logo

иҷтимоиёт

МУРОҶИАТИ ШАҲРВАНДОН МУНОСИБАТИ ҶИДДИРО ТАҚОЗО ДОРАД!

Баъзе кишоварзон дар  ноҳияи Ашт сари вақт ҳуҷҷатҳои заминро гирифта наметавонанд.
Масъулин   сабаби кам будани шумораи муроҷиаткунандагонро дар рӯзи навбатии қабули   шаҳрвандон дар мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Ашт шарҳ дода, ба ҷараёни долу зарби корҳои  саҳроиву хоҷагидорӣ марбут донистанд. Рӯзи шанбе соат аз 9 гузашта бошад ҳам,  ҳамагӣ 3 муроҷиаткунанда дар назди толори қабули мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияи давлатии ноҳия ҳозир шуд. Пас, 2 – 3 нафари дигар омаданд. Онҳо аксаран аз Ҷамоати шаҳраки Шайдон буданд.
Мудирони баъзе шуъбаю бахшҳои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия дертар ҳозир шуданд.  Шаҳрванд Ҷовидон Бобоев, аз Ҷамоати деҳоти Понғоз, арз кард, ки сарфи назар аз омода будани ҳуҷҷатҳо оид ба ҷудо кардани  қитъаи замин, аз тарафи масъулин беэътиноӣ зоҳир гардида, бо баҳонаҳои беасос муроҷиати  ӯ баррасӣ  намешавад. Ин дар ҳолест, ки оила ба қитъаи замин воқеан ниёз дорад. Мирдадо Зариф Мирмуҳаммадӣ, раиси ноҳия, ба масъулин дастур дод, ки дар муҳлати наздиктарин арзи шаҳрванд қонеъ гардонда шавад.
Дар ноҳия  дар ду - се соли охир зиёда аз 7400 оила бо қитъаи замини наздиҳавлигӣ таъмин шуда бошад ҳам, тибқи иттилои Муродҷон Усмонов, мудири бахши меъмории ноҳия, зиёда аз 6 ҳазор нафар ниёзманди қитъаи замин аст.
Теъдоди муайяни кишоварзон то ҳанӯз соҳиби  ҳуҷҷатҳои саҳмдорӣ  ба қитъаи замин нагаштаанд. Масалан, Манзура Тӯйчиева аз номи 8 нафар аз Ҷамоати деҳоти Ашт ба раиси ноҳия  аз дастрас нашудани саҳмия (сарфи назар аз 10 соли сипаришуда) шикоят кард. Маълум шуд, ки раиси собиқи хоҷагии деҳқонӣ Ӯрмон Нуралиев  саҳмияҳоро гирифта, то ҳол ба соҳибонашон бозпас нагардондааст. Дар натиҷа, кишоварзон  даҳ сол боз ба ташвишҳои зиёдатӣ рӯбарӯанд. Дар иртибот ба қазияи мазкур кишоварзон ба прокуратураи ноҳия низ муроҷиат кардаанд.  Мутаассифона, шумораи раисони хоҷагиҳои деҳқонӣ, ки бо ваъдаҳои дурӯғ деҳқононро ба ташвиш меандозад, кам нест.
Бино ба иттилои Ҷамшед Маҳкамов, мудири шуъбаи умумӣ, назорат ва муроҷиати шаҳрвандони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия, то 1 августи  соли  равон 1534 нафар сокини ноҳия бо масоили гуногуни иқтисодиву иҷтимоӣ дар рӯзҳои қабули шаҳрвандон муроҷиат кардаанд. Бештари сокинони ноҳия  вобаста ба масъалаҳои  гирифтани сертификати ҳуқуқи истифодаи замин,  ташкили хоҷагиҳои деҳқонӣ, сохтмон ва ҳифзи иҷтимоӣ муроҷиат мекунанд.                                                                                                      
Ҷовиди АШТӢ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 30.08.2017    №: 185    Мутолиа карданд: 411

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад

ЭКСПО дар Шанхай: шартномаҳо ба маблағи қариб $60 миллиард ба тасвиб расиданд

Сӯхтори ҷангал дар Калифорния боиси ҳалокати 25 нафар гашт

Ҷаҳон дар як сатр

ВАХШ. Суратҳисоби бонкӣ барои ятимон

ОЛИМПИАДАИ “GENIUSKIDS – 2018” 35 медали хонандагони тоҷик

САМБО. Хушқадам Хусравов – қаҳрамони ҷаҳон

09.11.2018


Ҳамоишҳои ҷавонон бахшида ба Рӯзи Президент

Баррасии масоили рушди ҳамкориҳо

Мулоқоти Юсуф Раҳмон бо Кристофер Рэй

Таъсиси гурӯҳи корӣ баҳри иҷрои «Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Душанбе барои давраи то соли 2025»

Давлаталӣ Саид дар Корея

20-умин конфронси расонаҳои Осиёи Марказӣ дар Остона баргузор шуд

«Толибон» рӯйхати иштирокдорони мушовараи Москваро интишор дод

Таърихшиноси фаронсавӣ ба Макрон нақши Россияро дар наҷоти Аврупо хотиррасон кард

Ҷаҳон дар як сатр

"TASHKENT GRAND PRIX" ИШТИРОКИ ПАҲЛАВОНОНИ ТОҶИК ДАР ОН

"Истиқлол" бори ҳафтум чемпиони Тоҷикистон шуд!

08.11.2018


ШАҲРИСТОН. Бунёди 68 иншооти нав

ГУЛИСТОН. Бунёди майдони Парчами давлатӣ ва навсозии кӯдакистони “Дилноз”

Вусъати созандагӣ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

ХУҶАНД. Ифтитоҳи маҷмааи фитнеси занона

НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ. Муассисаҳои таълимӣ ба фасли сармо омодаанд

“АРБОБОНИ ИЛМИ ТОҶИК”

Бо хоҳиши Макрон вохӯрии муфассали Путин ва Трамп баргузор намешавад

Толибон нияти иштирок дар музокироти сулҳи Москваро доранд

Дар 40 соли ислоҳот савдои берунаи Чин 670 маротиба афзуд

Деҳлӣ ҳавои ифлосро бо борони сунъӣ тоза карданист

Ҷаҳон дар як сатр

МАРҲИЛАИ ИНТИХОБИИ ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ – 2020. Ҳарифони мунтахаби Тоҷикистон (U-23) муайян шуданд

07.11.2018


Маҷлиси тантанавӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия

Мулоқоти Рамазон Раҳимзода бо Абдулазиз ибни Сауд

Пулҳои миллӣ бо такмили унсурҳои ҳимоя


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед