logo

иқтисод

ДУШАНБЕ. МУШКИЛОТ ДАР ПАСКӮЧАҲО НИЗ БАРТАРАФ МЕГАРДАД!

Корҳои сохтмонӣ дар иншооти «Азнавсозии кӯчаи М. Маҳмадалӣ (аз кӯчаи Карин Манн то кӯчаи А. Қаҳҳоров) дар асоси қарори раиси шаҳри Душанбе аз моҳи январи соли 2017 инҷониб идома дорад. Айни замон дар иншоот корҳои васли ҷӯйборҳои оҳану бетонӣ, васли канорасангҳои роҳи автомобилгард ва пиёдароҳҳо, хобондани ноқилҳои барқӣ, ноқилҳои алоқа ва равшании беруна анҷом ёфтаанд.
Айни ҳол Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Сохтмону таъмир» ба мустаҳкамсозии таҳкурсии 300 километр роҳ бо қабат – қабат рехтани қуму шағал машғул мебошад. Бахтиёр Хоҷаев, муҳандис – коргузори қитъаи мазкур, иброз намуд, ки ҷараёни корҳои сохтмонӣ, дар маҷмӯъ 70 дарсади иҷрои нақшаро ташкил медиҳанд. Аз 1,87 километр роҳ сохтмони 0,4 километр пурра ба итмом расид. – Нақша дорем, сохтмони кӯчаи М. Маҳмадалиро бо назардошти иҷрои бомуваффақи кори роҳсозон дар муҳлати кӯтоҳтарин ба итмом расонем, - гуфт ӯ.
Дар ин бора аз муассисаи давлатии «Раёсати сохтмон, азнавсозӣ ва таъмири роҳу кӯпрукҳои шаҳри Душанбе» иттилоъ доданд, ки «баистифодадиҳии пеш аз муҳлати иншоот маънои онро надорад, ки корҳои анҷомёфта бесифатанд. Баръакс, дар раванди бунёд ва азнавсозии қитъаи мазкур таваҷҷуҳи асосӣ ба сифати кор дода шуд. Бартараф кардани якчанд мушкили - иншоотҳои сади роҳи корҳои сохтмонӣ буда суръати корро тезонд. Барои иҷрои яке аз талаботи асосии роҳсозӣ – васеъ кардани роҳ 12 иншоот ва хонаву биноҳои ёрирасон  халал ворид карданд. Ин масъала бо розигии соҳибмулкон ва пардохти ҷуброни зарари амвол ҳалли барвақтии худро ёфта, масоҳати 1088,2 метри мераббаъ замини сохтмон барои эҳтиёҷоти ҷамъиятӣ, яъне васеъ намудани роҳи автомобилгард равона гардид. Ғайр аз ин, аз ҷониби пудратчӣ ба оилаҳои камбизоат барои сохтмони деворҳои иҳотавӣ ёрӣ расонда шуд. Дар рафти иҷрои корҳои сохтмонӣ, ҳамчунин аз ҷониби шабакаҳои муҳандисии шаҳри Душанбе ҳамкории зич ба роҳ монда шуд, то ин ки масъалаҳои дар рафти сохтмон пешомада ҳалли саривақтии худро ёбанд. Бунёди кӯчаву шаҳрак бо назардошти расидан ба ҳадафи олии давлату Ҳукумат – фароҳам овардани шароит барои зиндагии шоистаи сокинон ва ба меъёрҳои ҷаҳонӣ мутобиқ гардондани шаҳри Душанбе ба роҳ монда мешавад. Дар баробари бунёди роҳи олисифат ва дигар инфрасохтори коммуникатсионӣ сабзкории роҳу гулгаштҳо бо таъмини равшанӣ яке аз талаботи асосии шаҳрдорӣ ба ҳисоб меравад. Аз ин рӯ, дар кӯчаи навбунёд сабзкории канори роҳ дар дарозии 1 470 метр бо шинондани дарахту буттаҳо дар назар дошта шудааст. Ҳамчунин, насби чароғаки роҳнамо дар як қитъа бо 126 адад аломати бехатарии роҳ дар ободу зебо гардидани пойтахт нақши муҳим мегузорад.
О. ВАФОБЕК, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 30.08.2017    №: 185    Мутолиа карданд: 372

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад

ЭКСПО дар Шанхай: шартномаҳо ба маблағи қариб $60 миллиард ба тасвиб расиданд

Сӯхтори ҷангал дар Калифорния боиси ҳалокати 25 нафар гашт

Ҷаҳон дар як сатр

ВАХШ. Суратҳисоби бонкӣ барои ятимон

ОЛИМПИАДАИ “GENIUSKIDS – 2018” 35 медали хонандагони тоҷик

САМБО. Хушқадам Хусравов – қаҳрамони ҷаҳон

09.11.2018


Ҳамоишҳои ҷавонон бахшида ба Рӯзи Президент

Баррасии масоили рушди ҳамкориҳо

Мулоқоти Юсуф Раҳмон бо Кристофер Рэй

Таъсиси гурӯҳи корӣ баҳри иҷрои «Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Душанбе барои давраи то соли 2025»

Давлаталӣ Саид дар Корея

20-умин конфронси расонаҳои Осиёи Марказӣ дар Остона баргузор шуд

«Толибон» рӯйхати иштирокдорони мушовараи Москваро интишор дод

Таърихшиноси фаронсавӣ ба Макрон нақши Россияро дар наҷоти Аврупо хотиррасон кард

Ҷаҳон дар як сатр

"TASHKENT GRAND PRIX" ИШТИРОКИ ПАҲЛАВОНОНИ ТОҶИК ДАР ОН

"Истиқлол" бори ҳафтум чемпиони Тоҷикистон шуд!

08.11.2018


ШАҲРИСТОН. Бунёди 68 иншооти нав

ГУЛИСТОН. Бунёди майдони Парчами давлатӣ ва навсозии кӯдакистони “Дилноз”

Вусъати созандагӣ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

ХУҶАНД. Ифтитоҳи маҷмааи фитнеси занона

НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ. Муассисаҳои таълимӣ ба фасли сармо омодаанд

“АРБОБОНИ ИЛМИ ТОҶИК”

Бо хоҳиши Макрон вохӯрии муфассали Путин ва Трамп баргузор намешавад

Толибон нияти иштирок дар музокироти сулҳи Москваро доранд

Дар 40 соли ислоҳот савдои берунаи Чин 670 маротиба афзуд

Деҳлӣ ҳавои ифлосро бо борони сунъӣ тоза карданист

Ҷаҳон дар як сатр

МАРҲИЛАИ ИНТИХОБИИ ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ – 2020. Ҳарифони мунтахаби Тоҷикистон (U-23) муайян шуданд

07.11.2018


Маҷлиси тантанавӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия

Мулоқоти Рамазон Раҳимзода бо Абдулазиз ибни Сауд

Пулҳои миллӣ бо такмили унсурҳои ҳимоя


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед