logo

Хабарҳо

Масоили экологӣ ва таъсири он ба рушди иқтисод

Бо ташаббуси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Комиссияи иқтисодии аврупоии СММ чанде пеш дар меҳмонхонаи «Серена» - и пойтахт дар мавзӯи «Муаррифии «Хулосаҳои шарҳи 3 - юми самаранокӣ ва фаъолияти экологии Тоҷикистон» мизи мудаввар баргузор гардид.
Дар кори он як қатор коршиносони соҳа ширкат ва суханронӣ намуда,  масъалаҳои вобаста ба таҳдидҳои экологӣ, сиёсати давлатӣ дар соҳаи ҳифзи муҳити зист, асноди ҳуқуқии соҳа, коркарди партовҳо ва гуногунии биологиро мавриди баррасӣ қарор доданд. Зикр гардид, ки ҳалли масъалаҳои рушди соҳаҳои кишоварзӣ, энергетика, нақлиёт ва тандурустӣ бе ҳалли масоили экологӣ ғайриимкон аст. Ба ин хотир, кишварҳои алоҳида  ба ҳифзи  муҳити зист ва мушкилоти вобаста ба он бояд  таваҷҷуҳи хосса зоҳир намоянд. 
Дар доираи ҷаласа, ҳамчунин, раванди иҷрои барномаи самаранокии фаъолияти экологии Комиссияи иқтисодии СММ баррасӣ  гардид. Ойхон Шарифова, муовини раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷуҳурии Тоҷикистон, гуфт, ки барномаи мазкур пешравии ин ё он кишварро дар ҳамоҳангсозии рушди иқтисодӣ ва ҳалли масъалаҳои вобаста ба ҳифзи муҳити зист баҳо медиҳад. Дар ин раванд риояи уҳдадориҳои байналмилалӣ оид ба масъалаҳои экологӣ хеле муҳим мебошад. Барномаи мазкур ба рушди сиёсати экологии кишвари мо низ мусоидат хоҳад намуд. Ҳамоҳангсози комиссия Юлия Тромбитская таъкид  намуд, ки масъалаҳои ҳифзи ҳавои атмосфера, идораи оқилонаи захираҳои об ва коркарди партовҳо низ аз масоили муҳими таҳқиқшаванда мебошанд.
Қурбон АҲМАДЗОД, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 259

19.02.2018


Сироҷиддин Аслов бо Валбурга Рос мулоқот намуд

Муносибатҳои тиҷоратию иқтисодӣ бо Япония густариш меёбанд

Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе ба стандартҳои ҷаҳонӣ мутобиқ мешавад

Барориши нахустини коғазҳои қиматнок ба иқтисоди кишвар 500 миллион доллар ворид намуд

Нуъмон Абдуғаффорзода: "Ба шарофати имтиёзҳои андозию гумрукӣ инфрасохтори сайёҳӣ рушд меёбад"

Ҷаҳон дар як сатр

Масъулияти куштори одамон дар Қизлярро «ДИ» ба зимма гирифт

ИА воридсозии сулҳофарон ба Донбассро воситаи қатъи таҳрими зиддирусӣ мешуморад

Мексика дар 33 мунитсипалитет ҳолати фавқулода роҳандозӣ кард

Садамаи чархбол боиси марги 13 нафар гашт

Дар Венесуэла ҳавопаймо ба болои хона афтид

Варзиш

17.02.2018


Сироҷиддин Аслов бо Ясмин Гуедар мулоқот намуд

Баррасии рушди муносибатҳои Тоҷикистону Озарбойҷон

Густариши ҳамкориҳо дар соҳаи сайёҳӣ

Ванҷ. Корҳои ободонӣ вусъат меёбанд

ХАТЛОН. Ба ҳунар арҷ мегузоранд

ИШКОШИМ. Беморон таҳти назорат қарор доранд

Хадамот ба буҷети мамлакат 92799, 26 сомонӣ ворид намуд

"ТОҶИК – ЭЙР". Камбудиҳо бартараф мешаванд

АГЕНТИИ ОМОР. Пешниҳоди шакли нави ҳисоботи ҷойҳои кории навтаъсис

Шералӣ Сиддиқзода: "Шароити муосири таҳсилро фароҳам меорем"

Агентӣ 1980 ҷинояти коррупсиониро ошкор кард

Бекоршавии ақди никоҳ аз мушкилоти мубрам боқӣ мемонад

14.02.2018


ҲИСОР. Аз таъмини дурнамои пахта то иҷрои барзиёди даромади буҷет

КБА яхбандиро сабаби садамаи ҳавопаймои Ан-148 номид

СММ: «Гурезаҳои Мянмаро фоҷиаи нав дар пеш аст»

Ҳиҷрат ба Аврупо тавассути баҳри Миёназамин коҳиш ёфт

Дар Қирғизистон мубориза бо коррупсия миёни қудратиён сахттар мешавад

Қатар барои дучархаронҳо роҳҳои нав месозад

13.02.2018


Баргузории ҷаласаи Шӯро оид ба шарикии давлат ва бахши хусусӣ

Тоҷикистону Қазоқистон Масоили мубрами ҳамкориҳо матраҳ гаштанд

Рушди муносибатҳои Тоҷикистону Қатар

Ширкати "Хитойатом" "Аргус"-ро маблағгузорӣ хоҳад кард


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед