logo

иқтисод

ТОҶИКОБОД. МУШКИЛОТ ДАР ХИЗМАТРАСОНИИ БОНКӢ

Пӯшида нест, ки буҳрони ҷаҳонии молиявӣ ба иқтисодиёти аксарияти давлатҳои ҷаҳон, аз ҷумла Ҷумҳурии Тоҷикистон, таъсири ногувори худро расондааст. Дар ин радиф фаъолияти бонкҳо бештар осебпазир гардида, чандин бонки пештар фаъол ва имрӯз аз нигоҳи молиявӣ ба ҳоли ногувор мувоҷеҳ дари худро ба рӯи мизоҷон бастаанд.

Ноҳияи Тоҷикобод бештар аз 40 ҳазор аҳолӣ дорад. Шурӯъ аз солҳои 2000-ум барои беҳтар ба роҳ мондани хизматрасонӣ ба аҳолӣ дар ин ҷо низ филиал, шуъба ва нуқтаҳои бонкҳои марказӣ таъсис дода шуданд. Шуъбаи № 20-и БДА «Амонатбонк», филиалҳои «Агроинвестбонк», «Тоҷпромбонк», «Тоҷиксодиротбонк», «Ориёнбонк», «Эсхата» ва «Аввалин бонки молиявии хурд» то ду - се соли охир фаъолияти бонизом доштанд, баробари пардохти музди меҳнат ва нафақа ба хоҳишмандон қарзҳои пулӣ низ медоданд. Интиқоли маблағ низ бе мушкилот ва фаврӣ сурат мегирифт. Акнун бошад, вазъ дигар аст. Филиалҳои  «Агроинвестбонк», «Тоҷпромбонк», «Тоҷиксодиротбонк» бинобар вазъи ногувори молиявӣ аз фаъолият бозмондаанд. Бори хизматрасонии идораю корхонаҳо ва аҳолӣ ба зиммаи шуъбаи БДА «Амонатбонк», филиалҳои «Ориёнбонк», «Эсхата» ва «Аввалин бонки молиявии хурд» вогузор гардидааст. Тавре мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, бо вуҷуди нисбатан фаъол будани нуқтаҳои номбурда, онҳо қудрати пурра бароварда сохтани ниёзи мардумро надоранд. Бахусус дар бахши пардохти маблағи аз муҳоҷирони меҳнатӣ воридгардида мушкилот пеш омадааст. Шумораи зиёди одамон соатҳои дароз ва ҳатто чанд рӯз навбат мепоянд. Аксаран, мавҷуд набудани пули нақд дар сандуқи бонкҳоро баҳона карда, мизоҷонро бармегардонданд.
Аз суҳбат бо мутасаддиёни филиал ва нуқтаҳои дар ноҳия амалдоштаи бонкҳои «Амонатбонк», филиалҳои «Оиёнбонк», «Эсхата» ва «Аввалин бонки молиявии хурд»  маълум гашт, ки  доираи мушкилоти ҷойдошта қариб якхела аст. Яъне зиёд шудани талабот ва камии шумораи нуқтаҳои хизматрасонии бонкӣ дар ноҳия, гардиши сусти пули нақд дар дохили ноҳия бинобар мавҷуд набудани корхонаҳои истеҳсолӣ ва фаъолияти чашмраси соҳибкорӣ, сифати пасти хизматрасонии интернетӣ, мушкилоти гузариш аз системаҳои куҳна ба нав омилҳоеанд, ки ба гуфтаи мутасаддиён, сабабгори сари вақт қонеъ нагардондани талаботи мизоҷон шудаанд.
Дар баробари ин, мутасаддиён бар ин назаранд, ки бо зиёд кардани нуқтаҳои хизматрасонии бонкҳои нисбатан фаъоли номбурда дар ноҳия метавон ба ҳалли мусбии ин масъала умед баст. Пули нақд асосан аз сандуқи бонкҳои марказӣ ба нуқтаҳои музофотӣ интиқол меёбад. Аз ин рӯ, умед мебандем, ки роҳбарияти бонкҳо мушкилоти ҷойдоштаро дар нуқтаҳои навоҳии дурдаст ба инобат гирифта, чораҳои зарурӣ меандешанд.
Дилшод АМИРОВ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 30.08.2017    №: 185    Мутолиа карданд: 500

17.07.2019


Музокироти ҳайатҳои расмии Тоҷикистон ва Корея

КУМИТАИ МУҲИТИ ЗИСТ. Нигаронӣ аз набудани партовгоҳҳо дар деҳот

ПРОКУРАТУРАИ ГЕНЕРАЛӢ. 5774 гектар қитъаи замин ба ҳолати аввала баргардонда шуд

ИЗЗАТУЛЛО САТТОРӢ: "Истеҳсоли гӯшти мурғ 9 маротиба зиёд мегардад"

ВАЗОРАТИ АДЛИЯ. Хулосаи ҳуқуқӣ ба 1936 лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ

ТАЭКВОН – ДО. Муниса медали тилло ба даст овард

Суръати рушди ММД Тоҷикистон миёни кишварҳои ИДМ баландтарин шуд

Тоҷикистон ба сохтмони лӯлаи гази «Осиёи Марказӣ — Чин» шурӯъ мекунад

Дар ҷанубу ғарби Чин аз хушксолӣ 7,4 миллион нафар зарар дид

Ҷаҳон дар як сатр

16.07.2019


ХАДАМОТИ АЛОҚА. Корти ID симкорти муштариро ба расмият медарорад

ЭНЕРГЕТИКА. 2,5 миллиард сомонӣ қарзи дебитории "Барқи тоҷик" муаммои ҳалталаб боқӣ мемонад

15.07.2019


Сарвазири Корея ба Тоҷикистон меояд

Баррасии масъалаҳои ҳамгироии САҲА, СҲШ ва ИА дар минтақаи Осиёи Марказӣ

Нахустин шумораи маҷаллаи «Осиё ва Аврупо» аз чоп баромад

ДТТ. Изҳори нигаронӣ аз вазъи бо кор таъмин шудани хатмкардаҳо

ТИБ. 288 номгӯи доруи ғайристандартӣ ошкор шуд

11.07.2019


Шиносоии Қоҳир Расулзода бо сохтмон ва навсозии шоҳроҳи Душанбе – Бохтар

10.07.2019


Нодиртарин "Девон" - и Навоӣ дар Хуҷанд

Бунёди нахустин пойгоҳи ҷаҳонии шабакаи атмосферии Тоҷикистон дар Осиёи Марказӣ

Иттиҳоди Аврупо барои кишварҳои Осиёи Марказӣ 72 миллион евро ҷудо мекунад

Матвиенко: "Дар бозори Россия қариб тамоми об қалбакӣ будааст"

Ҷаҳон дар як сатр

08.07.2019


Баррасии ҷараёни иҷрои Барномаи давлатии тарбияи ватандӯстӣ ва таҳкими ҳувияти миллии ҷавонон

"Душанбе - қалби Тоҷикистон"

Ҳамоиш оид ба таҳияи маҳсулоти сайёҳӣ

Россия нахусткайҳоннаварди арабро бо ғизои махсус таъмин месозад

Зиёни иқтисодии Гурҷистон аз коҳиши сайёҳони рус беш аз $700 миллион хоҳад шуд

Дар Қазоқистон то соли 2021 нияти ифтитоҳи 20 мактаби олӣ ва 180 коллеҷро доранд

СММ: "Қирғизистон нахустин кишварест, ки мушкили бешаҳрвандиро ҳал кард"

Зеленский пурра иҷро кардани созишномаи Минскро ваъда дод

Ҷаҳон дар як сатр

04.07.2019


Ҷаласаи Комиссияи муштараки ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Покистон

Масъалаи татбиқи ҳамгироии сиёсати давлатии ҷавонон баррасӣ гардид


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед