logo

сиёсат

НЕЪМАТИ БЕБАҲО Ё ШАРТИ АСОСИИ БАҚОИ ДАВЛАТУ МИЛЛАТ

Шаҳрванди як давлати мустақил будан барои ҳар инсони соҳибдил бахти бузург аст. Ва мо ифтихор мекунем, ки Ватани азизамон - Тоҷикистон соҳибистиқлол асту ҷомеаи ҷаҳонӣ онро ҳамчун давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона мешиносад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон дар мулоқоту вохӯриҳо ва суханрониҳояшон борҳо таъкид кардаанд, ки истиқлолият муқаддастарину азизтарин неъмат, рамзи саодат ва асолати миллат, шарафу номуси ватандорӣ ва нишонаи пойдориву бақои давлат аст. Зеро ин дастоварди бузург натиҷаи талошу муборизаҳои фарзандони бонангу номуси тоҷик ба хотири амалӣ намудани ормони чандинасраи халқамон, яъне эҳёи давлатдории миллии тоҷикон мебошад.
Ин суханони пурҳикмат ва раҳнамунсози Сарвари давлат ба ҳар як фарди худшиносу худогоҳ ва меҳанпараст барои ҳифзи дастовардҳои истиқлолият, ободии Ватан ва пешрафти давлату миллат неруву тавон мебахшанд. Мо - насли ҷавони кишвар, аз он ифтихор дорем, ки дар даврони соҳибихтиёрӣ ба шарофати ташаббус ва ибтикороти ватандӯстонаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳисси милливу ватандориамон бамаротиб баланд шуд. Масалан, таҷлили Ҷашни 1100 - солагии давлати Сомониён парчаме гардид, ки мардуми моро ба ваҳдат овард, ҳувияти миллӣ ва ҳисси худшиносии онҳоро боло бурд, оромиву осудагӣ ва сулҳу суботро дар мамлакат пойдор сохт, эҳсоси расидан ба қадри истиқлолияту давлатдории миллиро дар замири сокинони ҷумҳурӣ бедор кард ва раванди бунёдкориву созандагиро ба меъёри ҳаррӯзаи зиндагӣ табдил дод. Гузашта аз ин, ҷомеаи ҷаҳонӣ халқи тоҷикро чун вориси воқеӣ ва парчамбардори асили Сомониён, чун миллати соҳибдавлату дорои таърихи куҳан ва мероси бузурги фарҳангӣ бори дигар шинохт. Муҷассамаи бузурги Исмоили Сомонӣ ва муҷтамаи муҳташами меъморӣ дар шаҳри Душанбе зиёратгоҳи тамоми сокинони ҷумҳурӣ ва тоҷикони ҷаҳон гардида, ба меҳвари воқеии ваҳдату дӯстӣ табдил ёфт. Ҳамзамон, ҷаҳонӣ шудани Наврӯз, бузургдошти чеҳраҳои мондагори миллати тоҷик, назири Исмоили Сомонӣ, Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, Имом Абуҳанифа, Ҷалолиддини Балхӣ  ба ин раванд такони ҷиддӣ бахшид. 
Дар радифи ин тадбирҳои судманд ва рушди бесобиқаи ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқи мамлакат дар даврони соҳибистиқлолӣ се барномаи ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ роҳандозӣ гардид.  Барномаи ахир, ки солҳои 2015 - 2017 - ро дар бар мегирад, идомаи барномаҳои қаблӣ буда, бо назардошти омӯзиши таҷрибаи кишварҳои пешрафта, таҳлили сохтору фаъолияти судҳо, инчунин, омӯзиши фаъолияти дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ба фаъолияти судӣ алоқамандбуда таҳия гардида, ба рушди минбаъдаи қонунгузории мурофиавӣ, такмили сохтор ва фаъолияти Суди Олӣ, Суди Олии иқтисодӣ, судҳои вилоят ва шаҳру ноҳияҳо, ислоҳоти низоми адолати судӣ нисбат ба ноболиғон, тадбирҳо оид ба таъмини иҷрои санадҳои судӣ, такмили сохтор ва фаъолияти иҷрочиёни суд, тақвияти ёрии ҳуқуқӣ ба аҳолӣ, баланд бардоштани сифати ташхисҳои судӣ - ҳуқуқӣ, ҳифзи иҷтимоии судяҳо ва кормандони дастгоҳи судҳо такони ҷиддӣ бахшид. 
Ба шарофати соҳибистиқлолӣ мо дар ҷомеаи озоду демократӣ ба сар мебарем. Мақсади асосии низоми демократӣ, пеш аз ҳама, таъмини ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандони кишвар, фароҳам овардани шароит барои кор ва зиндагии осуда, волоияти қонун, пойдории адолат ва иштироки фаъоли мардум дар идоракунии давлат мебошад. Бо амалӣ намудани сиёсати рушди устувори иқтисодӣ Ҳукумати мамлакат иқдомҳоеро рӯи даст гирифтааст, ки сатҳу сифати зиндагии мардум пайваста беҳтар шавад. Воқеан, ҳар иқдоми тозае, ки аз аз ҷониби роҳбарияти олии мамлакат роҳандозӣ мегардад, маҳз ба ҳамин мақсад равона шудааст. Бо назардошти ин, мо низ дар навбати худ бояд ба хотири ҳифзи ин неъмати бебаҳои таърихӣ, яъне истиқлолият, ки шарти ҳастиву бақои миллат ва кафили фардои дурахшони он мебошад, ҳамеша муттаҳиду сарҷамъ ва зираку ҳушёр бошем, Ватани худро дӯст дорем, тамоми кӯшишу ғайрат ва неруву имкониятамонро барои пешрафту шукуфоии он сарф намоем.
Ҷамила АБДУЛХАЙРЗОДА,
корманди дастгоҳи суди шаҳри Душанбе,
аспиранти кафедраи ҳуқуқи инсон ва
ҳуқуқшиносии муқоисавии
Донишгоҳи миллии Тоҷикистон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 29.08.2017    №: 183-184    Мутолиа карданд: 613

15.02.2019


ШАМШЕРБОЗӢ. ИШТИРОКИ ВАРЗИШГАРОНИ МО ДАР ЧЕМПИОНАТИ КУШОДИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Дар Душанбе ташкили низоми муттаҳидаи мудофиаи зиддиҳавоӣ баррасӣ шуд

Дар чор сол муомилоти мол байни Тоҷикистону Ӯзбекистон 19 маротиба афзуд

Медведев: «Таҳримоти ИМА ба иқтисоди Россия таъсири чандон бузург расонда наметавонад»

Пентагон. ИМА аз Афғонистон ҳамроҳи иттифоқчиёнаш меравад

13.02.2019


2018. Сиёсати хориҷии Тоҷикистон пурбарор буд

КОРРУПСИЯ. 2047 ҷиноят ошкор гардид

САНОАТ. Беш аз 10 миллиард сомонӣ маҳсулот содирот шуд

САРМОЯИ МУСТАҚИМ. Воридот дар ҳоли афзоиш аст

ОБ. Таъминоти аҳолӣ рӯ ба беҳбудӣ дорад

АВҶИ ОБОДКОРИҲО ДАР ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА

12.02.2019


АКАДЕМИЯИ ИЛМҲО АЗ КАШФИЁТИ НАВ ТО САНОАТИ ДОРУСОЗӢ

КӮЛОБ. Содироти 825 тонна маҳсулоти кишоварзӣ

ДАНҒАРА. Саноатикунонӣ вусъат мегирад

ФУРУДГОҲҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. Сатҳи хизматрасонӣ рӯ ба беҳбудӣ дорад

ДДК. Авлавият ба сатҳи касбият ва таълим

САДА. Тантанаи ҷашни миллӣ дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳин

11.02.2019


ВАЗОРАТИ ФАРҲАНГ. 2018 - соли муваффақиятҳо буд

КУМИТАИ РУШДИ САЙЁҲӢ. Беш аз 1 миллион сайёҳ ба Тоҷикистон омад

МТС. Ҳамкориҳо бо Ӯзбекистон густариш меёбанд

ВМКБ. Гумрукчиён ба буҷет 16,9 миллион сомонӣ ворид карданд

ҲИСОР. Саҳми назарраси соҳибкорон дар ободонии шаҳр

НОҲИЯИ РӮДАКӢ. Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот ба 1 миллиард сомонӣ расид

ВАРЗОБ. Таваҷҷуҳи сайёҳон ба нуқтаҳои истироҳатӣ афзудааст

08.02.2019


Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ. Музди миёнаи меҳнат - 1220 сомонӣ

КУМИТАИ ТЕЛЕВИЗИОН ВА РАДИО. Сифати кори шабакаҳо беҳтар мешавад

КҲФМГ. Офатҳои табиат 34 миллион самонӣ хисорот овард

Саноатикунонӣ дар Шаҳринав

Меъёри бозтамвил ба 14 дарсад поён фаромад

ШАҲРИ ВАҲДАТ. Иҷрои барзиёди андози иҷтимоӣ

ТАНЗИМ. Қонуншиканӣ коҳиш ёфтааст

СОҲИЛ. Корҳои мустаҳкамсозӣ вусъат меёбанд

ДДСТДТ. Авлавият ба рушди ҳунарҳои мардумӣ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед