logo

иҷтимоиёт

«КАЙ СОҲИБИ МАЙДОНЧАИ ВАРЗИШӢ МЕШАВЕМ?»

Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Хатлон мақолаи «Кай соҳиби майдончаи варзишӣ мешавем?»-и З. Акрамовро, ки дар  рӯзномаи «Ҷумҳурият» 30  июни соли равон  ба табъ расидааст, мавриди баррасӣ қарор дод.
Боиси тазаккур аст, ки мувофиқи қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби заминҳои корам ҷудо намудани қитъаҳои замин барои ҳар гуна иншоот манъ аст. Аз ин лиҳоз, алҳол дар деҳаи Восеъободи Ҷамоати деҳоти ба номи Абдӣ Авазови ноҳияи Восеъ барои бунёди майдончаҳои варзишӣ имконият нест, зеро майдони умумии заминҳои он 131 гектарро  ташкил медиҳад, ки ба категорияи заминҳои корами обӣ дохил шуда, ба хоҷагиҳои деҳқонӣ  мансуб мебошанд.
Қатъи назар аз ин, дар ноҳияи Восеъ барои рушди варзиш, хусусан футбол, тамоми шароитҳо муҳайё буда, барои сохтмони иншоотҳои варзишӣ соҳибкорон ва шахсони саховатпеша ҷалб карда мешаванд. Айни ҳол аз ҷониби соҳибкорон 2 майдончаи варзишӣ барои бозии футбол сохта шуда истодааст.
Инчунин, дар маркази ноҳия варзишгоҳи марказӣ барои 3000 ҷойи нишаст ва майдончаи хурди варзишӣ барои футбол бо 300 ҷойи нишаст вуҷуд доранд, ки масофаи онҳо то деҳаи Восеъобод ҳамагӣ 1,5 километрро ташкил медиҳад. Дар баробари ин, дар наз-дикии деҳаи Восеъобод сохтмони  бузурги варзишии ноҳия барои 20 ҳазор ҷойи нишаст идома дорад.
Бо вуҷуди ин, раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Хатлон мувофиқи имкониятҳои мавҷуда дар оянда ҷиҳати бунёди майдончаҳои варзишӣ дар деҳаи Восеъободи ноҳияи Восеъ тадбирҳои заруриро роҳандозӣ хоҳад кард.
Ф. АБДУЛЛОЗОДА,
сардори раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Хатлон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 30.08.2017    №: 185    Мутолиа карданд: 484

19.02.2019


МАКТАБИ ДАВЛАТДОРИИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН. ЯК ҲАМОИШИ МУҲИМ

Баррасии масъалаҳои рушди сайёҳӣ

Вохӯрии Низомиддин Зоҳидӣ бо Мазен Шамия

Дурнамои рушди муносибатҳо матраҳ гардид

ҶОМИ КУШОДАИ АВРУПО. Муҳаммадризо Қувватов медали биринҷӣ ба даст овард

Авҷи ниҳолшинонӣ

Саҳми соҳибкорон дар ободии деҳот

Ҳамкории тиҷоратию иқтисодии Чин ва Россия густурдатар мегардад

Сарвар Дониш: «Музокироти сулҳ бидуни ҳукумат қурбе надорад»

«Туҳфаи шоҳона» - и Арабистони Саудӣ ба шаҳрвандони Покистон

Дар Қазоқистон маркази амнияти иттилоотӣ ифтитоҳ меёбад

Сокини навраси Шимкент ду нафарро аз сӯхтор наҷот дод

Ҷаҳон дар як сатр

18.02.2019


Боздиди Азим Иброҳим аз ҷараёни корҳои сохтмонӣ

ВКД Ҷиноятҳо 83,6 дарсад ошкор шуданд

Вазорати молия. Барои дастгирии буҷет маблағи бештар ҷалб хоҳад гашт

«BISHKEK OPEN – 2019». Дурахши каратэ-дочиёни навраси тоҷик

«МОҲИЯТ ВА ТАЪЙИНОТИ МАТБУОТИ МАҲАЛЛӢ»

РОҒУН. Ободонӣ вусъат меёбад

АНДОЗ. Нақша 100, 6 дарсад иҷро гардид

ТОҶИКИСТОНУ ӮЗБЕКИСТОН. Гардиши савдо ду баробар афзуд

Тоҷикистон миёни кишварҳои ИДМ ба афзоиши баландтарини ММД муваффақ гашт

Дар Тошканд конфронси байналмилалӣ оид ба Осиёи Марказӣ баргузор мегардад

Қасри сафед: "Музокироти тиҷоратӣ дар Пекин ба пешравӣ мусоидат кард"

Трамп мехоҳад ҷангиёни «Давлати исломӣ» - ро ба Аврупо барои суд кардан баргардонад

Кумитаи амнияти иттилоотии Қазоқистон беш аз 90 сомонаи хавфнокро ошкор сохт

Ҷаҳон дар як сатр

15.02.2019


ШАМШЕРБОЗӢ. ИШТИРОКИ ВАРЗИШГАРОНИ МО ДАР ЧЕМПИОНАТИ КУШОДИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Дар Душанбе ташкили низоми муттаҳидаи мудофиаи зиддиҳавоӣ баррасӣ шуд

Дар чор сол муомилоти мол байни Тоҷикистону Ӯзбекистон 19 маротиба афзуд

Медведев: «Таҳримоти ИМА ба иқтисоди Россия таъсири чандон бузург расонда наметавонад»

Пентагон. ИМА аз Афғонистон ҳамроҳи иттифоқчиёнаш меравад

13.02.2019


2018. Сиёсати хориҷии Тоҷикистон пурбарор буд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед