logo

сиёсат

МУРОҶИАТНОМАИ Шӯрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шӯрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчун ниҳоди асосии ҷомеаи шаҳрвандӣ дар кишвар, қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро ҳамаҷониба дастгирӣ менамояд.
Зарурати қабули як қатор меъёрҳои навро таҷрибаи рӯзгор, рафти баргузории ҷашну маросимҳо, омӯзиши афкори иҷтимоӣ дар байни қишру табақаҳои гуногуни ҷомеа ва раванди афзояндаи ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ матраҳ кард. 
Қобили зикр аст, ки масъалаи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар давоми соли ҷорӣ ду маротиба дар ҷаласаҳои Шӯрои ҷамъиятӣ: дар аввал оид ба рафти амалишавии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва баъдан суханронии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо аҳли ҷомеаи кишвар ба муносибати 10 - солагии қабул шудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Аъзои Шӯрои ҷамъиятӣ: ҳизбҳои сиёсӣ, ҳаракатҳои ҷамъиятӣ, иттифоқҳои эҷодӣ, ташкилотҳои динӣ, ҷамъиятҳои миллию фарҳангӣ, иттиҳодияҳо, иттифоқҳову ассотсиатсияҳо ва созмонҳои ғайриҳукуматӣ дар рафти муҳокимарониҳо оид ба такмили лоиҳаи қонуни мазкур пешниҳодҳои мушаххасро баён карданд.
Мо аз он қаноатмандем, ки пешниҳодҳои аъзои Шӯрои ҷамъиятӣ низ дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» инъикос ёфтанд. Тавре ки мебинем, тағйиру иловаҳои пешниҳодшуда мутобиқати комил бо муқаррароти фарҳанги миллӣ ва омӯзаҳои динию мазҳабии мо доранд ва асосан ба хотири ҳимоят аз манфиатҳои мардум таҳия шудаанд. Аз ин рӯ, дар татбиқи муваффақонаи ин Қонуни миллӣ, дар баробари давлат ва Ҳукумат, ҷомеаи шаҳрвандӣ низ масъул ва муваззафанд. Зеро ки риояи бечунучарои меъёрҳои ин санади миллӣ бурди ҷомеа, давлат ва Ҳукумат мебошад.
Қонуни мазкур, пеш аз ҳама, ба баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардум, пешгирии хароҷоти беҳуда, танзими расму оинҳо ва ҷашну маросимҳои миллию аҷдодӣ, ҳифзи онҳо аз ҳар гуна хурофоту таассуб, самаранок истифода бурдани сармояи инсонӣ ва дар ниҳояти кор барои рушди минбаъдаи ҷомеаи шаҳрвандӣ дар кишвар ҳаматарафа мусоидат менамояд.
Шӯрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои шарҳу эзоҳи қонуни мазкур корҳои фаҳмондадиҳиро якҷо бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар тамоми вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ба таври васеъ ба роҳ монда, дар амалӣ гардидани он дастаҷамъона саҳм мегузорад.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 29.08.2017    №: 183-184    Мутолиа карданд: 325

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед