҳама қувваи ҳофизаи  қавӣ дошт. Онҳое, ки аз ин неъмат бонасиб буданд, дар миёни шумо обрӯмандтарин ба шумор мерафтанд. Аммо ҳатто онҳо ҳам қодир ба ҳифзи кулли маълумот набуданд. Ниёзмандӣ шуморо ба ихтирои хат водор кард. Маводи китобати шумо аввал сафол буд. Бурдани он ба дилхоҳ ҷой муяссар набуд, аз ҳам мерехт. Дар офтоб хушк кардани он мушкилро рафъ накард. Аз баҳри сафол баромадед ва ба корбурди папирус рӯй овардед. Солҳо он мавриди истифода буд. Лулаҳои папирусӣ низ дер напойид. Гоҳо ба вақти во кардан шикаставу аз ҳам пошид. Рӯй ба пӯсти чорво овардед. Ба хотири ман садҳо гову гӯсфанду оҳуро сар задед. Коршоям намудани пӯст басо заҳматталаб буд. Бори нахуст шакли имрӯзаи ман тарҳрезӣ шуд. Аммо маро ҳар кас қудрати харидорӣ надошт. Он замон ман боарзиштарин маводи мавриди ниёзи мардум будам. Ҳатто баробари тилло. Танҳо ашрофзодаҳову дарбориёну тоҷирон ба ман дастрасӣ доштанд. Ҷойгоҳам хеле баланд буд. Маҳз барои ман ҷевони алоҳидаи мунаққаш сохтанд ва барои ҳифзу нигоҳдориам шароити мусоид муҳайё намуданд.  Дигар ба ҳеҷ як маводи истеъмолӣ чунин муносибати ғамхорона ва эҳтиёткорона сурат намегирифт. Маро рӯ - рӯйи даст мегардонданд. Буданд нафароне, ки шаборӯзӣ чашм аз ман намеканданд. Яъне аз ман серӣ надоштанд. Ба ибораи дигар, ошиқам буданд. Ҳамон давра - давраи тиллоии ман буд. Инро акнун дарк кардам... 
Пӯст ҳам натавонист ниёзи шуморо бароварда созад. Чиниҳо барои китобат аввалин шуда коғазро ихтироъ карданд. Ин сирро асрҳо аз дигарон пинҳон доштанд, аммо дар қарни VIII тоҷикон низ аз ин падида хабар ёфтанд ва тавассути онҳо ҷаҳон. Тоҷикони ҳушманду ҳунарманд ба истеҳсоли коғаз пардохтанд ва дар кӯтоҳтарин муддат коғази истеҳсолкардаи онҳо бо номи «коғази самарқандӣ» шуҳраи офоқ шуд. Ҳаштсад сол маро дастӣ китобат карданду китобам намуданд. Дар қарни XV ба Гутенберги олмонӣ муяссар шуд, ки дастгоҳи чопиро ихтироъ намояду заҳмати китобсозиро садчанд осон бикунад. Шурӯъ аз ҳамон даврон оҳиста-оҳиста санъати китобсозӣ рӯ ба рушд ниҳод  ва мавриди дастрасии ҳамагонӣ қарор гирифт. Дидед? Барои мавриди корбурд қарор гирифтанам чӣ қадар заҳмат кашидеду чӣ қарнҳое паси сар шудаву масири ҳаракати ман чӣ андоза тӯлонӣ будааст? Аммо акнун ҳайронам, дар ибтидои садсолаи XXI чаро якбора ин заҳматҳои бобову аҷдоди худро нодида гирифтеду таърихи пур аз шебу фарози пайдоиши маро якбора аз зеҳни худ шустед ва ба осонӣ хурду калон аз ман рӯгардон шудед. Ман аз шумо сахт ранҷидам. Аз бетаваҷҷуҳиатон сахт аламам кард. Аз бевафоиатон ғусса гулугирам намуд. Ба кӯйи андеша фурӯ рафтам. Андешаҳои бесарунӯг ва садҳо саволи бепосух маро ба сардаргумӣ бурду бароям дарди сар овард. Чӣ тавр ором бошам? Садҳо сол рӯ рӯйи даст гардиву соҳибэътибор бошӣ, барои ту даҳҳо ҳазор чорворо қурбон бикунанд, бо оби тилло ороишат диҳанд, садҳо ҷомаи мунаққашу рангинат пӯшонанд, дар баландтарин макони хона ҷоят диҳанд, бо туро ба даст гирифтан бо меҳрубонӣ бӯса ба рӯят зананд, ҳатто ба сӯят по дароз карданро гуноҳи азим шуморанд, эътиқод дошта бошанд, ки дорои неруи давобахшию балогардон  ҳастию таги сари кӯдакон қарорат диҳанд ва якуякбора аз баҳрат гузаранду дигар таваҷҷуҳ накунанд, таҳаммулаш осон аст? На, сахт гарон аст! Аз чунин бархӯрд дилам месӯзаду ҷигарам кабоб мешавад ва ашк аз дидаҳоям ҷорӣ. Сахт ғамзадаву бисёр озурдаву беҳад дилафгорам. Аммо ку додрас? Ку дӯсти дилсӯзе, ки садои дардолудат шунаваду ба сарвақтат шитобад ва аз чанги гирову дурушти ғаму андуҳ, зиндони танҳоӣ ва аз зери бори хоку чанг раҳоят созад? Нест, ки нест! Афсӯс, дигар дӯсти вафодор намонда. Ҳама аз ман рӯгардону саргарми телефону айфону планшету ноутбуку компютеру интернетанд. Чунон ба корбурди инҳо шефта шудаанд, ки дигар ман ба ёдашон намерасам. Ҳатто ба сӯям нимнигоҳе намекунанд. Мебинанд маро дар дукону мағозаҳои китобфурӯшии  кӯчаву ҷодаҳо зуд рӯ дигар сӯ мегардонанд. Гӯё қотил бошам. Дигар он нигоҳҳои гарм нест, дигар бо меҳрубониҳо рӯйи даст гирифтанҳо нест, дигар қабл аз саҳфагардон намуданам ангуштро бо оби даҳон татҳир карданҳо нест. Ҳама рафт ба боди фано ва кӯйи фаромӯшӣ. Ҳатто дар хонаҳо ба чашм нанамоям гуфта, ҷойи маро дар ҷевон ба зарфҳо доданд. Дигар китоб доштан мояи ифтихор нест.
Ҳарчанд саъй кардам, назди шумо гуноҳамро надонистам. Ҳикмати чунин бархӯрди беинсофона аз сӯйи шуморо дарк накардам. Аз нахустрӯзи арзи ҳастӣ карданам то ба имрӯз чун навори синамо аз пеши чашмам гузашт ва надидам лаҳзаеро, ки аз амри шумо сарпечӣ карда бошам. Ҳамеша ду даст пеши бар омодаи хизмат будам. Не, миннат намекунам, боз ҳазорҳо сол омодаи хизмат ҳастам, аммо саволи матраҳ ин аст, ки оё шумо ба хизмати ман ниёз доред? Бетаваҷҷуҳие, ки алъон доред, гумону шубҳаамро ба миён меорад. Медонед, боре ҳам ба гӯшаи хотирам намеомад, ки рӯзе шумо ҳамагӣ аз баҳри ман мегузареду фаромӯш мекунед, ки садҳо сол аниси кунҷи танҳоии шумо ман будам. Дар ин муддат чизеро аз шумо пинҳон надоштам. Тавассути ман худро шинохтед, Худоро шинохтед, оламро шинохтед. Шумо фаромӯш кардед, ки гоҳо шуморо ба Амрико бурдаму гоҳо ба Африқо, гоҳо ба кишвари Арабу   гоҳо ба мулки Ҳалаб, гоҳ дар Чин сайр кардеду гоҳ дар Филиппин. Аз ёдатон рафт, ки шуморо бо ҳазорҳо одамони дорои хислатҳои гуногун маҳз ман ошно кардам, ҳазорҳо ҳодисаву рӯйдодро маҳз ман барои шумо бозгӯ намудам.
Рисолати ман на ҷудоафканӣ дар миёни инсонҳову гумроҳсозии онҳост, балки рисолатам аз эҷоди меҳру муҳаббат дар миёни инсонҳо иборат аст. Корам инсонсозист. Инсони комил. Яъне бар ақли  инсон боз донишу илму маърифатро зам менамоям, ки ҳамагӣ ғизои ақл дониста мешаванд. Чун ин ҳама ба ҳам омаданду якҷо шуданд, инсонро комилақл месозанд.
Ман шуморо дӯст медорам. Муҳаббати тӯли қарнҳо ташаккулёфта иҷозат намедиҳад, ки аз шумо рӯгардон шавам. Мисли шумо бевафо нестам ва канорагирӣ аз шуморо барои худ раво намебинам. Чун даҳҳо қарни гузашта бо нури худ роҳи шуморо дар масири зиндагӣ ба сӯйи саодату хушбахтӣ равшан хоҳам кард. Бо ман бошед, то саодату бахту иқболу илму донишу маърифату иззату икромро дарёбед!
Сироҷиддин ИКРОМӢ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 29.08.2017    №: 183-184    Мутолиа карданд: 367

19.04.2019


Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Жан - Батист Лемуан

Пойтахт ба таҷлили Рӯзи Ғалаба омодагӣ мебинад

Масоили рушди соҳаи маориф матраҳ гардид

Дар Донишгоҳи давлатии Данғара конфронси ҷумҳуриявӣ доир мешавад

Душанбе варзишгарони 15 кишварро ба ҳам меорад

Ҷаҳон дар як сатр

18.04.2019


ҶОМИ АФК. Пирӯзии "Хуҷанд" ва мусовии "Истиқлол"

МУЪМИНОБОД. 221 иншоот дар се сол

РАШТ. Боғистон доман паҳн мекунад

17.04.2019


БУҶЕТИ ДАВЛАТӢ . Ба қонун иловаҳо ворид шуданд

ДМТ. Як нишасти муҳим

Хонандагони Душанбе пешсафи олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ

Армуғон барои дӯстдорони ҷуғрофия

ҶОМИ ОСИЁ. Паҳлавонони тоҷик соҳиби 5 медал

Ҷаҳон дар як сатр

16.04.2019


Вохӯрии Саидзода Зоҳир Озод бо Аскар Таҷибаев

Баррасии масоили мубрам

Ҳамоиш бахшида ба оғози расмии Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Калонтарин тайёра дар дунё ба ҳаво хест

Дар Қазоқистон онлайн-қаллобон фаъол мешаванд

Дар СММ аз манфиати лоиҳаи «Камарбандҳо ва роҳҳо» сухан рафт

Аз таркиш дар Афғонистон ҳафт кӯдак ҳалок гашт

Филмҳои ду коргардони тоҷик барои Фестивали кинои мусалмонӣ интихоб шуданд

Ҷаҳон дар як сатр

БОКС. Иштироки варзишгарони тоҷик дар Чемпионати Осиё

12.04.2019


Бо иштироки Сарвазири мамлакат дар шаҳри Кӯлоб як қатор иншоот ба истифода дода шуд

Ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозони миллии давлатҳои аъзои СҲШ

Форуми байналмилалии рушди сармояи инсонӣ доир мегардад

ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ – 2019 ОИД БА ФУТЗАЛ. Рақибони Тоҷикистон муайян гаштанд

"Кашшофи падидаҳои наврас"

НОҲИЯИ РӮДАКӢ . Сафи соҳибкорони ватандӯст меафзояд

НУРОБОД . Эҳтиром ба шахсиятҳои таърихӣ

Ҷаҳон дар як сатр

11.04.2019


"Тоҷикон" ба забони ӯзбекӣ нашр шуд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед