logo

фарҳанг

БОБОҶОН ҒАФУРОВДАР "ЧЕҲРАҲОИ МОНДАГОР"

Дар китоби «Чеҳраҳои мондагор» - и Пешвои муаззами миллат, ки мақолаи аввалини он ба  Бобоҷон Ғафуров бахшида шудааст, омадааст: «Дар таърихи ташаккули ҳар як халқу миллат бузургоне ҳастанд, ки номи онҳо дар ҳеҷ давру замон аз хотираи мардум фаромӯш намешавад». Сарвари давлат дар ин навиштаи хеш Бобоҷон Ғафуровро бо ифтихор «фарзанди фарзонаи миллат, «ходими номдори давлатию сиёсӣ ва Қаҳрамони Тоҷикистон» меноманд.
Масъалаи муҳиме, ки дар ин мақола бо тамоми муҳимияташ аз тарафи Сарвари давлат баррасӣ мешавад, фаъолияти илмию таҳқиқотии Бобоҷон Ғафуров аст, ки ба эҳёи таърихи тоҷикон нигаронда шуда буд. Бино ба таъкиди Пешвои муаззами миллат, бо вуҷуди иҷрои вазифаҳои масъули давлатӣ Бобоҷон Ғафуров «инкишофи фарҳанги ҷумҳуриро шахсан зери назорати доимии худ қарор дода буд, ҳамзамон таҳқиқоти илмии хешро пайваста давом медод». Аз ин мулоҳизаҳои муаллифи «Чеҳраҳои мондагор» аён мешавад, ки академик Бобоҷон Ғафуров аз ибтидои солҳои 40-уми асри гузашта хишти асоси тоҷикшиносиро гузошта буд. Инро нашри китоби ӯ «Таърихи мухтасари халқи тоҷик» (1947) бо забони тоҷикӣ собит менамояд. Муаллифи ҷавони ин асар таърихи тоҷиконро яктарафа наомӯхт, балки заминаҳои таърихии ташаккулу таҳаввули қавмҳои дигари маскун дар сарзамини Хуросону Мовароуннаҳр ва ҳусни ҳамҷавории онҳоро бо давлати Ҳинду Чин, Юнону Рум, Турку Араб бо санадҳои қотеи илмӣ  фаро гирифт. Ба тадқиқи масоили вобаста ба аҷдоди худ тавре шуғл варзид, ки ҳастии воқеии халқу қавми дигарро зери суол набурд ва одилонаю мунсифона ба пурсишҳои таърих посух гуфт.
Хидматҳои бесобиқаи илмии Бобоҷон Ғафуровро Президенти мамлакат боз дар он мебинанд, ки баробари таъйин шудан ба вазифаи директори Институти шарқшиносии Академияи илмҳои Иттиҳоди Шӯравӣ (1956) бо ташаббуси ӯ лоиҳаи мавзӯи «Шарқу Ғарб» таҳия ва амалӣ гардид. Дар ин муддат бо мақсади омӯзиши тамаддуни халқҳои олам ӯ дар таҳия, пешниҳод ва татбиқи лоиҳаи ёдгардида, ки маблағгузору сарпарасти он ЮНЕСКО буд, саҳмгузорӣ намуд. Зимнан мавзӯи бисёр муҳимро таҳти унвони «Омӯзиши тамаддуни Осиёи Марказӣ» ба ин созмони бонуфузи ҷаҳонӣ манзур сохт.
Ҳосили ҳамин гуна талошҳои судманд буд, ки Бобоҷон Ғафуров ковишҳои илмӣ, конфронсу машваратҳои байналмилалии таҳқиқотӣ, муколамаи тамаддунҳо, пайванди дӯстию рафоқати олимону донишмандони сатҳи ҷаҳониро асоси сулҳи пойдори ҷаҳонӣ баршумурд.
Пешвои миллат барҳақ дар ин мақола ёдрас мешаванд, ки аллома Бобоҷон Ғафуров дар байни пажӯҳандагони тамоми қитъаҳои олам дӯстон дошт ва дар заминаҳои ҳамкорию шомил будан ба даҳҳо ҷамъиятҳои илмии хориҷӣ илмро шаҳпули пайванди тамаддунҳо меҳисобид. Маҳз бо эҳтимоми олими мазкур нимаи дуюми солҳои 50-уми асри ХХ илми тоҷикшиносӣ дар Иттиҳоди Шӯравӣ вусъат пайдо карда, асари «Таърихи халқи тоҷик» дар се ҷилд (солҳои 1963 - 1965) дар шаҳри Маскав ба табъ расид. Бобоҷон Ғафуров ҳамчун муҳаққиқи ҷаҳоншумул тавонист, ки соли 1972 дар пойтахти Иттиҳоди Шӯравӣ, бо забони русӣ шоҳасари безаволаш - «Тоҷикон»- ро интишор диҳад.
Нигорандаи мақолаи «Фарзанди фарзонаи миллат» китоби бунёдии академик Бобоҷон Ғафуровро бо чунин гуфтори ҳакимона тақдир менамояд: «Тоҷикон» воқеан шиносномаи миллат аст. Ин шоҳасари безавол, ки самараи меҳнати сисолаи олим аст, аз ҷумлаи таҳқиқоти бунёдӣ ва фарогирандаи таърихи халқҳои Осиёи Марказӣ ба шумор меравад. Ин асар, барҳақ, китоби рӯимизии ҳар як фарди соҳибмаърифати тоҷик мебошад ва барои худогоҳии миллӣ ва рушди тафаккури таърихии мардуми мо чун обу ҳаво зарур аст». Нуктаи воло ва барои ҳар як тоҷик азиз аз ин мақола ин аст, ки Сарвари давлат «Тоҷикон»- ро қувваи заволнопазир дар болоравии худшиносию худогоҳии миллӣ баршумурда, маҳз ҳамин шоҳкории илмиро муҷиби сазовор гардидани Бобоҷон Ғафуров ба унвони олии Ватан – Қаҳрамони Тоҷикистон медонад. 
Мақолаи дуюми Пешвои миллат дар бораи Бобоҷон Ғафуров «Олими тавоно ва арбоби барҷастаи сиёсиву давлатӣ» ном дорад. Нигоранда дар навиштаи худ ёдовар мешавад, ки ин марди тавоно «бо ҷасорати сиёсиву илмӣ дар паҳлуи Садриддин Айнӣ истода, барои ҳифзи номи неки миллати тоҷик, аз таҳрифи бадқасдона ҳимоя кардани таъриху фарҳанги пурғановати он қарзи фарзандии худро дар назди халқу Ватани азизаш сарбаландона адо намуд». Муаллиф барҳақ ва мавқеъшиносона таъкид менамояд, ки академик Бобоҷон Ғафуров тавассути таҳқиқоти густурдаи тоҷикшиносии хеш ва овардани даҳҳо далелу бурҳони қотеи илмӣ собит месозад, ки миллати фарҳангсозу тамаддунофари тоҷик ҳеҷ гоҳ ба таърихсозию бузургтарошӣ ниёз надорад. Барои тасдиқи гуфтори хеш муаллиф аз корномаҳои ибратомӯз ва талошҳои меҳанпарастонаи қаҳрамонони халқи тоҷик ёд мекунад.
Дар бахши сеюми мулоҳизаҳои Пешвои муаззами миллат оид ба Бобоҷон Ғафуров, ки нисбат ба ду мақола мухтасартар аст, ҳамоно оҳанги ифтихори муаллиф аз корномаҳои пандомӯзонаи ӯ баландтару муассиртар садо медиҳанд. Сарвари давлат таъкид месозанд, ки ин муҳаққиқ обрӯи ҷаҳонӣ дошт, вале аз тамоми ҷоизаҳо, нишонҳо, унвонҳо ва ифтихороти дигари давлатӣ ва илмӣ мукофоти бузургтарин сарбаландии кишвару Ватан ва тоҷику тоҷикистониён буд».
Аюбҷон УСМОНОВ,
устоди Донишгоҳи давлатии
Хуҷанд ба номи
Бобоҷон Ғафуров,
номзади илмҳои таърих


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 29.08.2017    №: 183-184    Мутолиа карданд: 865
25.09.2020


ТОҶИКИСТОН. 8 ҲАЗОРУ 296 СИРОЯТШУДАИ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТ

СУҒД. ЭҲЁИ КОРХОНАҲОИ АЗ ФАЪОЛИЯТ БОЗМОНДА

КӮҲИСТОНИ МАСТЧОҲ. ОМОДАГӢ БА ИНТИХОБОТ ДАР САТҲИ БАЛАНД ҶАРАЁН ДОРАД

23.09.2020


НОҲИЯИ АЙНӢ. ҲАВЗА ВА УЧАСТКАҲО ОМОДА ШУДААНД

ХОРУҒ. ОЯНДАРО АЗ ИМРӮЗ БОЯД СОХТ

АВАО. ЯК ҲАМОИШИ МУҲИМ

ХУҶАНД. ШИНОСОИИ РАҶАББОЙ АҲМАДЗОДА АЗ КОРХОНАИ “ФАЙЗИ РАСУЛ”

СУҒД. ҶАМЪОВАРИИ ПАХТА ВУСЪАТ МЕГИРАД

22.09.2020


НОҲИЯИ ФИРДАВСӢ. ҲАВЗАИ № 1 ОМОДА МЕШАВАД

ВОХӮРИИ НОМЗАДҲО БА МАНСАБИ ПРЕЗИДЕНТӢ БО СОКИНОНИ ХАТЛОН

ТОҶИКИСТОН. АЗ КОРОНАВИРУС БОЗ 44 БЕМОР ШИФО ЁФТ

«ОИНИ НОЗ»

ТОҶИКОБОД ВУСЪАТИ ТОЗА МЕГИРАД

SARS-CoV-2. ШАШ ШАКЛИ ЗУҲУРИ ОН МУҚАРРАР ГАШТ

НАМОЯНДАҲОИ ДУШАНБЕ ВА ТОШКАНД ИМКОНИЯТИ ИФТИТОҲИ РОҲҲОИ НАВРО БАРРАСӢ НАМУДАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

21.09.2020


БАРРАСИИ МАСОИЛИ МУБОРИЗА АЛАЙҲИ ҶИНОЯТКОРИҲО

ДУРНАМОИ МУНОСИБАТҲО МАТРАҲ ГАРДИД

ҶАЛАСАИ НАВБАТИИ СИТОДИ ВИЛОЯТӢ ОИД БА ПУРЗӮР НАМУДАНИ ТАДБИРҲОИ ЗИДДИЭПИДЕМИЯВӢ

ОЗМУН БАРОИ ДАРЁФТИ СТИПЕНДИЯИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ТОҶИКИСТОН. 86,7 ДАРСАДИ БЕМОРОНИ COVID – 19 ШИФО ЁФТАНД

МАРЗҲОИ ӮЗБЕКИСТОН АЗ АВВАЛИ МОҲИ ОКТЯБР БОЗ МЕШАВАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

17.09.2020


ТОҶИКИСТОН. АЗ COVID – 19 БОЗ 45 БЕМОР ШИФО ЁФТ

РОҒУН БА ИНТИХОБОТ ОМОДА АСТ!

ИНТИХОБОТИ ПРЕЗИДЕНТӢ. БА НОМЗАДҲО ШАҲОДАТНОМА СУПУРДА ШУД

16.09.2020


ТОҶИКИСТОН. 86,5 ДАРСАДИ ГИРИФТОРОНИ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТАНД

ФАЙЗОБОД. ЧОРАБИНИИ СИЁСӢ ДАР САТҲИ БАЛАНД ХОҲАД ГУЗАШТ

ҶОМИ ТОҶИКИСТОН. ҶУФТҲОИ ДАВРИ НИМФИНАЛ МУАЙЯН ГАРДИДАНД

ИНТИХОБОТ. ВУСЪАТИ КОРҲОИ ОМОДАГӢ ДАР НОҲИЯИ РӮДАКӢ

ҶАВОНОН – ПАЙРАВОНИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. ҲАМОИШИ ИЛМӢ - СИЁСӢ ДАР АКАДЕМИЯИ ИДОРАКУНИИ ДАВЛАТӢ

ЛЕВАКАНТ. ПАХТАЧИНӢ ВУСЪАТ МЕГИРАД

ТОҶИКИСТОН НОЗИРОНИ ИДМ-РО БА ИНТИХОБОТИ ПРЕЗИДЕНТӢ ДАЪВАТ КАРД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

15.09.2020


ТОҶИКИСТОН. 86,4 дарсади беморон шифо ёфтанд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед