logo

Хабарҳо

Варзиш

Дзюдогарони кишвар дар Чемпионати ҷаҳон оид ба дзюдо ширкат меварзанд
Бино ба иттилои Федератсияи байналмилалии дзюдо, аз 28 август то 3 сентябр дар пойтахти Маҷористон - шаҳри Будапешт Чемпионати ҷаҳон оид ба дзюдо баргузор мегардад ва дар он аз 136 кишвар 796 варзишгар (484 мард ва 312 зан) ширкат хоҳанд намуд.
Кишвари моро дар ин зӯрозмоии бонуфуз дзюдогарон Суҳроб Боқиев (- 60 кило), Хушқадам Хусравов (- 66 кило), Саидмухтор Расулов (- 73 кило), Садр Боев (- 81 кило), Комроншоҳи Устопириён (- 90 кило), Саидҷалол Саидов (- 100 кило) ва Шакармамад Мирмамадов (- 100 кило) намояндагӣ мекунанд.

Мунтахаби наврасони Тоҷикистон барои омодагӣ ба Қазоқистон сафар кард
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон оид ба футбол (то синни 16 – сола) ҷиҳати омодагӣ ба бозиҳои интихобии Чемпионати Осиё  –  2018 ба Қазоқистон сафар кард.
Пас аз анҷоми барномаи таълимию тамринӣ мунтахаби наврасони кишвар дар даҳумин мусобиқоти байналмилалии Ҷоми президенти Қазоқистон, ки аз 4 то 8 сентябри соли равон дар шаҳри Талгар сурат мегирад, ширкат меварзад. Футболбозони навраси мо дар гурӯҳи «В» бо ҳамсолони худ аз Қазоқистон – 2, Ӯзбекистон ва Русия зӯр меозмоянд.
Ба гурӯҳи «А» мунтахабҳои наврасони Қазоқистон – 1, Қирғизистон, Албания ва Гурҷистон шомиланд.
Ёдовар мешавем, ки бозиҳои интихобии Чемпионати Осиё – 2018 аз 20 то 24 сентябр дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор баргузор мегарданд ва мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар гурӯҳи «В» бо тимҳои мунтахаби Сурия, Малдив ва Уммон зӯр хоҳанд озмуд.
Раҷабалӣ ИСМАТУЛЛОЕВ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 183

21.11.2017


Муаррифии китоби «Пешвои миллат ва сиёсати забон»

Таҷлили Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Қирғизистон

Ифтитоҳи бинои раёсати адлияи ВМКБ

«Шабе дур аз Ватан» дар Владикавказ намоиш дода мешавад

Ҷаҳон дар як сатр

Туркманистон аз кишварҳои амнтарини дунё эътироф гардид

Конгресси ИМА аз алоқаи Трамп бо Русия ягон далел наёфт

Ҷустуҷӯи киштии зериобии Аргентина шурӯъ шуд

Олмон ба кӯдакон бастани соатҳои «доно» - ро манъ намуд

14.11.2017


Ҷаласаи якҷояи тадорукоти чорабиниҳои байналмилалӣ

Мулоқоти Сироҷиддин Аслов ва Эрлан Абдилдаев

Таъсиси шабакаи нави телевизионӣ

Бизнес - форуми соҳибкорони Тоҷикистону Ҳиндустон баргузор хоҳад гашт

Ҷаҳон дар як сатр

Ҳалокати беш аз 450 нафар аз заминҷунбӣ дар Эрон

Трамп ҷонибдори сабуксозии таҳримоти зиддирусӣ

Занон ва кӯдаконро аз Сурия ба Грозний оварданд

Коршиносон кишварҳоеро ном гирифтанд, ки аз тағйироти иқлим бештар зарар диданд

Чин. Минтақаи политсияро роботҳо «забт карданд»

13.11.2017


Ҷаҳон дар як сатр

Путин ва Трамп кишварҳои дунёро ба афзунсозии ёрӣ ба Сурия даъват карданд

Трамп қазияи «дахолати русӣ» - ро монеаи сунъии муносибатҳо номид

Пазироии Бангкок аз намояндагони СҲШ ва ЭСКАТО

Норасидтарин кӯдаки дунё дусола шуд

11.11.2017


Баррасии масъалаи истифодаи технологияҳои инноватсионӣ дар соҳаи роҳсозӣ

Тасвиби Ёддошти тафоҳум байни Вазорати мудофиа ва САҲА

Вохӯрӣ бо Мирча Чиопрага

Ҷарроҳии ройгони кӯдакон ва наврасон

ФУТБОЛ. Тими ҷавонони кишвар ба Чемпионати Осиё роҳхат гирифт

09.11.2017


Мулоқоти Сироҷиддин Аслов ва Муҳаммад Ҷавод Зариф

Баррасии масоили ҳамкории минтақавӣ дар соҳаи назорати маводи нашъаовар

Таҷлили Рӯзи милитсия дар Тоҷикобод

Роҳсозони ИДМ дар Душанбе ҷамъ омаданд

ФУТБОЛ. Ин бор миёни бонувон


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед