logo

сиёсат

СИПОСНОМА. БА АСОСГУЗОРИ СУЛҲУ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ – ПЕШВОИ МИЛЛАТ, ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН АЗ ИШТИРОКЧИЁНИ РӮЗҲОИ ФАРҲАНГИ ВИЛОЯТИ МУХТОРИ КӮҲИСТОНИ БАДАХШОН ДАР ВИЛОЯТИ СУҒД

Муҳтарам Пешвои миллат!
Мо – беш аз 800 нафар зодагони Бадахшон бо дастуру ҳидояти Шумо дар доираи рӯзҳои фарҳангӣ дар вилояти Суғд тӯли як ҳафта қарор доштем. Нахуст тавассути он шоҳроҳе, ки дар вазъи душвори сиёсию иқтисодии кишвар сохтед, ба Хатлон расидем. Бори дигар бештару беҳтар дарёфтем, ки ин шоҳроҳ, воқеан, пайвандгари ҳақиқии сокинони манотиқи гуногуни Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошад. Шумо, дар ҳақиқат, барои расидан ба ваҳдати воқеӣ ва пойдор мондани он заҳмат кашидаеду талошҳо намудаед ва моро зарур аст, ки барои ин ҳама шукргузор бошем.
Моро дӯстону бародарони хатлонӣ дар Хуррамшаҳр бо самимият, меҳру муҳаббати беандоза, бо иҷрои расми меҳмоннавозии хосса истиқбол карданд. Дарк намудему фаҳмидем, ки ин як чорабинии одӣ набудааст. Шумо бо ин тадбир моро ба боғи пур аз меваи шаҳдбори ваҳдати миллӣ ворид намудед. Шукӯҳи ин боғро, ки барои мардуми кишвари азизамон бунёд сохтаед, дидему эҳсос намудем ва бо меваҳои шаҳдбораш ком ширин кардем.
Ҳар тоҷику тоҷикистонӣ хуб медонад, ки барои расидан ба ин рӯзҳои хушу пурсаодат чӣ гуна бо аз худгузаштанҳо саъю талоши зиёд намудаед. Бар асари он имрӯз бо амну осоиш дар канори ҳамдигар таронаи ваҳдат мехонем. Аз суҳбатҳо бо мардумони сарбаланди вилоятҳои Хатлону Суғд бори дигар эҳсос намудем, ки Шуморо дар саросари кишвар самимона дӯст медоранд ва сиёсати хирадмандонаву дурандешонаатонро ҳамеша дастгирӣ мекунанд. Дар ин лаҳзаҳои ҳассосу пур аз шодиву нишот бори дигар эҳсос намудем, ки дар ҳақиқат:
Як пора Ватан водии Хатлон бошад,
Як пора дигар Суғду Бадахшон бошад.
Пайваста Ҳисору Рашт то Бурхи Валӣ,
Ин модари кулл – Тоҷикистон бошад.
Аз қабули гарму самимӣ, ташкили сатҳи баланди чорабиниҳои фарҳангӣ ва меҳмоннавозию муҳаббати бепоёни мардуми вилояти Суғд, ки аз дастуру ҳидоятҳои инсонпарваронаи Шумо сарчашма гирифтаанд, шод ва миннатдор гаштем. Мо он нону намакеро, ки аз дастархони хоҳарону бародарони суғдӣ чашидему хӯрдем, ҳамеша пос хоҳем дошт.
Таассуроти мо аз ин сафари ваҳдатафзо хеле рангину хотирмон аст. Бо истифода аз ин фурсати муносиб аз номи тамоми мардуми сарбаланди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба Шумо, Пешвои муаззами миллат, барои ин ташаббусу иқдоми бузург арзи сипоси беандоза баён намуда, сарбаландиву комёбӣ ва давлати ҷовидонаро бароятон таманно мекунем ва мегӯем: зиҳӣ, эй фарзонафарзанди миллат, ки тавонистед бо талошу ҷонбозиҳои беназир миллати парешонгаштаи тоҷикро ба ҳам оваред, ки имрӯз аз самараи неки ваҳдат тоҷикону тоҷикистониён дар ҳар гӯшаи кишвари соҳибистиқлоламон бархӯрдоранд!


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 30.08.2017    №: 185    Мутолиа карданд: 406

17.01.2019


Тамдиди шартномаи ФФТ бо "Сомон Эйр"

60 ДАРАҶА ХУНУКӢ ВА ДАВИ 50 - КИЛОМЕТРАИ ЭКСТРЕМАЛИ МОЛДАВӢ

16.01.2019


Пирӯзии мунтахаби Тоҷикистон бар Эрон

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Роҳандозии моратории дусола дар Тоҷикистон

Нақшаи Brexit дар парламенти Британия рад карда шуд

Кремл роҳи ҳалли буҳрони Украинаро пешниҳод намуд

Ифтитоҳи онлайн-донишгоҳ барои гурезаҳо дар Италия

15.01.2019


Ҷаласаи ҷамъбастӣ таҳти раёсати муовини Сарвазири мамлакат

Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Абдулазиз Комилов

Ёдгор Файзов: «Соли 2018 соли таҳкими волоияти қонун дар Бадахшон буд»

ХУҶАНД. 1548 медали варзишгарон дар як сол

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Созишномаи сулҳ – мавзӯи асосии мулоқоти Путин ва Абэ хоҳад шуд

Савдои хориҷии Чин соли 2018 натиҷаи рекордӣ нишон дод

Дар Алмаато гурӯҳи хориҷиёни террорист боздошт шуд

То соли 2024 аҳолии Қирғизистон бо оби ошомиданӣ пурра таъмин мешавад

10.01.2019


Дар Саразм осорхона ва меҳмонхонаи замонавӣ бунёд мешаванд

Вохӯрии Парвиз Давлатзода бо Владимир Норов

Ҷаласаи Шӯрои кор бо ҷавонон

“ГАНҶИ СУХАН” – маҳфили адибпарвар

РӮШОН. Ифтитоҳи маркази дуошёнаи савдо

Муҳаммад Салоҳ – беҳтарин футболбози Африқо

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Самарқанд мизбони нахустмулоқоти «Ҳиндустон – Осиёи Марказӣ»

Баргардондани 47 шаҳрванди Қазоқистон аз Сурия

Остона ба гузарондани Ҳамоиши ҷаҳонии туризми шаҳрӣ омодагӣ мегирад

Дар Беларус бори нахуст ҳукми қатл содир шуд

09.01.2019


Таҷлили 110 - солагии аллома Бобоҷон Ғафуров

GLOBE SOCCER AWARDS. Беҳтаринҳоро муайян кард

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Дар Пекин музокироти тиҷоратии ИМА ва Чин мегузарад

Эрдуғон пирӯзӣ бар террористони «Давлати исломӣ» - ро эълом дошт

Разведкаи Сурия дар ҳафт сол 80 саркардаи исломиро нест кард


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед