logo

Хабарҳо

ҲАДЯИ САРВАРИ ДАВЛАТ ба донишҷӯёну устодони ДДТТ

Дар остонаи Ҷашни 26 – умин солгарди Истиқлолияти давлатии кишвар дар шаҳри Душанбе бо иштироки Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ва раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ маҷмааи нави таълимии Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.

Маҷмааи таълимӣ дар шаҳраки Шифобахши ноҳияи Сино воқеъ буда, бо супориши Сарвари давлат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои донишҷӯён ва устодони донишгоҳи мазкур бунёд ёфтааст.
Иншооти ҳозиразамони таълимӣ аз ду бинои таълимии панҷошёнадор иборат буда, дар он барои дарс, хониш, машғулияти пасаздарсӣ, умуман, дар сатҳи баланди ҷавобгӯ ба талаботи меъёрҳои байналмилалӣ азхуд кардани асосҳои касби пуршарафи табибӣ тамоми шароит фароҳам оварда шудааст. Маҳз ҳамин нуктаро зимни ифтитоҳи маҷмаа Қоҳир Расулзода ва Рустами Эмомалӣ таъкид намуданд. Донишҷӯёну устодони донишгоҳ бунёди маҷмааи муосири таълимиро ҳадя ва нишони таваҷҷуҳу ғамхории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон арзёбӣ намуда, иброз доштанд, ки ба ин ғамхориҳо бо талошу заҳмат дар омӯзиши касби интихобнамуда, интизоми намунавӣ ва хизмати содиқона ба халқу Ватан сипос хоҳанд гузошт.
С. АЗИЗӢ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 326

13.06.2018


Шиносоии Сарвазири мамлакат бо фаъолияти корхонаҳои пойтахт

12 медали варзишгарони тоҷик дар Ҷоми Ӯзбекистон

Боздиди ҳайати Ӯзбекистон аз НБО Роғун ва мавзеи сайёҳии Варзоб

Ҷаҳон дар як сатр

Вохӯрии таърихӣ - муқаддимаи сулҳ

Дар Муғулистон Маркази байналмилалии тадқиқотии кишварҳои рушдкунанда ташкил шуд

Сарвари Сандуқи байналмилалии асъор аз хатар ба иқтисоди ҷаҳонӣ огоҳ сохт

Бонки миллии Қирғизистон 90 дарсади даромадашро ба давлат медиҳад

12.06.2018


Баргузории ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии СААД

Баимзорасии созишномаи ҳамкорӣ

Вазорати маориф ва илм ба ҷадвали санҷишу имтиҳонҳо тағйирот ворид кард

Баистифодадиҳии корхонаи коркарди санги хоро

Ҷаҳон дар як сатр

СААД ба Тоҷикистон дар таҳкими марз бо Афғонистон ёрӣ мерасонад

Дар Чин сафари Путинро комёбии мутлақ унвон карданд

Баррасии вазъи Афғонистон, Сурия ва Корея дар Алмаато

Мирзиёев хостори "долони озод"-и тиҷоратии СҲШ шуд

Минск аз Чин 800 миллион юан ёрии ройгон мегирад

08.06.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Никлас Линдквист

Форуми байналмилалии рушди сармояи инсонӣ баргузор мешавад

Иди саиди Фитр дар Тоҷикистон 15 июн таҷлил мегардад

Муҳлати бақайдгирии шаҳрвандони хориҷӣ аз 3 то 10 рӯзи корӣ тамдид шуд

Як вохӯрии судманд

РАШТ. Бунёду азнавсозии муассисаҳои таълимӣ вусъат мегирад

МОҲӢ. Афзоиши истеҳсол

Тақвими бозиҳои Ҷоми ҷаҳон

07.06.2018


Баргузории ҷаласаи навбатии кумитаи тадорукот

Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин бо Алӣ Муборак ал-Муҳаннадӣ

Корхонаи парандапарварӣ ба истифода дода хоҳад шуд

Тоҷикистон боз дар мақоми аввал

ХАТЛОН. Рафти кишти такрорӣ бад нест, аммо...

Ҷаҳон дар як сатр

Путин зарурати рушддиҳии технологияҳои рақамиро таъкид кард

Ба Афғонистон низомиёни Амороти Муттаҳидаи Араб ва Қатар меоянд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед